Вернуться назад
Распечатать
Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи " Рушд ва пешрафти соҳаи бойгонидорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ "
Имруз дар вилояти Суғд конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи " Рушд ва пешрафти соҳаи бойгонидорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ " бахшида ба 100 солагии таъсисёбии Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар конференсия сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Шарифзода ва муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода иштирок ва суханронӣ намуданд.