» Материалы за 14.09.2015
на правах рекламы

Рохбарияти Саридора

Муҳарир: archive аз 14-09-2015, 09:47
Рохбарияти Саридора
Мирсаидова Дилором Амоновна

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.12.2013 № 593 дар вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон таъин карда шудааст.
Соли таваллуд: 23.06.1969
Ҷои таваллуд: ш.Душанбе
Миллат: точик
Тахсилот: олӣ
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М.В.Ламаносов ш.Маскваро хатм кардааст
Ихтисос: таърихчӣ
Кадом забонхоро медонед: русӣ,англисӣ
Вакили халк аст ё не: не
Ба мукофотхои давлатӣ сарфароз карда шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор
Суроға: ш.Душанбе кӯчаи А.Навоӣ 3/2 ҳуҷраи 22

Кор ва фаъолияти собиқа :


Солҳои 1986-199 - Таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М.В.Ламаносов
Солҳои 1991-1993 - Ассистенти кафедраи «Таърихи сиёсӣ асри 20»
Солҳои 1993-1997 - Аспиранти таҳсили рӯзона
Солҳои 1997-1999 - Аспиранти кафедраи «Таърихи халқи тоҷик»
Солҳои 2004-(29.10.04) - Дотсенти кафедраи «Таърихи халқи тоҷик»
Солҳои 2004-2013 - Мудири шӯъбаи оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 06.декабри соли 2013 то ҳоло Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рохбарияти Саридора
Холмуродов Давлат

Аз 29 декабри соли 2006 №765 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Соли таваллуд 20 январи соли 1955
Ҷои таваллуд н.Дарвоз
Миллат тоҷик
Таҳсилот олӣ
-соли 1980 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
-Иитисос филолог,омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик
-Унвони илмӣ надорад
-Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
-Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
-Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудааст ё не бо медали «Барои хизмати шоиста»
-Вазъи оилавӣ оиладор
-Суроға ш.Душанбе
Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1972-1974- Донишҷуи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Солҳои 1974-1976- Хизмат дар сафи кувваҳои мусаллаҳ
Солҳои 1976-1980- Донишҷуи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Солҳои 1980-1986- Муҳаррири хурд, муҳаррири калон, муҳаррири илмии редаксияи таърихи КПСС, СССР ба Тоҷикистони Саридораи илмии энсиклопедияи совети тоҷик (ЭСТ)
Солҳои 1986-1990- Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1990-1993- Сармутахассиси шуъбаи тарҷума ва нашри корҳои Мудирияти корҳои Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1993-1995- Сармутахассиси шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1995-2005- Ёрдамчии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2006- Сармутахассиси шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз декабри соли 2006 то ҳоло- Муовини Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумот оид ба вазифахо ва самтхои фаъолият (мутобиқи Низомнома)

Муҳарир: archive аз 14-09-2015, 09:28
Маълумоти мухтасар оид ба вазифаҳо, ваколатҳо ва самтҳои фаъолият
(мутобиқи Низомнома ).

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, ки он қисми таркибии мероси таърихию фарҳангии ватанӣ ва ҷаҳонӣ буда, дорои захираҳои ахбори ҷомеа мебошад. Ваколатҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон : ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳавии Саридораи бойгонӣ, ки оид ба онҳо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, инчунин лоиҳаи нақшаи кори солона ва нишондиҳандаҳои пешбининамудаи фаъолияти Саридораи бойгониро пешниҳод менамояд;
Дар асос ва баҳри иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул менамояд:

- низомномаҳои намунавии бойгониҳои давлатӣ, соҳавӣ, идоравӣ ва байниидоравӣ;
- низомномаҳои комиссияи ташҳисию тафтишотӣ;
- тартиби кори комиссияҳои ташхисию тафтишотӣ;
- қоидаҳои кори бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ;
- дастурамалҳои коргузорӣ;
- номгӯи намунавии корҳо;
- дастурамали кори бойгониҳои байниидоравӣ;
- номгуи намунавӣ ва соҳавии ҳуҷҷатҳо;
- номгӯи кору хизматрасонӣ, ки аз ҷониби бойгониҳои давлатӣ дар асоси шартнома пешниҳод мегардад;
- тартиби ба ҷумҳурӣ ворид намудан ва аз дохили ҷумҳурӣ баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият, ба истиснои масъалаҳое, ки батанзимдарории ҳуқуқии онҳо мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад;

- Ташкили ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Назорат аз болои тартиби муқарраргардида ва супоридани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба бойгониҳои давлатӣ, инчунин ба осорхонаҳо ва китобхонаҳо;

- Ташкили корҳо оид ба ошкор намудани ҳуҷҷатҳои таърихии давлати Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатҳои хориҷӣ маҳфуз мебошанд ва бо матни асл ё нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳо таъмин намудани Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

- Ташкили баҳисобгирии давлатии марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ, осорхонаю китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд ва инчунин ба моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дохиланд.

