Санаи 30 июли соли 2026 бо иқдоми роҳбарияти Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Саридораи бойгонӣ бо масъулини вазорату идораҳо, кумитаву агентиҳо бо мақсади иҷрои сари вақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Саридораи бойгонӣ дар бораи иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), нақша чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2026-2030, эълон гардидани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”, “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026, инчунин риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар вохӯрии мазкур Абдуллоҳи Раҳнамо – сиёсатшинос, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, Бойзод Хушбахт - сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Калонзода Фатҳиддин Мирзошариф - ходими калони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Розиқов Фируз - сардори раёсати экспертизаи забоншиносӣ ва Раҷабзода Ҳабибулло - сармутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафарзода Анушервон - муовини сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан - мудири шуъбаи коргузорӣ ва назорати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чиллахонзода Раҷабалӣ Чиллахон - сармутахассиси раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро роҳбарияти Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Шарифзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз фарогири соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар онҳо паҳлӯҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифагузориҳо барои дурнамои рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, занон ва дигар соҳаҳо муайян мегарданд.
Лутфия Шарифзода қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми хеш зикр намуданд, “ боиси ифтихор аст, ки бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид дар хусуси эълон гардидани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши босуръати муносибатҳои байналмилалӣ маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун унсури калидии таъмини субот ва адолат аҳаммияти хоса пайдо мекунад.
Абдуллоҳи Раҳнамо – сиёсатшинос, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” баромад намуда, қайд кард, ки дар марҳилаи шиддат гирифтани вазъияти байналмилалӣ ва авҷи ҳуҷумҳои идеологӣ аз берун нигоҳ доштани суботу амният ва давлатдории миллӣ яке аз вазифаҳои асосии мо мебошад. Зеро таҳдидҳое, ки ҳоло ба фарҳангу ҳувияти миллӣ пеш омадаанд, дар ниҳоят ба ҳастии миллат ва устувории давлатдории миллӣ меофарад. Аз ин рӯ, дар канори иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҳар як шаҳрванд ва корманд нисбат ба сарнавишти миллату давлат низ масулият дорад. Мавҷудияти давлати миллии мустақили тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи ормони ҳазорсолаи миллати мо, балки тантанаи ормони қаҳрамонон миллии мост, ки маҳз дар ин ҷо роҳ ҷон доданд. Аз ин рӯ, дар атрофи Қаҳрамони имрузи миллат, Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, ҳар яки мо бояд дар ҳифзи ин давлату ин миллат саҳми худро гузорем.
Бойзод Хушбахт - сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, беғаразӣ дар хизмати давлатӣ, пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мунтазам тадбирҳои заруриро андешида, дар раванди муқовимат ба коррупсия, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он бетараф набошем.
Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан - мудири шуъбаи коргузорӣ ва назорати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳои худ, бахусус дар паёми навбатӣ вобаста ба таълиму тарбияи дурусти фарзанд, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, роҳ надодан ба исрофкориву зиёдаравӣ ва муқовимат намудан ба бегонапарастиву хурофот, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аҳаммияти махсус дода, қайд намуд, ки падару модар бояд дар тарбияи фарзанд аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд, зеро занон пеш аз ҳама пояи оила ва тарбиятгари насли солим мебошанд.
Чиллахонзода Раҷабалӣ Чиллахон - сармутахассиси раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки бо қабул ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баракати рӯзгори аҳли ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат таъмин намуд. Қонуни мазкур тартиби баргузории ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст. Бояд ҳар як сокини мамлакат дар амалисозии Қонуни миллӣ, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нигаронда шудааст, саҳмгузор бошад.
Зафарзода Анушервон - муовини сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои боло бурдани ҳисси худшиносию ватанпарастии онҳо бояд мунтазам корҳои таблиғотиро ҷоннок намуд. Масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва сиёсиву идеологии ҷавонон дар авлавияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷавонони худогоҳ вазифадоранд, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, ҷиҳати таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ бояд саҳми боризи худро гузоранд.
Розиқов Фируз - сардори раёсати экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии қайд кард, ки мо бояд аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангиву иҷтимоии аҳли илму адаби миллатамон, ки бо ин забони нобу шево бароямон мерос гузоштаанд, барои таҳким бахшидани пояҳои тамаддуниву фарҳангии давлати соҳибихтиёру дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии Тоҷикистон ба таври самарабахш истифода намоем. Хушбахтона, имрӯз ҳам ин забони муқаддасро ҷаҳониён чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва баҳри омӯзиши он ҷаҳду талош мекунанд. Инро мо соҳибзабонон дидаву шунида баҳри рушду такомул ва поку беолоиш нигоҳ доштани он ҳиссагузор бошем. Ҳар як инсон барои омӯхтани забони дигар, бояд забони модарии худро хуб донад ва омӯзад.
Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуллоҳи Раҳнамо – сиёсатшинос, самуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” барои саҳми арзанда гузоштан дар ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ бо медали “Аълочии бойгонии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуд.