» Материалы за 08.07.2015
на правах рекламы

Маълумотномаи Озмоишгох

Муҳарир: archive аз 8-07-2015, 19:52
Маълумотномаи Озмоишгоҳ

Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар асоси фармони Сардори Идораи бойгонии назди Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон, таҳти №163 р аз 1 апрели соли 1959 ташкил ёфта, дар фаъолияти худ ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар фаъолияти худ қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кори бойгонӣ, фармоишҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур амал қарор медиҳад. Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дорои бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ мебошад. Номи расми: «Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ванусхабардории ҳуҷҷатҳо» мебошад.

Фаъолияти Озмоишгох

Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо бо ин мақсадҳо ташкил карда шудааст: Аз нав барқароркунии маводҳои қоғазии Хазинаи Бойгонии Миллӣ; Супоридани ҳуҷҷатҳо барои ба шакли электронӣ гузаронидан; Духтан ва муқовабандии ҳуҷҷатҳо; Ба бойгониҳои идоравию байниидоравӣ пешниҳод намудани дастуру тавсияҳои методӣ.

Ҳуқуқҳои Озмоишгох

Барои иҷро кардани мақсадҳои низомномавӣ Озмоишгоҳ ҳуқуқ дорад:Оид ба масъалаҳои ба тартиб оварӣ, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ташкилӣ ҳуҷҷатҳо дар коргузорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва фардӣ. Аз рӯи тартиби муқараршуда аз роҳбарият талаб намудани таъмини шароити мусоид барои меҳнати босамар,таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ.Бо ризоияти Саридораи бойгонӣ равон намудани кормандони Озмоишгоҳ ба кишварҳои хориҷ баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи корӣ. Омузонидани донишҷуёни таҷрибаомӯз бо кору фаъолияти Озмоишгоҳ. Дар кори ҷаласаи назди сардор ва ҷаласаҳои умумӣ,конференсияҳои илмӣ,семинар машваратҳо ,ҷаласаҳои ки дар Саридораи бойгонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, фаъолона иштирок намуда оиди фаъолияти Озмоишгоҳ маълумотҳо пешниҳод намоянд.Озмоишгоҳ ӯҳдадораст: Фаъолияти худро мутобиқи нақшаи солонаи кор, ки аз ҷониби Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, пешбарад ва дар мӯҳлати муайянкардашуда ҳисобот диҳад; Шароити бехатарии меҳнатро барои кормандон таъмин намояд, барои расонидани зарар ба саломатӣ ва қобили кори онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад;

Вазифаҳои асосии Озмоишгоҳ

Таъмир, муқовабандӣ, таъмири ҷузъӣ ва ширешбандии ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазоратҳо,идораю ташкилотҳо, муассисаҳо ворид шуда аз нав таъмиру тармим шуда духта мешаванд,ки чунин намуди корҳоро дар бар мегирад:
Кушода буридани ресмонҳои парвандаҳо ва гузаронидани ин маводҳо ба шакли электронӣ;
Нест намудани мағор аз ширеши пешина;
Варақ ба варақ аз чанг тоза намудан бо чутка;
Мустаҳкам намудани асоси ҳуҷҷат;
Илова намудани ҷои шерозбандии китоб;
Ҷо ба ҷо гузории варақҳо;
Хушк намудани ҳуҷҷатҳо;
Сӯрох намудани ҳуҷҷатҳо;
Дӯхтан ва муқовабандии ҳуҷҷатҳо;
Таьмири( рестовратсияи) ҳуҷҷатҳо;
Ба тартиб овардани муқоваҳо;
Буридан ва захираи картон барои муқовабандӣ;
Буридан ва захираи қоғаз барои муқовабандӣ;

