Дар асоси талаботи Оинномаи ҳизб ва дастури Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 24 апрели соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии "Бойгони"-и Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лангарӣ Ҷамила ва Раиси Кумитаи иҷроия Абдураҳим Шоҳиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома Лангарӣ Ҷамила- раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада оид ба фаъолияти семоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод.
Баъд аз он Шоҳиён Абдураҳим оид ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсолаи охир ба тарзи муъҷаз дастовардҳои миллиро дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мекунанд, нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдорӣ муайян мегардад, Паёмҳои Сарвари давлат ба Парлумони кишвар мебошад. Паёми навбатӣ муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти давлати тоҷиконро дар соли 2020, ҳамчун натиҷаҳое, ки наздик ба ду даҳсолаи ахир ба он замина гузошта шуда буд, баррасӣ кард. Мароми созандагии давлати тоҷиконро барои соли таърихии ҷашни сисолагии Истиқлолият ва то соли 2030 тарҳрезӣ намуд.
Инчунин, ба якчанд нафар кормандон, ки ба сафи ҲХДТ дохил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.