9 МАЙ РУЗИ ҒАЛАБА
8 майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо иштироки кормандони Саридораи бойгонӣ, сохторҳои зертобеи он ва собиқадорони соҳа маҷлиси тантанавӣ, бахшида ба Рӯзи Ғалаба баргузор гардид. Муовини сардори Саридораи бойгонӣ Қосими Охун маҷлисро оғоз намуда, оид ба таъриҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 суханронӣ намуд.Баромадкунандагон кормандони бойгонии давлатӣ Имомкулова Ф. ва Сафарова Х. қайд карданд, ки намояндагони миллатҳои гуногуни давлати Шурави, аз чумла фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қахрамонона меҷангиданд, ва ҷавонон бояд таърихи Ҷанги Бузурги Ватаниро фаромӯш накунанд.
Дар анҷоми маҷлис аз тарафи Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Чумхурии Точикистон филми мустанад оид Рӯзи Ғалаба намоиш дода шуд.




