на правах рекламы

Маълумотномаи бойгони маркази давлати

Муҳарир: archive аз 8-07-2015, 19:07
Маълумотномаи бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба бойгониҳои марказии давлатӣ таалуқ дошта,тибқи моддаи 6-и Қонуни мазкур ба таркиби муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-марти соли 1941 таҳти №723 бо қарори Шурои комисарони халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалисти ҳамчун архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон ташкил шуда, дар фаъолияти худ ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кори бойгонӣ,фармонҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дастури амал қарор медиҳад. Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсӣ ҳуқуқӣ буда,дорои моликият,муҳр ва бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ мебошад. Номи расмӣ «Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Фаъолияти Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсадҳо ташкил карда шудааст:
-ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ:
-амалигардонии баҳисобгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ:
-сохтан ва мукаммал кардани дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ ва маҳзанҳои маълумотҳо дар бораи ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонӣ:
-иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ,ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар бораи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ.
-истифода ва нашри ҳуҷҷатҳои бойгонӣ.-ташкили корҳои илмӣ-тадқиқоти ва методӣ оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣ,ҳуҷҷатшиносӣ ва археография,ҷорӣ кардани техналогия ва малакаҳои пешқадам дар кори бойгонӣ.-ҳамчун маркази илмӣ-методӣ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ, расонидани ёрии методӣ ба филиалҳои бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -оид ба масъалаҳои ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузорӣ, гузаронидани ташхис ва ба рӯйхатгирии парвандаҳои бойгонӣ расонидани ёрӣ ба мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо-манбаҳои пуркунии бойгон. Барои расидан ба ин мақсадҳо БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро ба амал меорад; -нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои дар бойгон маҳфуз бударо таъмин мекунад; -комплекси чорабиниҳоро оид ба беҳдошти ҳолати физикии ҳуҷҷатҳоро мегузаронад, онҳоро таъмир мекунад, пеши пӯсидану вайрон шуданашонро мегирад. Ҳуҷҷатҳои қимматноки хазинаҳоро зоҳир карда ба ҳисоб мегирад,ба онҳо нусхаҳои эҳтиётӣ тайёр мекунад.Ташхиси илмӣ,таърихӣ ва таҷрибавии ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгониро мегузаронад.Қоидаҳои замонавии нигоҳдорӣ,тармим ва ҳифзи ҳуҷҷатҳоро меомӯзад ва дар таҷрибаи кор татбиқ менамояд. -рӯйхати мақомотҳои давлатӣ,муассисаҳо,ташкилотҳои ҷамъиятӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта-манбаҳои пуркунии Хазинаи бойгонии миллӣ-ро таҳия месозад.Оид ба ташхиси ҳуҷҷатҳо ва ба руйхатгирии парвандаҳои бойгонӣ ба ташкилотҳо,бо тарзи шартномавӣ,ёрии амалӣ мерасонад. -тибқи қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи бойгонӣ оид ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ташкилотҳо ва корхонаҳои ғайридавлатӣ чорабиниҳо мегузаронад. -бо назардошти дараҷаи истифодабарии ҳуҷҷатҳо якҷоя бо коркарди илмӣ-техникии парвандаҳои хазинаҳо,дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ(маълумотномаи таърихӣ дар бораи хазина ва руйхати парвандаҳо)-ро такмил медиҳад. -барои таъмини ҷустуҷӯи маълумот оид ба ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгон каталогҳои мавзӯи ва бонки маҳзанҳои электронӣ таҳия месозад. -доир ба пешниҳоди маълумотҳои ҳуҷҷатӣ оид ба масъалаҳои актуалии сиёсӣ,иқтисодӣ,илмӣ,иҷтимои-фарҳангӣ,мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ,ташкилотҳои илмӣ,воситаҳои ахбори омма ва дигар муассисаҳо ҳамкорӣ менамояд. -барои омӯзиш ба тадқиқотчиён дар толори хониш ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо,маълумотҳо оид ба таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳоро пешниҳод менамояд. -дархостҳои ташкилотҳо ва муроҷиати шаҳрвандонро иҷро намуда дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуд буда ба онҳо маълумотномаҳои бойгонӣ,нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз ҳуҷҷатҳо пешниҳод менамояд. -мустақилона маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо,маълумотномаҳо дар бораи ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳо,маҷмӯи каталогҳои бойгониро таҳия менамояд. -оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣ ва археография дар ҳамкорӣ бо дигар бойгониҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда маърӯзаҳои илмӣ,дастурамалҳо ва маводҳои илмӣ-методӣ тайёр мекунад. -чорабиниҳо оид ба таҷрибаивазкунии кормандони бойгонӣ ва филиалҳоро бо бойгониҳои давлатӣ ва байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ ташкил намуда мегузаронад. -тибқӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа,таҷрибаи пешқадами кори бойгониҳои ватанӣ ва хориҷиро омӯхта,методҳои муосири замонавиро ҷорӣ менамояд.
Таркиби ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба таркиби ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хазинаҳои бойгонӣ, ҳуҷҷатҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимӣ, ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии вазорату идораҳо ва ташкилотҳое таҷдид гардида ва ё ба дигар шакли моликият гузаштааст, новобаста аз шакли моликият дохил мешавад. -ҳуҷҷатҳое,ки дар асоси фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ,прокуратура,суд,суди иқтисодӣ,муассисаҳо,ташкилотҳо ва корхонаҳои давлатӣ,иттиҳодияҳои ғайридавлати(ширкатҳо,ҷамъиятҳо ва ғ) таҳия шудаанд.
-ҳуҷҷатҳои ӣлмӣ-техникӣ ва лоиҳавӣ-конструкторӣ. -ҳуҷҷатҳои электронӣ. -ёдгориҳои ҳуҷҷатии таърихӣ. -ҳуҷҷатҳо ва хотираҳои шахсони таърихӣ,сиёсӣ,қахрамонони меҳнат ва ҶБВ.
-нусхаҳои ба асл баробари ҳуҷҷатҳо,хазинаҳои эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои қимматнок.
-ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии давлатӣ,маълумотномаҳо ва роҳнамои хазинаҳо,маҷмӯи каталогҳо,маҳзанҳои электронии маълумотҳо,ки ҳайат ва таркиби ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонро мекушоянд.

Ҳамаги дар сомона: 1
»истифодабарандаи аъзо шуда: 0
ћеҳмон: 1