на правах рекламы

Роҳбарияти Саридора

Муҳарир: archive аз 8-10-2018, 13:50


                                       Лангарӣ Ҷамила Салмон

Соли таваллуд: 10 майи соли 1966
Ҷои таваллуд: ш.Кӯлоб
Миллат: точик
Тахсилот: олӣ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Ихтисос:Кимиё,номзади илми кимиё
Бо дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон
Вазъи оилавӣ: Оиладор


Кор ва фаъолияти собиқа :


Солҳои 1983 - 1988 - Донишҷуи университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин.
Солҳои 1988 - 1992 - Омӯзгори фанни химияи ОКТ №38 -и шаҳри Кӯлоб.
Солҳои 1992 - 1993 - Омӯзгори фанни химияи мактаби миёнаи №1 ба номи Чкалови шаҳри Кӯлоб.
Солҳои 1993 - 1995 - Ассистенти кафедраи Химияи умумии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб.
Солҳои 1995 - 1996 - Ба ҳайси тадқиқотчии коромӯз дар шуъбаи химия пайвастагиҳои ғайриорганики институти химияи АИ ҶТ ба номи А.Никитин .
Солҳои 1996 - 1997 - Давом додани вазифаи тадқиқотчи коромӯз дар шуъбаи химияи пайвастагиҳои ғайриорганики институти илмӣ -тадқиқотии химияи АИ ҶТ ба номи А.Никитин.
Солҳои 1997 - 2001 - Муаллимаи калони кафедраи химияи умумии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб.
Солҳои 2001 - 2003 - Корманди илмии Институти тадқиқоти илмии <<Проблемаҳои об,экология ва гидроэнергетика>> -и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2003 - 2009 - Ассистенти кафедраи химияи биоорганики ва физиоколлоидии ДДТТ ба номи Абуали Ибни Сино.
Солҳои 2009 - 2015 - Муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва фарҳанги ДДТТ ба номи Абуали Ибни Сино.
Солҳои 2015 - 2017 - Муовини Раиси шаҳри Душанбе.

Аз соли 2017 -то ҳол Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълумотномаи бойгони маркази давлатии хуччатхои аксу садо

