» Материалы за Июнь 2018 года
на правах рекламы

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинаи Бойгонии Милли ва Муассисаҳои Бойгони

Муҳарир: archive аз 26-06-2018, 16:28

Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоїикистон
Бо мақсади такмили минбаъда, инкишофи ҳамаҷонибаи кори бойгонидорӣ ва таъмин намудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе:
оид ба таҳкими заминаи моддию техникии бойгониҳо барои таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии ҳумҳурии Тоҳикистон чораіои таъхирнопазир андешад;
иҷрои корҳоро оид ба такмили фонди эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоят арзишноки Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотонии муосир барои нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, ҷустуҷўи Ҳуҷҷатҳои бойгонњ чораҳо андешад;
оид ба истифодаи усулҳо, воситаҳо ва технологияҳои нави коркарди барқароркунию консерватсионии ҳуҷҷатҳо, таҷдиди матнҳои хирашудаи ҳомили қоғазӣ чораҳои зарурӣ андешад.
2. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
корҳои консерватсионӣ ва ба шакли рақамӣ гузаронидани хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷоннок намояд;
Ҷихати таҳияи Каталоги Ҷумҳуриявии фондҳо дар шакли электронӣ чораҳои зарурӣ андешад;
бо мақсади таъмини муносибати комплексӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳа Консепсияи рушди кори бойгонидории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.
3. Маблаљгузории иҷрои қарори мазкур дар доираи маблғҳое, ки ҳамасола ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ мешаванд, амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 531
ш. Душанбе

Роҳбарияти Озмоишгоҳ

Муҳарир: archive аз 26-06-2018, 14:43
                                          
                                         Шарипов Фирдавс Фарҳодович

Соли таваллуд: 17 апрели соли 1975
Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи М.Осимӣ хатм кардааст.
Вазъи оилавӣ: оиладор
Аз октбяри 2009 то инҷониб дар соҳаи бойгонидорӣ кор ва фаъолият дорад.


Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1997-2000 - Усто (мастер) СУ-14 “Трести Душанбестрой”        
Солҳои 2000-2003 - Сармуҳандиси Маркази миллии патенту иттилоот
Солҳои 2003-2004 - Саркори (прораб) АООТ “Холматиён”
Солҳои 2004-2005 - Муҳандиси шӯъбаи сохтмони капиталии ООО “Телерадиоком”
Солҳои 2005-2009 - Муҳандиси ООО “Технотекстиль”
Солҳои 2009-2016 - Сармуҳандиси Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон        
Аз соли 2016 Директори Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо

Шўъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуччатҳо

Муҳарир: archive аз 26-06-2018, 13:23
                                      Шўъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуччатҳо

Шўъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуччатҳои Бойгонии Марказии Давлатии Чумҳурии Точикистон фаъолияти худро аз 29-уми марти соли 1941 оғознамуда, дар таъмини нигоҳдории ҳуччатҳои Хазинаи Ягонаи Давлатии бойгонии Чумҳурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон саҳмгузор намудааст.
Дар фаъолияти худ шўъба вазифаҳои зеринр очро мекунад:
- таъмини нигоҳдории ҳуччатҳо;
- аз чангуғубортозанамудани ҳуччатҳо;
- чобачогузорииҳуччатҳо.
Дар давомисолҳои гуногун дар пешрафти кори шўъба ва умуман соҳаи бойгони дори шахсони зерин хисагузоштаанд: Баландина Л.М., Спивак М.А., Куликова А.И., Увайдова Р., Одилова М., Заготова М.И.

Шуъбаи иттилоот, истифодабарии илмии ҳуҷҷатҳо ва системаи кофтукови иттилоотии БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳарир: archive аз 26-06-2018, 13:22
Шуъбаи иттилоот, истифодабарии илмии ҳуҷҷатҳо ва системаи кофтукови иттилоотии БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 

     Риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июни соли 2017 таҳти № 276  “Дар бораи тартиби коргузорӣ ва ба ҳисобгирии омори оид ба  муроҷиати шахсони вокеъи ва ҳуқуқи”.
Ба роҳ мондани хуҷҷатгузори дар асоси дастурамали коргузори бо муроҷиатҳои шахрвандон, дафтархои бакайдгирии муроҷиатҳои шахрвандон ва мактубхои ташкилоту муассисахо.
Бакайдгирии мурочиатхои шахрвандон ва баррасии муроҷиатҳои дар мӯҳлатхои муайяншуда.
Дархост намудани парвандахо аз махфузгоххо барои иҷрои муроҷиатхои шаҳрвандон ва баргардонидани парвандаҳо ба маҳфузгоҳҳо.
Назорати кори муҳақикон дар толори хониш.
Баррасии муроҷиати шаҳрвандони хориҷи кишвар.
Истифодабарии илмии хуҷҷатҳо, навиштани хабару мақолаҳо аз ҳисоби хазинаҳои таърихии бойгонӣ.
Тартиб додани накшаи кории шуъба ва пешниход намудани хисоботхои таърихии бойгони.
Баргузор намудани семинархо машваратҳои илмӣ-назариявӣ, доир ба пешбурди кори шуъба.

Кӯдакон ба масъалаҳои об бетараф нестанд

Муҳарир: archive аз 21-06-2018, 07:26
19-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки рӯзҳои 20-22-юми июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об доир гардид, ки аз се бахш: «Садои кӯдакон: Мизи гирд бо писарону духтарон», «Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: Баррасии масоили рушди бармаҳали кӯдакон (РБК), об, санитария ва гигиена (WASH)» ва «Наврасон дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ» иборат буд. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини якуми вазир Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазир Латофат Назирӣ, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Саида Умарзода, намояндаи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) Герда Вербург, намояндаи доимии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питерс Олтерс, сардори шуъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мачей Мадалински, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, шарикони рушд, меҳмонон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Зимни сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ва муовини якуми вазири маориф ва илми мамлакат Раҳматулло Мирбобоев қайд гардид, ки 21-уми декабри соли 2016 бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва иқдоми шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро қабул намуд, ки он идомаи мантиқии Даҳсола байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» буда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард. Чорабинии имрӯзаи мо-Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об низ дар доираи ин ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» доир мегардад. 
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори ташаккур намуда, афзуд, ки тибқи оморҳо дар рӯйи олам ҳар рӯз ба ҳисоби  миёна 700 кӯдак аз сабаби нарасидани оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд. Зиёда аз 250 миллион нафар барои пайдо кардани оби тоза ҷойи зисташонро иваз менамоянд. Дар даҳсолаи аввал нақшаву барномаҳои тарҳрезишуда пурра амалӣ гаштанд, ки ин боиси хурсандист. 
Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар-ғолибони озмуни иншо дар мавзӯи  «Аҳамияти дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена барои таҳсилоти босифат» доир ба масоили об фикру андешаҳои худро иброз доштанд. 
Дар бахши «Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: Баррасии масоили рушди бармаҳали кӯдакон (РБК), об, санитария ва гигиена (WASH)» ҳозирин дар мавзӯъҳои «Гуногунсоҳа ва муҳим  будани масоили об, санитария ва гигиена, ҳамчунин аҳамияти он ҷиҳати расидан ба натиҷаҳо дар масоили ғизо ва Рушди Бармаҳали Кӯдакон барои кӯдакон ва оилаҳои онҳо», «Арзиши иқтисодӣ ва аҳамияти иҷтимоии Рушди Бармаҳали Кӯдакон ва об, санитария ва гигиена» андешаронӣ карданд.
Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иброз дошт, ки ҳамасола дар миқёси кишвар шумораи зиёди муассисаҳои таълимии томактабӣ сохта ба истифода дода мешаванд, то ин ки теъдоди бештари кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Инчунин, аз ҷониби вазорат 35 номгӯй китоби бадеии бачагона бо теъдоди 40 ҳазор нусха чоп шуда, ба мактабҳо дастрас гардид. Ҳамзамон, ишора намуд, ки шурӯъ аз соли 2020 қадамҳои аввалин барои гузариш ба низоми таҳсили 12-сола гузошта мешаванд. 
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода қайд кард, ки норасоии микронутриентҳо (витамину минералҳо) яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти кӯдакон мебошад. Ғизои солим аз рӯзи якуми ҳомиладорӣ ва то ду соли аввали ҳаёти кӯдак, яъне 1000 рӯз муҳим аст.
Намояндаи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) Герда Вербург гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои Ҳаракати глобалӣ гардидааст. Айни замон 60 кишвари олам аъзои ҳаракати номбурда мебошанд.  
Дар бахши сеюми форум озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар ин бахш лоиҳаҳои хонандагони литсейи №2-и шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд соҳиби ҷойи аввал, хонандагони мактаби №1-и ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи дуюм ва донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 
Муовини якуми вазир Раҳматулло Мирбобоев, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва дигар меҳмонони расмӣ ба ғолибон ва тамоми иштирокдорон медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. 
          
