» Материалы за 13.09.2019
на правах рекламы

Мулоқоти Убайдуллоев бо ду сафир

Муҳарир: archive аз 13-09-2019, 13:51
Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон  зимни дидор бо Аскар Тоҷибоев, сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон равобити мутақобилан муфиди парламентиро баҳри тақвияту тавсеаи ҳамкориҳо бо татбиқи нақшаҳои мушаххаси бархӯрди ҳадаф ва манофеъи тарафҳо баррасӣ кард.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз мавзеъгириҳои муштарак ёдовар шуда, афзуд, ки баргузории Ҷаласаи чоруми Раисони парламентҳои кишварҳои Авросиё дар моҳи ҷорӣ дар шаҳри Нур-Султон собитгари рушди институти парламентаризм дар ҷаҳони муосир мебошад.

Ҷаноби Аскар Тоҷибоев дар навбати худ аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват кард, ки бобати таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ дар вақти барояш мусоид ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳад.

Ҳамчунин, 12 сентябри соли 2019  Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистонро ҷаноби бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот амалисозии пайвастаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Сарони давлатҳоро вазифаи аввалиндараҷа шуморида, дар ин зимн нақш ва густариши робитаҳои мутақобилан судманди байнипарламентиро бобати таҳким ва рушди фазои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, тақвияту тавсеаи фаъолияти гуруҳҳои дӯстии байнипарламентӣ муассир арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дар марҳилаи кунунӣ таҷдиди назар ва татбиқи воқеии созишномаҳову қарордодҳои баимзорасида, густариши бемайлони робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро, алалхусус баҳри ҷалби сармояи эронӣ дар саноатикунонии кишвар,  ҳамчун тақозои замон махсусан муҳим хоҳад буд.

Муҳаммадтақии Собирӣ паёми шодбошӣ ва даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон  А. Лоринҷониро унвонии Раиси Маҷлиси миллӣ бобати анҷом додани сафари расмӣ ба Теҳрон баён дошта, зикр  намуд, ки дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои .
 

Ҳамаги дар сомона: 3
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 3