» Материалы за Март 2019 года
на правах рекламы

Рузи 16 март Дави Наврузи Марафони Велосипедрони баргузор гардид

Муҳарир: archive аз 19-03-2019, 08:49

Дави Наврузи Марафони Велосипедрони

Имруз бо ташабуси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар хамкори бо Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри душанбе дави Наврузи марафони велосимпедрониро бо иштироки тамоми Вазорату идорахо муассисахои тахсилоти оли ва миёнаи касби доир гардид, ки аз он чумла Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон бо иштироки омузгорону донишчуён зиёда аз 1000 нафар иштирок намуданд.
Хамзамон, сухани табрикоти Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон мухтарам, Абдуллозода Ахтам Руста  ва муовини Раиси шахри Душанбе мухтарама, Мавсума Муини огоз намуда бахамаи иштирокчиёни ин мусобика барорк омёбро тамано намуд.
Дави Наврузи марафони велосипедрони аз дехпи Чорбог огоз гардида то Наврузгохи Пойтахт идома ёфта дав иштирокчиени ин мусобика ба масофаи 10 километро тай намуда  аз чониби Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Кумитаи миллии  олимпии Чумхурии Точикистон ба тамоми иштирокчиёни ин мусобика дипломхо супорида шуд.

Рузи 6 март дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини бахшида ба рӯзи "Модарон" 8 март баргузор гардид

Муҳарир: archive аз 7-03-2019, 08:08
Модар.... чихел калимаи ширин ва дилагез аст.Вактеки Модар мегуем тамоми баданамону рухамонро як эхсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он халоват мебарем.
Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати у барои мо фарзандон беканора ва човидона аст.


Бо ин рузи бахори хамаи модарону хохаронро ва умуман бонувони азизи точикро бо фарорасии фасли бахор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда барои хамаи Шумо азизон бехтарин рузхои зиндагиро аз самими калб таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахти дар хар як хонадони зану модари точик хамеша шукуфон бошад!


Ман хаммаи БОНУВОН ва МОДАРОНИ мехрубонро, бо идашон табрик мегуям. Бигзор нахли умеду орзухоятон аз меваи шахдбор пурсамар гардад.Таманно дорам, ки хамеша хушрузу хушумр бимонед.

Саломат бош эй МОДАР, фидои он кадамхоят,
Саломат бош эй МОДАР, фидои чону чашмонат.

Ман шуморо МОДАРОН ва БОНУВОНИ азиз бо иди 8 март табрик мекунам.Аз тахти дил ба шумо хушбахти орзу мекунам.Бигзор хамеша хаминхел зебо ва дар лабатон ханда бошад. Боз як бори дигар Ид муборак Модарон ва Бонувони азиз!)))


Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Зеро, агар Иди Ғалаба муқаддас ва муҳим эътироф шуда бошад ва дар ин замина Иди якдилии байналхалқии меҳнаткашон низ ҷашн гирифта шаванд, бояд Иди бонувон низ дар ҳамин радиф қарор бигирад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. З-ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст…

Доир ба ин ҷашни таърихӣ бо як тан аз таҳлилгарони ҷавони тоҷик Фирдавси Аъзам сӯҳбат намудем:

- Дар ҷаҳон ҳамасола рӯзи 8-уми март ба унвони Рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешавад. Ва ин рӯз дар мароҳилаи аввал ҳамчун рӯзи мубориза алайҳи беҳуқуқии занон пазируфта шуда буд. Вале бояд гуфт, ки 8-уми март Иди бонувон набуда, балки як ҷашни занони инқилобгару озодихоҳ буд…

 

Ҳамаги дар сомона: 6
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 6