на правах рекламы

Шуъбаи иттилоот ва лабараторяи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо

Муҳарир: archive аз 26-09-2018, 17:14
                    Шуъбаи иттилоот ва лабараторяи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо

Ташхиси илмӣ ва амалии қиматнокии ҳуҷҷаҳои аксу садо ва синаморо ба амал мебарорад.
   Дар маҳфузгоҳҳо тибқи қоидаҳои асосии кори бойгонӣ,таъмини беосеб нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро назорат мекнад.(Ҳолати техникӣ-физикӣ,барқароркунӣ,профилактикӣ,консерватсия,нусхабардорӣ,эҳтиётӣ,оиди қабул ва ҷойгиркунии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо ва баҳисобгирии омори онҳо.
   Дар кори конференсяҳои илмӣ,семинар - машваратҳо ,ҷаласаҳо,ки Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,БМДҶТ ва БМДҲАССҶТ мегузаронад,иштирок мекунад ва маълумотҳои иттилоотӣ таҳия менамояд.
   Дар заминаи меъёрҳои соҳавӣ, таҷрибаи пешқадами кори бойгонии ватанӣ ва хориҷӣро омӯхта методҳои замонавии корбариро ҷорӣ  менамояд.
   Оиди ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо,барои баланд бардоштани савияи дониш бо фармонҳои роҳбарият бо бойгониҳои ватанӣ ва хориҷи шинос мешавад.
   Ба амал баровардани ҳамкории илмӣ ва корӣ бо бойгониҳо ва дигар муассисаҳою ташкилотҳои илмӣ новобаста аз шакли моликият ва тебеъияташон.
   Оиди пур кардани каталог ва бо муҳақиқон кор карданро ҷоннок менамояд.
   Назорати доимӣ оиди ташкил ва рафти иҷрои кор дар шуъба.

Шуъбаи чамъовари ва ташхиси хуччатхо

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Шӯъбаи ҷамъовари ва ташхиси ҳуҷҷатҳо

Шӯъбаи ҷамъовари ва ташхиси ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ ва таъминоти нигаҳдори ҳуҷҷатҳои БМДҲАСС ҶТ як қисми структураи Бойгони маркази давлати ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои ҶТ мебошад.
Ба шӯъба инҳо дохил мешаванд:

а) комплект кардани ҳуҷатҳои филми, сурати ва овози .
б) ҳуҷҷатҳои филмии -35мм ва 16мм.
в) суратҳуҷҷатҳо – негатив ва позитивҳо.
г) ҳуҷҷатҳои овози дар лентаҳои магнити ва грампластикаҳо.
д) китоби бақайдгири ва навишти ҳуҷҷатҳо.
е) китоби тафтиши ҳолати техникии ҳуҷҷатҳо.
ё) китоби додани ҳуҷҷатҳо аз маҳфузгоҳо.

Шуъбаи ҷамъовари ва ташхиси ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ ва таъминоти нигаҳдории ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садова синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори худ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгоӣ» ,Низомномаи Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷҷикистон , қоидаҳои асосии кори бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ, фармонҳо ва дастурҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои директори БМДҲАСС ҶТ, дигар санадҳои меъёри –ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарӣ мегирад. Сохтор ва шумораи штатии шуъба аз ҷониби Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар карда мешавад: Шуъба дар асоси нақшаҳои тасдиқшудаи солона ва нимсола кори худро ба роҳ монда оиди фаъолияти худ ҳисобот омода месозад.