 

Дар Душанбе Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об пеш аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» баргузор мегардад

Муҳарир: archive аз 21-06-2018, 07:25
20-22 июни соли 2018 дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ)-2030 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 баргузор мешавад, ки ба амалисозии ҲРУ 6: «Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама» равона шудааст.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ 19 июн барномаи якрӯзаи пеш аз конфронс таҳти унвони «Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об» доир мегардад, ки ҳадафи он дастрасии ҳар як кӯдак дар ҳама ҷо ба оби бехатар ва беҳдошт мебошад.
Анҷумани мазкур дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, аз се бахши асосӣ иборат хоҳад буд ва дар он садҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок мекунанд. Зимнан масъалаҳои таъмини об, беҳдошт ва тозагӣ, инчунин таъсири он ба ояндаи беҳтар барои ҳар як кӯдак баррасӣ мешаванд.
Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ аст, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об, беҳдошт ва тозагӣ тарҳрезӣ кардаанд. Намоишгоҳ дар макони баргузории Анҷуман созмон дода мешавад

Роҳбарияти Бойгонии Марказии Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳарир: archive аз 21-06-2018, 07:18
Наименнование организации дела которые хронятся (75 - лет )на централном Архиве (ЦГА Р.Т)
1."Таджиктриктажбыт"
2.Производственное торговое предпрятие "Рох"
3.Общепит Фрунзеского района.
4.Ассоциация соц.Защиты предпринимательства Министерства Юстиции РТ.
5.Республиканская оптово-розничная фирма "Галантереяконтракторг"
6.ООО "Волна"
7.ООО "Таьмири Роххо ва сохтмон
8.ООО "Газиндустрия"
9.ООО "Интел-связь-Т"
10.ООО "Вахдат трейнинг"
11.ООО "Азия трединг и Шопинг Со"
12.ООО "Асприм Ойл"

