» Материалы за Февраль 2020 года
на правах рекламы

Шуъбаи фондҳои шахси

Муҳарир: archive аз 4-02-2020, 15:21
                               Шўъбаи ҷамоварӣ, бойгонињои идоравӣ, фондҳои шахсии
Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шуъбаи Ҷамъоварӣ, бойгониҳои идоравӣ, фондҳои шахсӣ сохтори Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда фаъолияти асосии шуъбаи мазкур ҷамъоварӣ ва ташкили фондҳои шахсӣ шахсони барумандӣ миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ фаъолият кардаро ба роҳ мемонад.
Шуъба аз оғози фаъолияташ то имрўз дорои 399 фонди шахсии  шахсони бароманди миллати тоҷикро ҷамъоварӣ намудааст, аз қабили 
                                                        Фанян Джорж Согомонович 
Муарих, археограф, соли тавалудаш 1910 (Қарабоғи Куҳӣ, миллаташ арманин). Яке аз аввалин ҳатмкунандагони Инистути давлатии таъриху архивӣ шаҳри Москва мебошад. Соли 1935 ба Сталинобод фиристонида ва ба вазифаи мудири Идораи марказии архивӣ  Ҷумҳуриятӣ мухтори Иљтимоии Шуравии Тоҷикистон, мутобиқи фармони Комисари халқии корҳои дохилии ҶИШ Тоҷикистон аз 8-уми майи соли 1939 №109 сардори шуъбаи архивии Комиссариати халқи коргарон ва деҳқонон таъйин карда шуд. Фанян Джорж Согомонович дар ташкили соҳаи бойгонии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Фанян Джорж Согомонович мураттиби маҷмўаи ҳуҷҷатҳо «Оид ба шуриши соли 1872 дар шаҳри Хуҷанд», «Оиди таърихи сохтмони советӣ дар Тоҷикистон соли 1920-1929» (Сталинобод соли 1940), «Аз таърихи муборизаи халқҳои хонигарии Бухоро барои ҳамроҳшавӣ ба Россия» ва муаллифи монографияи «Армияи Сурх-озодибахши халқи тоҷик» мебошад.                                                                  
Қаҳҳори Расулиён 
7-уми марти соли 1953 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, Қаҳори Расулиён узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», узви Бунёди байналмилалии Эроншиносӣ, «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ буда, бо медалиҳо ва ифтихорномаҳо мушарраф гардидааст.  Муаллифи китобҳои  «Покистон» (1997),  «Таърихи мухтасари Инқилоби исломии Эрон» (1998) ва ғайра мебошад.
 

Ҳамаги дар сомона: 3
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 3