на правах рекламы

Наименнование огранизаци

Муҳарир: archive аз 26-09-2018, 17:45
1."Таджиктриктажбыт"
2.Производственное торговое предпятие "Роҳ"
3.Общепит Фрунзеского района
4.Ассоциация соц.Защиты предпринимательства Министерства Юстиции РТ.
5.Республиканская оптово-розничная фирма
6.ООО "Волна"
7.ООО "Таъмири Роҳҳо ва сохтмон"
8.ООО "Газидустрия"
9.ООО "Интел-связь-т"
10.ООО "Ваҳдат трейнинг"
11.ООО "Азия трединг и Шопинг Со"
12.ООО "Асприм Ойл"
13.ООО "Душанбекоммунсервис"
14.ООО "Рустам Тиҷорат"
15.ООО "Бобо Тиҷорат"
16.ООО "Итеса Осиё"
17.ООО "Интелектуалтн творчески игровой мир"
18.ҶДММ "Арт Ҷануб"
19.ООО "Санҷар"
20.УПТК треста "Спецстрой"
21.Учебный комбинат "Нурафзо"
22.СП АОЗТ "Таджиктел"
23.Представительство Экспрейсер ЛТД Таджикистан
24.Представительство корпоратсии "Кардно эмер-Маркетс ЛТД"
25.МП "Сохтмон"
26.Часный предприниматель Рҷабов
27.Универсальная товарно-сывиязая биржа
28.АООТ "Зайнаббиби"
29.Государственный лицензиёный центр Комитета по делах архитектуры и строительства Правительстве Р.Т
30.Душанбинское дочернее предприятия технической инвентаризации (МБТИ) - только трудовые книжки.
31.Центр управление проектоми области образование
32.Точиксодиротбанк
33.Амонатбанк
34.СКТБ по машиностроению Помир
35.Компания "нурафзо" (Таджикгидроэнергострой)
36.ГПИ "Таджикгипросельхозстрой)
37.Инженерный Центр Сангтудейской ГЭС
38.Таджикювелирторг
39.Таджикэлектромонтаж
40.Стройбанк
41.Кафолат-сохтмон
42.АООТ "Таджикгидроэлектромонтаж"
43.Пожарное управление
44.Дмостроительный комбинат (ДДК)
45.Кредит - Инвест
46.Сомон банк
47.Рембыттехника
48.ООО "БФ Сарпараст"
49."Таджикбакалея"
50.Торговый техникум
51.ҶДММ "Нона"
52.РСУ - № 3
53.Комитети Налог ш.Душанбе
54.АТП-1
55.ССУ-19
56.Кара Интернейшнл
57.Министерство строительство
58.Таджикматмуот
59.Таджикгипропром
60.Унитарное предприятие "Санадвора"
61.Душанбийской строителбсвеный техникум
62.Мяскомбинат
63.Гасплан табас ССР
64.ҶДММ "Саодат" 

Қарор дар бораи чораіои таъхирнопазир оид ба беітар намудани кори нигоідории давлатии сарватіои бойгонии миллии Їуміурии Тоїикистон

Муҳарир: archive аз 26-09-2018, 16:42

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади такмили минбаъда, инкишофи ҳамаҷонибаи кори бойгонидорӣ ва таъмин намудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе:
оид ба таҳкими заминаи моддию техникии бойгониҳо барои таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешад;
иҷрои корҳоро оид ба такмили фонди эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоят арзишноки Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотонии муосир барои нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ чораҳо андешад;
оид ба истифодаи усулҳо, воситаҳо ва технологияҳои нави коркарди барқароркунию консерватсионии ҳуҷҷатҳо, таҷдиди матнҳои хирашудаи ҳомили қоғазӣ чораҳои зарурӣ андешад.
2. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
корҳои консерватсионњ ва ба шакли рақамӣ гузаронидани хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷоннок намояд;
ҷихати таҳияи Каталоги Ҷумҳуриявии фондҳо дар шакли электронњ чораҳои зарурӣ андешад;
бо мақсади таъмини муносибати комплексӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳа Консепсияи рушди кори бойгонидории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.
3. Маблағгузории иҷрои қарори мазкур дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ мешаванд, амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 531
ш. Душанбе

ҚАРОР Дар бораи тасдиѕи Консепсияи рушди кори бойгонњ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2018

Муҳарир: archive аз 26-09-2018, 16:26

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2018
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию, иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди Ҳамаҷонибаи кори бойгонӣ ва таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2018 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози Консепсияи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2018 муайян карда шавад.
3. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти давлатии дахлдор бо мақсади татбиқи амалии Консепсия Барномаи рушди кори бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намояд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутасаддии соҳа вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2008 № 159
ш. Душанбе
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 159
тасдиқ шудааст

Қарор дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳарир: archive аз 26-09-2018, 16:24

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгўи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 12 адад (бе ҳайати хизматрасон) мукаррар карда шавад.
3. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани 1 нафар муовини Сардор ва иборат аз 5 нафар ҳайати мушовара иҷозат дода шавад.
4. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба микдори 2 адад мукаррар карда шавад.
5. Маблағгузории хароҷот барои фаъолияти дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои системаи он, ба истиснои Бойгониҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва филиалхои онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000 № 219 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 616
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо ѕарори Іукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 616
тасдиѕ шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинаи Бойгонии Милли ва Муассисаҳои Бойгони

Муҳарир: archive аз 26-06-2018, 16:28

Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоїикистон
Бо мақсади такмили минбаъда, инкишофи ҳамаҷонибаи кори бойгонидорӣ ва таъмин намудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе:
оид ба таҳкими заминаи моддию техникии бойгониҳо барои таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии ҳумҳурии Тоҳикистон чораіои таъхирнопазир андешад;
иҷрои корҳоро оид ба такмили фонди эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоят арзишноки Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотонии муосир барои нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, ҷустуҷўи Ҳуҷҷатҳои бойгонњ чораҳо андешад;
оид ба истифодаи усулҳо, воситаҳо ва технологияҳои нави коркарди барқароркунию консерватсионии ҳуҷҷатҳо, таҷдиди матнҳои хирашудаи ҳомили қоғазӣ чораҳои зарурӣ андешад.
2. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
корҳои консерватсионӣ ва ба шакли рақамӣ гузаронидани хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷоннок намояд;
Ҷихати таҳияи Каталоги Ҷумҳуриявии фондҳо дар шакли электронӣ чораҳои зарурӣ андешад;
бо мақсади таъмини муносибати комплексӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳа Консепсияи рушди кори бойгонидории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.
3. Маблаљгузории иҷрои қарори мазкур дар доираи маблғҳое, ки ҳамасола ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ мешаванд, амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 531
ш. Душанбе
 

Ҳамаги дар сомона: 8
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 8