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии шуъба

Дар коркарди мавзӯҳои илмӣ оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, ташхиси қиматнокии ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти нигаҳдории ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо. Ташкили баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ маҳфузбударо таъмин мекунад, дар коркарди назариявии масъалаҳои ҷамъоварӣ ва ташхиси қиматнокии ҳуҷҷатҳо, ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузории ташкилоту муассисаҳо иштирок менамояд, баррасии ин масъалаҳоро дар Камиссияи Марказии Мутаҳидаи Ташхисии Тафтиши ва методии бойгонӣ ташкил мекунад. Руйхати ташкилотҳо ва муассисаҳо –сарчашмаҳои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои БМДҲАСС-ро муайян мекунад. Санҷиши ҳолати техникии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синаморо бо мақсади зоҳир намудани ҳуҷҷатҳои осебдида мегузаронад. Ҷаъоварии ҳуҷҷатҳои бойгониро аз ҳисоби ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо, ки дар ҷарёни фаъолият ташкилоту муассисаҳо ташкил шудаанд, ба амал мебарорад. Баҳисобгирии дурусти ҳуҷҷатҳоро ттаъмин мекунад, санҷиши ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷатҳоро мегузаронад кори таъсиси хазинаи эҳтиётии ҳуҷҷатҳоро таъмин мекунад. Дар ҷарёни ҷамъоварӣ ташхиси илмӣ ва амалии қиматнокии ҳуҷҷатҳои аксу синаморо ба амал мебарорад. Назорати ташкили баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синаморо дар ташкилоту муассисаҳо ба амал мебарорад, аз ҷумла ба ташкилоту муассисаҳо ба амл мебарорад, аз ҷумла ба ташкилоту муассисаҳо сарчашмаҳои ҷамъоварии бойгоноид ба батартибоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигаҳдории ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо, коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, низомномаи КТ ва бойгониҳо, ёрии методӣ ва тавсияҳо медиҳад, назоратро оиди иҷрои онҳо амалӣ мегардонад. Дар маҳфузгоҳҳо қабули ҳуҷҷатҳоро мегузаронад, истифодаи ҳуҷҷатҳоро ташкил мекунад, ба саривақт баргардондани инҳо назоратро ҷорӣ мекунад. Баҳисобгирии ҳолати мавҷудият, мазмун ва дастгоҳи илмӣ- маълумотдиҳии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синаморо, ки дар ҷарёни фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд омадаанд, амалӣ гардонида,бо ин мақсад шиносномакунии ин бойгониҳоро ташкил мекунад. Дар кори конференсияҳои илмӣ, семинар-машваратҳо, ҷаласаҳое, ки БМДҲАСС ҶТ ва Саридораи бойнонии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон мегузаронад, иштирок мекунанд.

Рохбарияти БМДХАСС ЧТ

Муҳарир: archive аз 19-06-2018, 14:15
Содиқов Хуршед Рустамович
•Соли таваллуд: 28 декабри соли 1964
•Ҷои таваллуд:ш.Кӯлоб, вилояти Хатлон
•Миллат: тоҷик
соли 1981 ба Донишгоҳи Педагогии шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.
•Ихтисос:Иқтисодчи,Омӯзгор
•Вазъи оилавӣ:оиладор, соҳиби 4 фарзанд
•Суроғаи зист: ш.Душанбе
Кор ва фаъолияти собиқа:

• Солҳои 1986 - 1987 - Омузгори мактаби миёнаи № 21 ноҳияи Ғарм
• Солҳои 1987 – 1993 - Омӯзгори мактаби миёнаи №25 ш.Кӯлоб
• Солҳои 1993 – 1996 – Идораи савдои ш.Кӯлоб
• Солҳои 1996 – 2000 – Комбинати орди ҳаҳри Кӯлоб,сардори шуъбаи таъминот (сбыт)
• Солҳои 2000 – 2001 –Амонатбонк-и ш.Кӯлоб,сардори шуъбаи амалиётӣ
• Солҳои 2001 – 2002 - сардори шуъбаи нафақа,пасандоз ва қоғазҳои қиматнок
• Солҳои 2002 – 2005 - Донишгоҳи давлатии ш.Кӯлоб,шуъбаи иқтисоди (ғоибона)
• Солҳои 2005 – 2010 - Муовини сардори ҶСШК Кӯлобгзар
• Солҳои 2010 – 2012 - Сардори ҶШСК Кӯлобгзар
• Солҳои 2012 – 2017 - Директори бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб
• Аз 16 майи соли 2018 то ҳол директори бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикисон.
 

Ҳамаги дар сомона: 9
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 9