на правах рекламы

Маълумот оид ба вазифахо ва самтхои фаъолият (мутобиқи Низомнома)

Муҳарир: archive аз 14-09-2015, 09:28
Маълумоти мухтасар оид ба вазифаҳо, ваколатҳо ва самтҳои фаъолият
(мутобиқи Низомнома ).

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, ки он қисми таркибии мероси таърихию фарҳангии ватанӣ ва ҷаҳонӣ буда, дорои захираҳои ахбори ҷомеа мебошад. Ваколатҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон : ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳавии Саридораи бойгонӣ, ки оид ба онҳо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, инчунин лоиҳаи нақшаи кори солона ва нишондиҳандаҳои пешбининамудаи фаъолияти Саридораи бойгониро пешниҳод менамояд;
Дар асос ва баҳри иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул менамояд:

- низомномаҳои намунавии бойгониҳои давлатӣ, соҳавӣ, идоравӣ ва байниидоравӣ;
- низомномаҳои комиссияи ташҳисию тафтишотӣ;
- тартиби кори комиссияҳои ташхисию тафтишотӣ;
- қоидаҳои кори бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ;
- дастурамалҳои коргузорӣ;
- номгӯи намунавии корҳо;
- дастурамали кори бойгониҳои байниидоравӣ;
- номгуи намунавӣ ва соҳавии ҳуҷҷатҳо;
- номгӯи кору хизматрасонӣ, ки аз ҷониби бойгониҳои давлатӣ дар асоси шартнома пешниҳод мегардад;
- тартиби ба ҷумҳурӣ ворид намудан ва аз дохили ҷумҳурӣ баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият, ба истиснои масъалаҳое, ки батанзимдарории ҳуқуқии онҳо мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад;

- Ташкили ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Назорат аз болои тартиби муқарраргардида ва супоридани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба бойгониҳои давлатӣ, инчунин ба осорхонаҳо ва китобхонаҳо;

- Ташкили корҳо оид ба ошкор намудани ҳуҷҷатҳои таърихии давлати Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатҳои хориҷӣ маҳфуз мебошанд ва бо матни асл ё нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳо таъмин намудани Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

- Ташкили баҳисобгирии давлатии марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ, осорхонаю китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд ва инчунин ба моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дохиланд.

- Ташкили корҳои коркарди илмӣ – техникии ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ дар асоси шартнома;

- Ташкили корҳо оид ба омодагии Хазинаи эҳтиётии нусхаҳои нодир, арзишнок ва дорои аҳамияти таъриҳӣ;

- Расонидани ёрии методию амалӣ дар корҳои таъминоти ҳифозат, ҷамъоварӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Таъминоти омодагӣ ва рушди тартиботи илмӣ-иттилоотӣ ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Роҳбарии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва методии муассисаҳои бойгониҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи бойгоншиносӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ;
- Бурдани назорати давлатӣ аз болои нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Саридораи бойгонӣ бо мақсади иҷрои ваколатҳо дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- Манбаъҳои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳоро Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин таркиби ҳуҷҷатҳоро;

- Гузаронидани тафтишоти кори хадамоти коргузорӣ ва бойгонидории вазорату идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият;

- Мувофиқа намудани қоидаҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои бойгонидорӣ ва коргузорӣ, ки аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст;

- Бурдани назорат аз болои кори мақомоти тобеи Саридораи бойгонӣ.

Дар айни ҳол шабакаи васеи муассисаҳои бойгонӣ амал мекунад, ки иборат аз 12 бойгонии давлатӣ ва 72 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аст.

Ҳамаги дар сомона: 9
»истифодабарандаи аъзо шуда: 0
ћеҳмон: 9