Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Асосӣ » КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

03 ноября 2022, Четверг
1 019
0

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – 

САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Конститутсияи мо муҳимтарин усулҳои давлатдории демократӣ – ҳокимияти халқ, барои халқ ва тавассути халқро эълон кардааст, ки ҷавобгўи ормонҳои ҷомеаи мост.

                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Аз замон Шӯравӣ то имрӯз Тоҷикистон Конститутсияи худро панҷ маротиба қабул намудааст. Вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ санаи 26 сентябри соли 1999 ва санаи 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Баъдан санаи 22 майи соли соли 2016 боз ҳам дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид шуда калимаи Сарқонун аз он гирифта шуда минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Он аз ҷониби бисёр кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифта яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гардидааст. Зеро он аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар саррчашма гирифтааст. 

Албатта, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои миллати тоҷик аз азал арзиши баландро соҳиб буда, ҳамаҷониба риоя мегардидааст. Аввалин намунаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ҷаҳон Зардушт ироа намудааст, ки се унсури ниҳоят муҳимро, аз қабили “пиндори нек”, “кирдори нек” ва “рафтори нек” ҳамчун кафили эҳтироми инсонҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо  арзёбӣ намудааст, ки то ҳол арзиши худро гум накарда, баръакс дар замони таззоди ҷаҳонишавӣ арзиши волотареро соҳиб гашта истодааст.

Инчунин ягона ҳуҷҷати муҳимме, ки ҳанӯз дар даврони бостон аз ҷониби ориёиҳо қабул ва эътироф шуда буд, ин Эъломияи Куруши Кабир буд, ки соли 539 пеш аз милод аз ҷониби Куруши Кабир ба тасвиб расида буд, он ҳамчун паёми ислоҳоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамаи қавму миллатҳо ҳисобида мешуд. Он дар харобаҳои Тахти Ҷамшед пайдо шуда, аз ҷониби олимони ҳуқуқшинос ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Яке аз нусхаҳои он то имрӯз дар Осорхонаи Бритониё бо номи “Устувони Куруш” ҳифз мешавад, ки ба забони қадимаи эломӣ навишта шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Он дар лаҳзаҳои бисёр ҳам ҳассос, ки тақдири миллату кишвар ҳал мешуд, қабул карда шуд ва роҳи минбаъдаи рушду нумуи мамлакатро муайян намуд. Маҳз пас аз қабул намудани он дар мамлакат сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ба танзим дароварда шуда, ваҳдати миллӣ пурра барқарор карда шуд. 

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳаматрафа ҳимоя карда шуда аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд ва давлат ин ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки ҳама намуди талаботи ин санади муҳим риоя карда шавад, то ҳуқуқи дигарон поймол нагардад ва дар ҷамъият баробарӣ ҳукмрон бошад.

Ҳанӯз дар санаи 5 ноябри соли 2002 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш бахшида ба Рӯзи Конститутсия иора намуда буданд, ки: “Конститутсияи мо ба мисли чароғи роҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми нерўҳои созандаи кишварро дар рўҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд”.

Маҳз ба шарофати ин санади тақдирсоз ва саъю талошҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳон ба сифати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мешиносанд.

 Моҳираи Маматхон 

– корманди шуъбаи иттилооти 

бойгонии маркази давлатии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 



Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо