» Материалы за Август 2019 года
на правах рекламы

Рузи 23 - август дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бахшида ба 28 - тумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Муҳарир: archive аз 23-08-2019, 11:14
                                                       Тоҷикистон-кишвари доимбаҳор                                                                               
     Тоҷикистон кишвари доимбаҳорест, ки қисми зиёди аҳолии онро тоҷикон ташкил медиҳанд.Маънои вожаи “тоҷик” гуногун буда, бештар ба маънои тоҷдор мувофиқ меояд.Тоҷикистон ибтидо 14 октябри соли 1924 ҳамчун ҷумҳурии автономӣ дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис ёфта, аз 16 октябри соли 1929 ба ҳайати ҷумҳуриҳои Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ шомил гардидааст.Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.Минбаъд бо дигар шудани авзои сайёра дар ҳаёти ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён  омад.

      Ба  бахти мо 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид.Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд.Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст..Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст.Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони кишвари биҳиштосоямон мебошад. 

 
                                                                                         
     Мо, тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузаштагонамон боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд.Баръакс ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.Устод Лоиқ Шералӣ дар шеъри “Таърих гувоҳ аст” таъкид мекунад, ки тоҷик ба хоки ягон мамлакат чашми тамаъ боз накарда, ҳамзамон лашкар ҳам накашидааст.  Сафарҳои шуарои дурандеши мо, мисли Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.
           Аз шоирони муосири тоҷик, устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо адабиёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳҷӯ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо батадриҷ афзуд.Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи озоди демокративу дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад.Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, забондонӣ, робита бо мамолики пешрафтаи дунё низ дорад.                                                                                           
 

Ҳамаги дар сомона: 4
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 4