Маълумотномаи бойгони маркази давлатии хуччатхои аксу садо

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Маълумотномаи Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-августи соли 1971 дар асоси фармони Сардори идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон бо фармони №6 аз 14-июни соли 1971 ба фаъолият оғоз кардааст. Мақсади бойгони, комплекткунӣ, нигохдории суратҳои ҳуҷҷатӣ, сабти овозҳо тавсифи онҳо, муратабсозӣ, феҳресткунонӣ, коркарди илмӣ-техникӣ, барқароркунӣ бо мақсадҳои хоҷагии халқ, ташвиқи тарғиботӣ ва илмӣ ба шумор меравад.Воқеоти таърихӣ дар солнома, асарҳои муаррихон сабт шуда то ба имрӯз дастраси мо гардидаанд, Бозёфтҳои илму техника имкон медиҳад, ки он на танҳо рӯи қоғаз сабт, балки дар шакли воқеи, бо таври зинда нигоҳдорӣ шаванд. Маҳфуздорандаи таърихӣ давлату давлатдорӣ ва халқияту миллат бойгониҳо ба шумор мераванд. Бойгонӣ хамчун радифи ивазнашавандаи давлат аз замони зуҳури давлат ба вуҷуд омада, ба он рушд менамояд. Саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик дар Бойгонии марказии давлатии хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз буда, инъикоси худро аз солҳои 20-уми асри XX то имрӯз дарёфтаанд.Расму суратҳо асосан аз вазоратҳо, осорхонаҳо, муассисаҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ, лоҳиакашӣ, мактабҳои олӣ, театрҳо, редаксияи рӯзномаву маҷалаҳо ва МИТ «Ховар» ба бойгонӣ ворид мешаванд. Дар онҳо инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баҳри бунёди ҷомеаи шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо тамоми шарофият ва аслият ба амал бароварда шудааст. Дар заминаи суратҳуҷҷатҳо мо ба таври равшан возеҳ, муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷикро барои барқарор, мустаҳкам ва рушди сохтори давлатдории хеш, қадамҳои устуворонаи фарзандони машҳури халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомали Раҳмонов дар роҳи созандагию ободӣ ва гулгулшукуфии кишвар, таъғиротҳои бузурги ичтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, барқароршавӣ ва густариши муносибатҳои дохилию хориҷӣ ва монанди инро дида метавонем. Суратҳуҷҷатҳо инъикоскунандаи бевоситаи симои қаҳрамонони ҷангу меҳнат, нахустин кормандони маҳалии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, омаданӣ аввалин трактору автомобиль, аэроплан, қатора, сохтмонҳои азими хоҷагии халки Тоҷикистон ба шумор рафта, моро баҳри хештаншиносӣ ҳидоят карда, барои бунёди ҷомеаи пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мекунад. Нахустин кори киносозони тоҷик В. Кузмин, А. Шевич, ва А. Гезулин- «Омадани аввалин поезд ба Душанбе», ки ҳанӯз соли 1929 ба навор гирифта шудааст аз экспонатҳои хеле пурқимат ба ҳисоб меравад. Умуман, он филмҳои хуҷҷатие, ки соли 1930-1940 ба монанди «Заминҷунбӣ дар Янгибозор», «Хуҷанди куҳан», «Дастгиркунии Иброҳимбек», «10-солагии Тоҷикистон», «Боми Ҷаҳон», «Шаҳри мо», «Нахустин интихобот», «Роҳ ба Помир», «Ҳайати Тоҷикистон дар фронти Ленинград», «Бозгашти ҷанговарон ба Ватан» ва ғайраҳо таҳия шудаанд, ва ба таъриху ташакули ҷумҳурии мо вобастаанд, дар бойгонӣ имрӯз ҳам маҳфузанд. Дар наворҳои синамо мо нутқҳои ҳароратбахши устод С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, табассуми ширини сулҳхоҳонаи М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода ва чеҳраи Ш. Шотемур, Ч. Имомов, Н. Махсум, Я. Афзалӣ, Г. Дяков, Ҷ. Зокиров, Юлдош- Командир, Муқим Султоновро дар суратҳои таърихӣ аз сабти овозҳо баромаду гуфторҳои Фазлиддин Шоҳобов, Шодназар Соҳибов, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Ғафуров ва дигаронро мебинему мешунавем, зеро хуҷҷат, расм ва навори синамо чун таърих дар ҳама гуна давр ва замон лозим шуда меистанд. Чун дар бойгонии мазкур асосан навори сабти садою симо ва аксҳо нигоҳ дошта мешавад, Мавқеи нисбатан муҳимро сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ дар инкишофи таърихнигории тоҷик бозӣ менамояд. Бойгониҳо далелҳои нисбатан арзишнокро медиҳанд, ки дар заминаи таҳлили ҳаматарафа ва умуман онҳо хулосабандиҳои илми таърих ба амал бароварда мешавад. Истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ бо мақсади ташвиқу тағриботӣ ва маданӣ - равшаннамоӣ имконият медиҳад, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, меҳнатдустӣ тарбият намуд. Дар ташакул ва пешравии кори Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи аввалин директорони Саридораи бойгонӣ Отаҷонов, Қаҳоров Негматулин мебошанд. Инчунин дар БМДҲАССҶТ ҳуҷҷатҳои садо ва овозҳои онҳо дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд, то ки наслҳои оянда аз ин ҳуҷҷатҳо истифода баранд ва дар бораи ин шахсони барӯманд маълумоти аниқу дақиқ дошта бошанд.

Дар БМДҲАССҶТ чунин ҳуҷҷатхо маҳфуздори карда мешаванд:

Суратҳуҷҷатҳо 140 ҳазор - пазитиву негатив, альбомҳо
Ҳуҷҷатҳои садо 4 900 овозҳо дар лентаҳои магнитӣ,пластинкаҳо
Ҳуҷҷатҳои синамо 12 ҳазор - дискҳо, видеокасетаҳо, лентаҳои магнитӣ.