Маълумотномаи бойгони маркази давлати

Муҳарир: archive аз 8-07-2015, 19:07
Маълумотномаи бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба бойгониҳои марказии давлатӣ таалуқ дошта,тибқи моддаи 6-и Қонуни мазкур ба таркиби муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-марти соли 1941 таҳти №723 бо қарори Шурои комисарони халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалисти ҳамчун архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон ташкил шуда, дар фаъолияти худ ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кори бойгонӣ,фармонҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дастури амал қарор медиҳад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсӣ ҳуқуқӣ буда,дорои моликият,муҳр ва бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ мебошад. Номи расмӣ «Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Фаъолияти Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсадҳо ташкил карда шудааст:
-ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ:
-амалигардонии баҳисобгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ:
-сохтан ва мукаммал кардани дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ ва маҳзанҳои маълумотҳо дар бораи ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонӣ:
-иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ,ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар бораи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ.
-истифода ва нашри ҳуҷҷатҳои бойгонӣ.-ташкили корҳои илмӣ-тадқиқоти ва методӣ оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣ,ҳуҷҷатшиносӣ ва археография,ҷорӣ кардани техналогия ва малакаҳои пешқадам дар кори бойгонӣ.-ҳамчун маркази илмӣ-методӣ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ, расонидани ёрии методӣ ба филиалҳои бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -оид ба масъалаҳои ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузорӣ, гузаронидани ташхис ва ба рӯйхатгирии парвандаҳои бойгонӣ расонидани ёрӣ ба мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо-манбаҳои пуркунии бойгон. Барои расидан ба ин мақсадҳо БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро ба амал меорад; -нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои дар бойгон маҳфуз бударо таъмин мекунад; -комплекси чорабиниҳоро оид ба беҳдошти ҳолати физикии ҳуҷҷатҳоро мегузаронад, онҳоро таъмир мекунад, пеши пӯсидану вайрон шуданашонро мегирад. Ҳуҷҷатҳои қимматноки хазинаҳоро зоҳир карда ба ҳисоб мегирад,ба онҳо нусхаҳои эҳтиётӣ тайёр мекунад.Ташхиси илмӣ,таърихӣ ва таҷрибавии ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгониро мегузаронад.Қоидаҳои замонавии нигоҳдорӣ,тармим ва ҳифзи ҳуҷҷатҳоро меомӯзад ва дар таҷрибаи кор татбиқ менамояд. -рӯйхати мақомотҳои давлатӣ,муассисаҳо,ташкилотҳои ҷамъиятӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта-манбаҳои пуркунии Хазинаи бойгонии миллӣ-ро таҳия месозад.