- Ташкили корҳои коркарди илмӣ – техникии ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ дар асоси шартнома;

- Ташкили корҳо оид ба омодагии Хазинаи эҳтиётии нусхаҳои нодир, арзишнок ва дорои аҳамияти таъриҳӣ;

- Расонидани ёрии методию амалӣ дар корҳои таъминоти ҳифозат, ҷамъоварӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Таъминоти омодагӣ ва рушди тартиботи илмӣ-иттилоотӣ ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Роҳбарии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва методии муассисаҳои бойгониҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи бойгоншиносӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ;
- Бурдани назорати давлатӣ аз болои нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Саридораи бойгонӣ бо мақсади иҷрои ваколатҳо дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- Манбаъҳои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳоро Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин таркиби ҳуҷҷатҳоро;

- Гузаронидани тафтишоти кори хадамоти коргузорӣ ва бойгонидории вазорату идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият;

- Мувофиқа намудани қоидаҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои бойгонидорӣ ва коргузорӣ, ки аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст;

- Бурдани назорат аз болои кори мақомоти тобеи Саридораи бойгонӣ.

Дар айни ҳол шабакаи васеи муассисаҳои бойгонӣ амал мекунад, ки иборат аз 12 бойгонии давлатӣ ва 72 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аст.

Таърихи Саридора

Муҳарир: archive аз 14-09-2015, 09:06
Маълумонома дар бораи таърихи Саридора, нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи он (соли таъсисёбӣ, таҷдиди сохтор, зарурат, сабаб)


Таърихи Саридора: Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Саридора) ҳамчун Идораи марказии бойгонӣ дар назди Кумитаи иҷроияи марказии (КИМ) ҶШС Тоҷикистон соли 1930 ташкил шудааст. Соли 1938 ба шӯъбаи бойгонии Комиссариати халқии корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон, соли 1960 ба Идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, соли 1980 ба Саридораи бойгонии Шӯрои назди Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 1988 ба сифати шӯъба тобеи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон шуд. Соли 1989 Шӯъбаи бойгонии Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон ба Саридораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, соли 1991 ба Саридораи бойгонии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992 ба Саридораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994 ба Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи декабри соли 2006 ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 616 «Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомнома ва Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки то имрӯз фаъолият менамояд.

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмуҳаммадов Зафар Абдулвоҳидович (солҳои 1985 – 2000), Мирзоева Ҳусноро Мирзоевна (солҳои 2000 – 2005), Неъматова Шаҳло Нӯъмоновна (солҳои 2005 – 2013) ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намудаанд. Аз 6 декабри соли 2013 Мирсаидова Дилором Амоновна сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва то ба имрӯз роҳбарии Саридораро ба ӯҳда доранд. Дар тӯли солҳои сипаришуда сохтори Саридора якчанд маротиба тағйир ёфта бошад ҳам, вале масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бойгонидории ҷумҳурӣ ба зиммаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондаанд.(Нусхаи фармону қарорҳо замима мегардад).
Нақшаи идоракунии Саридора:

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 616 «Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, иҷро менамояд ва ба ҳолат, рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Бахшҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолияти соҳаро дар маҳалҳо идора мекунанд.
Сохтори дастгоҳи марказии Саридора

Сохтори дастгоҳи марказии Саридора аз роҳбарият, шӯъбаи ташкилию методӣ, ҷамъоварӣ, ташхиси арзишнокии ҳуҷҷатҳо, бойгониҳои идоравӣ ва коргузорӣ, шӯъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва фаъолияти илмӣ – иттилоотӣ, бахши молия ва муҳосибӣ ва баҳши ҳуқуқ иборат аст.
Дар номгӯи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридора: Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филиали Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, Филиали Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор, Филиали Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм, Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо, Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Ҳуҷанд филиалҳои онҳо,Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, Бойгонии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ шомил гардонида шудаанд.

Ҳамаги дар сомона: 8
»истифодабарандаи аъзо шуда: 0
ћеҳмон: 8