Маълумотномаи бойгони маркази давлати

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Маълумотномаи бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба бойгониҳои марказии давлатӣ таалуқ дошта,тибқи моддаи 6-и Қонуни мазкур ба таркиби муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-марти соли 1941 таҳти №723 бо қарори Шурои комисарони халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалисти ҳамчун архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон ташкил шуда, дар фаъолияти худ ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кори бойгонӣ,фармонҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дастури амал қарор медиҳад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсӣ ҳуқуқӣ буда,дорои моликият,муҳр ва бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ мебошад. Номи расмӣ «Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Фаъолияти Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсадҳо ташкил карда шудааст:
-ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ:
-амалигардонии баҳисобгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ:
-сохтан ва мукаммал кардани дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ ва маҳзанҳои маълумотҳо дар бораи ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонӣ:
-иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ,ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар бораи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ.
-истифода ва нашри ҳуҷҷатҳои бойгонӣ.-ташкили корҳои илмӣ-тадқиқоти ва методӣ оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣ,ҳуҷҷатшиносӣ ва археография,ҷорӣ кардани техналогия ва малакаҳои пешқадам дар кори бойгонӣ.-ҳамчун маркази илмӣ-методӣ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ, расонидани ёрии методӣ ба филиалҳои бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -оид ба масъалаҳои ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузорӣ, гузаронидани ташхис ва ба рӯйхатгирии парвандаҳои бойгонӣ расонидани ёрӣ ба мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо-манбаҳои пуркунии бойгон. Барои расидан ба ин мақсадҳо БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро ба амал меорад; -нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои дар бойгон маҳфуз бударо таъмин мекунад; -комплекси чорабиниҳоро оид ба беҳдошти ҳолати физикии ҳуҷҷатҳоро мегузаронад, онҳоро таъмир мекунад, пеши пӯсидану вайрон шуданашонро мегирад. Ҳуҷҷатҳои қимматноки хазинаҳоро зоҳир карда ба ҳисоб мегирад,ба онҳо нусхаҳои эҳтиётӣ тайёр мекунад.Ташхиси илмӣ,таърихӣ ва таҷрибавии ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгониро мегузаронад.Қоидаҳои замонавии нигоҳдорӣ,тармим ва ҳифзи ҳуҷҷатҳоро меомӯзад ва дар таҷрибаи кор татбиқ менамояд. -рӯйхати мақомотҳои давлатӣ,муассисаҳо,ташкилотҳои ҷамъиятӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта-манбаҳои пуркунии Хазинаи бойгонии миллӣ-ро таҳия месозад.Оид ба ташхиси ҳуҷҷатҳо ва ба руйхатгирии парвандаҳои бойгонӣ ба ташкилотҳо,бо тарзи шартномавӣ,ёрии амалӣ мерасонад. -тибқи қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи бойгонӣ оид ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ташкилотҳо ва корхонаҳои ғайридавлатӣ чорабиниҳо мегузаронад. -бо назардошти дараҷаи истифодабарии ҳуҷҷатҳо якҷоя бо коркарди илмӣ-техникии парвандаҳои хазинаҳо,дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ(маълумотномаи таърихӣ дар бораи хазина ва руйхати парвандаҳо)-ро такмил медиҳад. -барои таъмини ҷустуҷӯи маълумот оид ба ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгон каталогҳои мавзӯи ва бонки маҳзанҳои электронӣ таҳия месозад. -доир ба пешниҳоди маълумотҳои ҳуҷҷатӣ оид ба масъалаҳои актуалии сиёсӣ,иқтисодӣ,илмӣ,иҷтимои-фарҳангӣ,мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ,ташкилотҳои илмӣ,воситаҳои ахбори омма ва дигар муассисаҳо ҳамкорӣ менамояд. -барои омӯзиш ба тадқиқотчиён дар толори хониш ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо,маълумотҳо оид ба таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳоро пешниҳод менамояд. -дархостҳои ташкилотҳо ва муроҷиати шаҳрвандонро иҷро намуда дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуд буда ба онҳо маълумотномаҳои бойгонӣ,нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз ҳуҷҷатҳо пешниҳод менамояд. -мустақилона маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо,маълумотномаҳо дар бораи ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳо,маҷмӯи каталогҳои бойгониро таҳия менамояд. -оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣ ва археография дар ҳамкорӣ бо дигар бойгониҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда маърӯзаҳои илмӣ,дастурамалҳо ва маводҳои илмӣ-методӣ тайёр мекунад. -чорабиниҳо оид ба таҷрибаивазкунии кормандони бойгонӣ ва филиалҳоро бо бойгониҳои давлатӣ ва байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ ташкил намуда мегузаронад. -тибқӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа,таҷрибаи пешқадами кори бойгониҳои ватанӣ ва хориҷиро омӯхта,методҳои муосири замонавиро ҷорӣ менамояд.
Таркиби ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба таркиби ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хазинаҳои бойгонӣ, ҳуҷҷатҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ, ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии вазорату идораҳо ва ташкилотҳое таҷдид гардида ва ё ба дигар шакли моликият гузаштааст, новобаста аз шакли моликият дохил мешавад. -ҳуҷҷатҳое,ки дар асоси фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ,прокуратура,суд,суди иқтисодӣ,муассисаҳо,ташкилотҳо ва корхонаҳои давлатӣ,иттиҳодияҳои ғайридавлати(ширкатҳо,ҷамъиятҳо ва ғ) таҳия шудаанд.
-ҳуҷҷатҳои ӣлмӣ-техникӣ ва лоиҳавӣ-конструкторӣ. -ҳуҷҷатҳои электронӣ. -ёдгориҳои ҳуҷҷатии таърихӣ. -ҳуҷҷатҳо ва хотираҳои шахсони таърихӣ,сиёсӣ,қахрамонони меҳнат ва ҶБВ.
-нусхаҳои ба асл баробари ҳуҷҷатҳо,хазинаҳои эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои қимматнок.
-ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии давлатӣ,маълумотномаҳо ва роҳнамои хазинаҳо,маҷмӯи каталогҳо,маҳзанҳои электронии маълумотҳо,ки ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонро мекушоянд.