Оид ба ташхиси ҳуҷҷатҳо ва ба руйхатгирии парвандаҳои бойгонӣ ба ташкилотҳо,бо тарзи шартномавӣ,ёрии амалӣ мерасонад. -тибқи қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи бойгонӣ оид ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ташкилотҳо ва корхонаҳои ғайридавлатӣ чорабиниҳо мегузаронад. -бо назардошти дараҷаи истифодабарии ҳуҷҷатҳо якҷоя бо коркарди илмӣ-техникии парвандаҳои хазинаҳо,дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ(маълумотномаи таърихӣ дар бораи хазина ва руйхати парвандаҳо)-ро такмил медиҳад. -барои таъмини ҷустуҷӯи маълумот оид ба ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгон каталогҳои мавзӯи ва бонки маҳзанҳои электронӣ таҳия месозад. -доир ба пешниҳоди маълумотҳои ҳуҷҷатӣ оид ба масъалаҳои актуалии сиёсӣ,иқтисодӣ,илмӣ,иҷтимои-фарҳангӣ,мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ,ташкилотҳои илмӣ,воситаҳои ахбори омма ва дигар муассисаҳо ҳамкорӣ менамояд. -барои омӯзиш ба тадқиқотчиён дар толори хониш ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо,маълумотҳо оид ба таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳоро пешниҳод менамояд. -дархостҳои ташкилотҳо ва муроҷиати шаҳрвандонро иҷро намуда дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуд буда ба онҳо маълумотномаҳои бойгонӣ,нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз ҳуҷҷатҳо пешниҳод менамояд. -мустақилона маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо,маълумотномаҳо дар бораи ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳо,маҷмӯи каталогҳои бойгониро таҳия менамояд. -оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣ ва археография дар ҳамкорӣ бо дигар бойгониҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда маърӯзаҳои илмӣ,дастурамалҳо ва маводҳои илмӣ-методӣ тайёр мекунад. -чорабиниҳо оид ба таҷрибаивазкунии кормандони бойгонӣ ва филиалҳоро бо бойгониҳои давлатӣ ва байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ ташкил намуда мегузаронад. -тибқӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа,таҷрибаи пешқадами кори бойгониҳои ватанӣ ва хориҷиро омӯхта,методҳои муосири замонавиро ҷорӣ менамояд.
Таркиби ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба таркиби ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хазинаҳои бойгонӣ, ҳуҷҷатҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ, ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии вазорату идораҳо ва ташкилотҳое таҷдид гардида ва ё ба дигар шакли моликият гузаштааст, новобаста аз шакли моликият дохил мешавад. -ҳуҷҷатҳое,ки дар асоси фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ,прокуратура,суд,суди иқтисодӣ,муассисаҳо,ташкилотҳо ва корхонаҳои давлатӣ,иттиҳодияҳои ғайридавлати(ширкатҳо,ҷамъиятҳо ва ғ) таҳия шудаанд.
-ҳуҷҷатҳои ӣлмӣ-техникӣ ва лоиҳавӣ-конструкторӣ. -ҳуҷҷатҳои электронӣ. -ёдгориҳои ҳуҷҷатии таърихӣ. -ҳуҷҷатҳо ва хотираҳои шахсони таърихӣ,сиёсӣ,қахрамонони меҳнат ва ҶБВ.
-нусхаҳои ба асл баробари ҳуҷҷатҳо,хазинаҳои эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои қимматнок.
-ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии давлатӣ,маълумотномаҳо ва роҳнамои хазинаҳо,маҷмӯи каталогҳо,маҳзанҳои электронии маълумотҳо,ки ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонро мекушоянд.

