на правах рекламы

Маълумотномаи филиали Хисор

Муҳарир: archive аз 22-07-2015, 15:11
М а ъ л у м о т н о м а
оид ба фаъолияти филиали БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар ш.Ҳисор


Аз таъсисёбии филиали Бойгонии Марказии Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор 50 сол сипари шуд.
Ин муассисаи давлати дар асоси Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 5 апрели соли 1963 №145 дар доираи бойгониҳои ноҳиявии Ҳисор ва Регар (ҳозира шаҳри Турсунзода) ба фаъолият пардохтааст, хизматрасонии бойгони дар давраи Соҳибистиқлолият боз ҳам васеъ гардида ноҳияҳои Шаҳринав ва Варзобро низ дар бар мегирад. Бинои филиал дар ибтидо аз 360 метри мураббаъ масоҳат ва 120 пагон метр рафакҳо иборат буд. Соли 1968 бинои кунунии филиал сохта ба истифода дода шуд, ки барои ғунҷоиши 240 ҳазор парванда пешбини гаштааст.
Мақсади асосии бойгони агар ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳо бошад, вази-фаи бойгони таъмини бехатарӣ ва мавриди истифода қарор додани фондҳои бойгони мебошад.
Дар маҳфузгоҳҳои бойгони то 60000 парванда нигоҳ дошта шуда солҳои 1925-2012-умро дар бар гирифта 411 хазинаи бойгони (фонд)-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 231 фондҳои истифодашаванда, 175 хазинаи бойгонӣ озод ва 5 хазинаи бойгонӣ ба дигар бойгонӣ гузаронида мебошад.
Маҳфузгоҳҳо бо рафакҳои тахтаги таъмин буда (бо зидисухтор руйпуш карда шудааст) ҳамаи парвандаҳо дар рафакҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки қисми зиёди парвандаҳо дар қутиҳо ва қисме аз парвандаҳо аз сабаби таъмин набудани қутиҳо бо бастаҳо нигоҳ дошта шуда, рутубатнокии маҳфузгоҳҳо таҳти назорати мутахасисони бойгони қарор дошта бо ҳароратсанчакҳо таъмин буда ҳаррӯза дар китоби бақайдгири ба қайд гирифта мешавад. Маҳфузгоҳҳо бо воситаҳои техники бехатари, ноқилҳои зудэҳсоси зидди сӯхторӣ, асбобҳои суторхомушкуни, салқинкунакҳо ва воситаҳои посбони «сигнализасия» таъмин намебошад.
Таркиби парвандаҳои фонди хазинаи бойгонии миллӣ иборат аз ҳуҷҷатҳои ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, парвандаҳои судию прокурори, фонд колексияи фаъолони сохти колхозӣ, иштирокчиёни ҷанги ҷаҳонӣ, Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ, фонд колексия заминларзаи Ҳисор, ҳуҷҷатҳои иникоскунандаи воқеъаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, иштирокчиёни иҷлосияи 16-ӯми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Комиссияҳои конунигардонии молу мулк, ва ғайра иборат мебошанд.
Филиали Бойгонии Марказии Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор Қонуну қарорҳои дар соҳаи бойгонидорӣ қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди амал қарор дода мақсаду вазифаҳои дар наздашон гузоштаро дар муҳлатҳои пешбинишуда ба иҷро мерасонанд.
Мусалам аст, ки талаботи аҳолӣ нисбат ба иттилооти бойгонӣ сол аз сол меафзояд. Кормандони филиал кушиш ба он доданнд, ки солҳои наздик дар асоси «Барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳа» хизматрасонии электрониро ба роҳ монда эҳтиёҷоти аҳолиро дар муҳлати кӯтоҳтарин иҷро намоянд.

Р у й х а т и
Коргарони филиали Бойгонии Марказии Давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор

Маълумотномаи филиали Хисор

Ҳамаги дар сомона: 1
»истифодабарандаи аъзо шуда: 0
ћеҳмон: 1