Маълумотномаи Озмоишгох

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Маълумотномаи Озмоишгоҳ

Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар асоси фармони Сардори Идораи бойгонии назди Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон, таҳти №163 р аз 1 апрели соли 1959 ташкил ёфта, дар фаъолияти худ ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар фаъолияти худ қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кори бойгонӣ, фармоишҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур амал қарор медиҳад. Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дорои бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ мебошад. Номи расми: «Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ванусхабардории ҳуҷҷатҳо» мебошад.

Фаъолияти Озмоишгох

Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо бо ин мақсадҳо ташкил карда шудааст: Аз нав барқароркунии маводҳои қоғазии Хазинаи Бойгонии Миллӣ; Супоридани ҳуҷҷатҳо барои ба шакли электронӣ гузаронидан; Духтан ва муқовабандии ҳуҷҷатҳо; Ба бойгониҳои идоравию байниидоравӣ пешниҳод намудани дастуру тавсияҳои методӣ.

Ҳуқуқҳои Озмоишгох

Барои иҷро кардани мақсадҳои низомномавӣ Озмоишгоҳ ҳуқуқ дорад:Оид ба масъалаҳои ба тартиб оварӣ, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ташкилӣ ҳуҷҷатҳо дар коргузорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва фардӣ. Аз рӯи тартиби муқараршуда аз роҳбарият талаб намудани таъмини шароити мусоид барои меҳнати босамар,таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ.Бо ризоияти Саридораи бойгонӣ равон намудани кормандони Озмоишгоҳ ба кишварҳои хориҷ баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи корӣ. Омузонидани донишҷуёни таҷрибаомӯз бо кору фаъолияти Озмоишгоҳ. Дар кори ҷаласаи назди сардор ва ҷаласаҳои умумӣ,конференсияҳои илмӣ,семинар машваратҳо ,ҷаласаҳои ки дар Саридораи бойгонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, фаъолона иштирок намуда оиди фаъолияти Озмоишгоҳ маълумотҳо пешниҳод намоянд.Озмоишгоҳ ӯҳдадораст: Фаъолияти худро мутобиқи нақшаи солонаи кор, ки аз ҷониби Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, пешбарад ва дар мӯҳлати муайянкардашуда ҳисобот диҳад; Шароити бехатарии меҳнатро барои кормандон таъмин намояд, барои расонидани зарар ба саломатӣ ва қобили кори онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад;

Вазифаҳои асосии Озмоишгоҳ

Таъмир, муқовабандӣ, таъмири ҷузъӣ ва ширешбандии ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазоратҳо,идораю ташкилотҳо, муассисаҳо ворид шуда аз нав таъмиру тармим шуда духта мешаванд,ки чунин намуди корҳоро дар бар мегирад:
Кушода буридани ресмонҳои парвандаҳо ва гузаронидани ин маводҳо ба шакли электронӣ;
Нест намудани мағор аз ширеши пешина;
Варақ ба варақ аз чанг тоза намудан бо чутка;
Мустаҳкам намудани асоси ҳуҷҷат;
Илова намудани ҷои шерозбандии китоб;
Ҷо ба ҷо гузории варақҳо;
Хушк намудани ҳуҷҷатҳо;
Сӯрох намудани ҳуҷҷатҳо;
Дӯхтан ва муқовабандии ҳуҷҷатҳо;
Таьмири( рестовратсияи) ҳуҷҷатҳо;
Ба тартиб овардани муқоваҳо;
Буридан ва захираи картон барои муқовабандӣ;
Буридан ва захираи қоғаз барои муқовабандӣ;

 

Ҳамаги дар сомона: 1
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 1