Маълумотномаи бойгони маркази давлатии хуччатхои аксу садо

Муҳарир: archive аз 8-07-2015, 18:46
Маълумотномаи Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-августи соли 1971 дар асоси фармони Сардори идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон бо фармони №6 аз 14-июни соли 1971 ба фаъолият оғоз кардааст. Мақсади бойгони, комплекткунӣ, нигохдории суратҳои ҳуҷҷатӣ, сабти овозҳо тавсифи онҳо, муратабсозӣ, феҳресткунонӣ, коркарди илмӣ-техникӣ, барқароркунӣ бо мақсадҳои хоҷагии халқ, ташвиқи тарғиботӣ ва илмӣ ба шумор меравад.Воқеоти таърихӣ дар солнома, асарҳои муаррихон сабт шуда то ба имрӯз дастраси мо гардидаанд, Бозёфтҳои илму техника имкон медиҳад, ки он на танҳо рӯи қоғаз сабт, балки дар шакли воқеи, бо таври зинда нигоҳдорӣ шаванд. Маҳфуздорандаи таърихӣ давлату давлатдорӣ ва халқияту миллат бойгониҳо ба шумор мераванд. Бойгонӣ хамчун радифи ивазнашавандаи давлат аз замони зуҳури давлат ба вуҷуд омада, ба он рушд менамояд. Саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик дар Бойгонии марказии давлатии хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз буда, инъикоси худро аз солҳои 20-уми асри XX то имрӯз дарёфтаанд.Расму суратҳо асосан аз вазоратҳо, осорхонаҳо, муассисаҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ, лоҳиакашӣ, мактабҳои олӣ, театрҳо, редаксияи рӯзномаву маҷалаҳо ва МИТ «Ховар» ба бойгонӣ ворид мешаванд. Дар онҳо инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баҳри бунёди ҷомеаи шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо тамоми шарофият ва аслият ба амал бароварда шудааст. Дар заминаи суратҳуҷҷатҳо мо ба таври равшан возеҳ, муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷикро барои барқарор, мустаҳкам ва рушди сохтори давлатдории хеш, қадамҳои устуворонаи фарзандони машҳури халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомали Раҳмонов дар роҳи созандагию ободӣ ва гулгулшукуфии кишвар, таъғиротҳои бузурги ичтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, барқароршавӣ ва густариши муносибатҳои дохилию хориҷӣ ва монанди инро дида метавонем. Суратҳуҷҷатҳо инъикоскунандаи бевоситаи симои қаҳрамонони ҷангу меҳнат, нахустин кормандони маҳалии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, омаданӣ аввалин трактору автомобиль, аэроплан, қатора, сохтмонҳои азими хоҷагии халки Тоҷикистон ба шумор рафта, моро баҳри хештаншиносӣ ҳидоят карда, барои бунёди ҷомеаи пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мекунад. Нахустин кори киносозони тоҷик В. Кузмин, А. Шевич, ва А. Гезулин- «Омадани аввалин поезд ба Душанбе», ки ҳанӯз соли 1929 ба навор гирифта шудааст аз экспонатҳои хеле пурқимат ба ҳисоб меравад. Умуман, он филмҳои хуҷҷатие, ки соли 1930-1940 ба монанди «Заминҷунбӣ дар Янгибозор», «Хуҷанди куҳан», «Дастгиркунии Иброҳимбек», «10-солагии Тоҷикистон», «Боми Ҷаҳон», «Шаҳри мо», «Нахустин интихобот», «Роҳ ба Помир», «Ҳайати Тоҷикистон дар фронти Ленинград», «Бозгашти ҷанговарон ба Ватан» ва ғайраҳо таҳия шудаанд, ва ба таъриху ташакули ҷумҳурии мо вобастаанд, дар бойгонӣ имрӯз ҳам маҳфузанд. Дар наворҳои синамо мо нутқҳои ҳароратбахши устод С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, табассуми ширини сулҳхоҳонаи М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода ва чеҳраи Ш. Шотемур, Ч. Имомов, Н. Махсум, Я. Афзалӣ, Г. Дяков, Ҷ. Зокиров, Юлдош- Командир, Муқим Султоновро дар суратҳои таърихӣ аз сабти овозҳо баромаду гуфторҳои Фазлиддин Шоҳобов, Шодназар Соҳибов, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Ғафуров ва дигаронро мебинему мешунавем, зеро хуҷҷат, расм ва навори синамо чун таърих дар ҳама гуна давр ва замон лозим шуда меистанд. Чун дар бойгонии мазкур асосан навори сабти садою симо ва аксҳо нигоҳ дошта мешавад, Мавқеи нисбатан муҳимро сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ дар инкишофи таърихнигории тоҷик бозӣ менамояд. Бойгониҳо далелҳои нисбатан арзишнокро медиҳанд, ки дар заминаи таҳлили ҳаматарафа ва умуман онҳо хулосабандиҳои илми таърих ба амал бароварда мешавад. Истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ бо мақсади ташвиқу тағриботӣ ва маданӣ - равшаннамоӣ имконият медиҳад, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, меҳнатдустӣ тарбият намуд. Дар ташакул ва пешравии кори Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи аввалин директорони Саридораи бойгонӣ Отаҷонов, Қаҳоров Негматулин мебошанд. Инчунин дар БМДҲАССҶТ ҳуҷҷатҳои садо ва овозҳои онҳо дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд, то ки наслҳои оянда аз ин ҳуҷҷатҳо истифода баранд ва дар бораи ин шахсони барӯманд маълумоти аниқу дақиқ дошта бошанд.

Дар БМДҲАССҶТ чунин ҳуҷҷатхо маҳфуздори карда мешаванд:

Суратҳуҷҷатҳо 140 ҳазор - пазитиву негатив, альбомҳо
Ҳуҷҷатҳои садо 4 900 овозҳо дар лентаҳои магнитӣ,пластинкаҳо
Ҳуҷҷатҳои синамо 12 ҳазор - дискҳо, видеокасетаҳо, лентаҳои магнитӣ.

Ҳамаги дар сомона: 6
»истифодабарандаи аъзо шуда: 0
ћеҳмон: 6