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Маълумотномаи Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-августи соли 1971 дар асоси фармони Сардори идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон бо фармони №6 аз 14-июни соли 1971 ба фаъолият оғоз кардааст. Мақсади бойгони, комплекткунӣ, нигохдории суратҳои ҳуҷҷатӣ, сабти овозҳо тавсифи онҳо, муратабсозӣ, феҳресткунонӣ, коркарди илмӣ-техникӣ, барқароркунӣ бо мақсадҳои хоҷагии халқ, ташвиқи тарғиботӣ ва илмӣ ба шумор меравад.Воқеоти таърихӣ дар солнома, асарҳои муаррихон сабт шуда то ба имрӯз дастраси мо гардидаанд, Бозёфтҳои илму техника имкон медиҳад, ки он на танҳо рӯи қоғаз сабт, балки дар шакли воқеи, бо таври зинда нигоҳдорӣ шаванд. Маҳфуздорандаи таърихӣ давлату давлатдорӣ ва халқияту миллат бойгониҳо ба шумор мераванд. Бойгонӣ хамчун радифи ивазнашавандаи давлат аз замони зуҳури давлат ба вуҷуд омада, ба он рушд менамояд. Саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик дар Бойгонии марказии давлатии хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз буда, инъикоси худро аз солҳои 20-уми асри XX то имрӯз дарёфтаанд.Расму суратҳо асосан аз вазоратҳо, осорхонаҳо, муассисаҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ, лоҳиакашӣ, мактабҳои олӣ, театрҳо, редаксияи рӯзномаву маҷалаҳо ва МИТ «Ховар» ба бойгонӣ ворид мешаванд. Дар онҳо инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баҳри бунёди ҷомеаи шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо тамоми шарофият ва аслият ба амал бароварда шудааст. Дар заминаи суратҳуҷҷатҳо мо ба таври равшан возеҳ, муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷикро барои барқарор, мустаҳкам ва рушди сохтори давлатдории хеш, қадамҳои устуворонаи фарзандони машҳури халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомали Раҳмонов дар роҳи созандагию ободӣ ва гулгулшукуфии кишвар, таъғиротҳои бузурги ичтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, барқароршавӣ ва густариши муносибатҳои дохилию хориҷӣ ва монанди инро дида метавонем. Суратҳуҷҷатҳо инъикоскунандаи бевоситаи симои қаҳрамонони ҷангу меҳнат, нахустин кормандони маҳалии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, омаданӣ аввалин трактору автомобиль, аэроплан, қатора, сохтмонҳои азими хоҷагии халки Тоҷикистон ба шумор рафта, моро баҳри хештаншиносӣ ҳидоят карда, барои бунёди ҷомеаи пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мекунад. Нахустин кори киносозони тоҷик В. Кузмин, А. Шевич, ва А. Гезулин- «Омадани аввалин поезд ба Душанбе», ки ҳанӯз соли 1929 ба навор гирифта шудааст аз экспонатҳои хеле пурқимат ба ҳисоб меравад. Умуман, он филмҳои хуҷҷатие, ки соли 1930-1940 ба монанди «Заминҷунбӣ дар Янгибозор», «Хуҷанди куҳан», «Дастгиркунии Иброҳимбек», «10-солагии Тоҷикистон», «Боми Ҷаҳон», «Шаҳри мо», «Нахустин интихобот», «Роҳ ба Помир», «Ҳайати Тоҷикистон дар фронти Ленинград», «Бозгашти ҷанговарон ба Ватан» ва ғайраҳо таҳия шудаанд, ва ба таъриху ташакули ҷумҳурии мо вобастаанд, дар бойгонӣ имрӯз ҳам маҳфузанд. Дар наворҳои синамо мо нутқҳои ҳароратбахши устод С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, табассуми ширини сулҳхоҳонаи М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода ва чеҳраи Ш. Шотемур, Ч. Имомов, Н. Махсум, Я. Афзалӣ, Г. Дяков, Ҷ. Зокиров, Юлдош- Командир, Муқим Султоновро дар суратҳои таърихӣ аз сабти овозҳо баромаду гуфторҳои Фазлиддин Шоҳобов, Шодназар Соҳибов, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Ғафуров ва дигаронро мебинему мешунавем, зеро хуҷҷат, расм ва навори синамо чун таърих дар ҳама гуна давр ва замон лозим шуда меистанд. Чун дар бойгонии мазкур асосан навори сабти садою симо ва аксҳо нигоҳ дошта мешавад, Мавқеи нисбатан муҳимро сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ дар инкишофи таърихнигории тоҷик бозӣ менамояд. Бойгониҳо далелҳои нисбатан арзишнокро медиҳанд, ки дар заминаи таҳлили ҳаматарафа ва умуман онҳо хулосабандиҳои илми таърих ба амал бароварда мешавад. Истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ бо мақсади ташвиқу тағриботӣ ва маданӣ - равшаннамоӣ имконият медиҳад, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, меҳнатдустӣ тарбият намуд. Дар ташакул ва пешравии кори Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи аввалин директорони Саридораи бойгонӣ Отаҷонов, Қаҳоров Негматулин мебошанд. Инчунин дар БМДҲАССҶТ ҳуҷҷатҳои садо ва овозҳои онҳо дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд, то ки наслҳои оянда аз ин ҳуҷҷатҳо истифода баранд ва дар бораи ин шахсони барӯманд маълумоти аниқу дақиқ дошта бошанд.

Дар БМДҲАССҶТ чунин ҳуҷҷатхо маҳфуздори карда мешаванд:

Суратҳуҷҷатҳо 140 ҳазор - пазитиву негатив, альбомҳо
Ҳуҷҷатҳои садо 4 900 овозҳо дар лентаҳои магнитӣ,пластинкаҳо
Ҳуҷҷатҳои синамо 12 ҳазор - дискҳо, видеокасетаҳо, лентаҳои магнитӣ.

Таърихи муассиса

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Маълумотнома дар бораи таърихи Саридора,нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи он (солӣ таъсисёбӣ, таҷдиди сохтор,зарурат сабаб)

Таърихи Саридора:Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Саридора) ҳамчун Идораи марказии бойгонӣ дар назди Кумитаи иҷроияи марказии (КИМ) ҶШС Тоҷикистон соли 1930 ташкил шудааст.Соли 1938 ба шуъбаи бойгонии Комиссариати халқии корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон,Соли 1960 ба Идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон,соли 1980 ба Саридораи бойгонии Шӯрои назди Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт.Соли 1988 ба сифати шӯъбаи тобеи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон шуд.Соли 1989 Шӯъбаи бойгонии Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон ба Саридораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон,соли 1991 ба Саридораи бойгонии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон,соли 1992 ба Саридораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон,соли 1994 ба Идори кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,аз моҳи декабри соли 2006 ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Муфасал:

Маълумот оид ба вазифахо ва самтхои фаъолият (мутобиқи Низомнома)

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Маълумоти мухтасар оид ба вазифаҳо, ваколатҳо ва самтҳои фаъолият
(мутобиқи Низомнома ).

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, ки он қисми таркибии мероси таърихию фарҳангии ватанӣ ва ҷаҳонӣ буда, дорои захираҳои ахбори ҷомеа мебошад. Ваколатҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон : ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳавии Саридораи бойгонӣ, ки оид ба онҳо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, инчунин лоиҳаи нақшаи кори солона ва нишондиҳандаҳои пешбининамудаи фаъолияти Саридораи бойгониро пешниҳод менамояд;
Дар асос ва баҳри иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул менамояд:

- низомномаҳои намунавии бойгониҳои давлатӣ, соҳавӣ, идоравӣ ва байниидоравӣ;
- низомномаҳои комиссияи ташҳисию тафтишотӣ;
- тартиби кори комиссияҳои ташхисию тафтишотӣ;
- қоидаҳои кори бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ;
- дастурамалҳои коргузорӣ;
- номгӯи намунавии корҳо;
- дастурамали кори бойгониҳои байниидоравӣ;
- номгуи намунавӣ ва соҳавии ҳуҷҷатҳо;
- номгӯи кору хизматрасонӣ, ки аз ҷониби бойгониҳои давлатӣ дар асоси шартнома пешниҳод мегардад;
- тартиби ба ҷумҳурӣ ворид намудан ва аз дохили ҷумҳурӣ баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият, ба истиснои масъалаҳое, ки батанзимдарории ҳуқуқии онҳо мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад;

- Ташкили ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Назорат аз болои тартиби муқарраргардида ва супоридани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба бойгониҳои давлатӣ, инчунин ба осорхонаҳо ва китобхонаҳо;

- Ташкили корҳо оид ба ошкор намудани ҳуҷҷатҳои таърихии давлати Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатҳои хориҷӣ маҳфуз мебошанд ва бо матни асл ё нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳо таъмин намудани Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

- Ташкили баҳисобгирии давлатии марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ, осорхонаю китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд ва инчунин ба моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дохиланд.

- Ташкили корҳои коркарди илмӣ – техникии ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ дар асоси шартнома;

- Ташкили корҳо оид ба омодагии Хазинаи эҳтиётии нусхаҳои нодир, арзишнок ва дорои аҳамияти таъриҳӣ;

- Расонидани ёрии методию амалӣ дар корҳои таъминоти ҳифозат, ҷамъоварӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Таъминоти омодагӣ ва рушди тартиботи илмӣ-иттилоотӣ ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Роҳбарии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва методии муассисаҳои бойгониҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи бойгоншиносӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ;
- Бурдани назорати давлатӣ аз болои нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Саридораи бойгонӣ бо мақсади иҷрои ваколатҳо дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- Манбаъҳои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳоро Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин таркиби ҳуҷҷатҳоро;

- Гузаронидани тафтишоти кори хадамоти коргузорӣ ва бойгонидории вазорату идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият;

- Мувофиқа намудани қоидаҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои бойгонидорӣ ва коргузорӣ, ки аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст;

- Бурдани назорат аз болои кори мақомоти тобеи Саридораи бойгонӣ.

Дар айни ҳол шабакаи васеи муассисаҳои бойгонӣ амал мекунад, ки иборат аз 12 бойгонии давлатӣ ва 72 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аст.
 

Ҳамаги дар сомона: 7
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 7