на правах рекламы

Шуъбаи чамъовари ва ташхиси хуччатхо

Муҳарир: archive аз 12-07-2015, 18:37
Шӯъбаи ҷамъовари ва ташхиси ҳуҷҷатҳо

Шӯъбаи ҷамъовари ва ташхиси ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ ва таъминоти нигаҳдори ҳуҷҷатҳои БМДҲАСС ҶТ як қисми структураи Бойгони маркази давлати ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои ҶТ мебошад.
Ба шӯъба инҳо дохил мешаванд:

а) комплект кардани ҳуҷатҳои филми, сурати ва овози .
б) ҳуҷҷатҳои филмии -35мм ва 16мм.
в) суратҳуҷҷатҳо – негатив ва позитивҳо.
г) ҳуҷҷатҳои овози дар лентаҳои магнити ва грампластикаҳо.
д) китоби бақайдгири ва навишти ҳуҷҷатҳо.
е) китоби тафтиши ҳолати техникии ҳуҷҷатҳо.
ё) китоби додани ҳуҷҷатҳо аз маҳфузгоҳо.

Шуъбаи ҷамъовари ва ташхиси ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ ва таъминоти нигаҳдории ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садова синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори худ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгоӣ» ,Низомномаи Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷҷикистон , қоидаҳои асосии кори бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ, фармонҳо ва дастурҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои директори БМДҲАСС ҶТ, дигар санадҳои меъёри –ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарӣ мегирад. Сохтор ва шумораи штатии шуъба аз ҷониби Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар карда мешавад: Шуъба дар асоси нақшаҳои тасдиқшудаи солона ва нимсола кори худро ба роҳ монда оиди фаъолияти худ ҳисобот омода месозад.

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии шуъба

Дар коркарди мавзӯҳои илмӣ оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, ташхиси қиматнокии ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти нигаҳдории ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо. Ташкили баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ маҳфузбударо таъмин мекунад, дар коркарди назариявии масъалаҳои ҷамъоварӣ ва ташхиси қиматнокии ҳуҷҷатҳо, ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузории ташкилоту муассисаҳо иштирок менамояд, баррасии ин масъалаҳоро дар Камиссияи Марказии Мутаҳидаи Ташхисии Тафтиши ва методии бойгонӣ ташкил мекунад. Руйхати ташкилотҳо ва муассисаҳо –сарчашмаҳои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои БМДҲАСС-ро муайян мекунад. Санҷиши ҳолати техникии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синаморо бо мақсади зоҳир намудани ҳуҷҷатҳои осебдида мегузаронад. Ҷаъоварии ҳуҷҷатҳои бойгониро аз ҳисоби ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо, ки дар ҷарёни фаъолият ташкилоту муассисаҳо ташкил шудаанд, ба амал мебарорад. Баҳисобгирии дурусти ҳуҷҷатҳоро ттаъмин мекунад, санҷиши ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷатҳоро мегузаронад кори таъсиси хазинаи эҳтиётии ҳуҷҷатҳоро таъмин мекунад. Дар ҷарёни ҷамъоварӣ ташхиси илмӣ ва амалии қиматнокии ҳуҷҷатҳои аксу синаморо ба амал мебарорад. Назорати ташкили баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синаморо дар ташкилоту муассисаҳо ба амал мебарорад, аз ҷумла ба ташкилоту муассисаҳо ба амл мебарорад, аз ҷумла ба ташкилоту муассисаҳо сарчашмаҳои ҷамъоварии бойгоноид ба батартибоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигаҳдории ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо, коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, низомномаи КТ ва бойгониҳо, ёрии методӣ ва тавсияҳо медиҳад, назоратро оиди иҷрои онҳо амалӣ мегардонад. Дар маҳфузгоҳҳо қабули ҳуҷҷатҳоро мегузаронад, истифодаи ҳуҷҷатҳоро ташкил мекунад, ба саривақт баргардондани инҳо назоратро ҷорӣ мекунад. Баҳисобгирии ҳолати мавҷудият, мазмун ва дастгоҳи илмӣ- маълумотдиҳии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синаморо, ки дар ҷарёни фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд омадаанд, амалӣ гардонида,бо ин мақсад шиносномакунии ин бойгониҳоро ташкил мекунад. Дар кори конференсияҳои илмӣ, семинар-машваратҳо, ҷаласаҳое, ки БМДҲАСС ҶТ ва Саридораи бойнонии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон мегузаронад, иштирок мекунанд.

Ҳамаги дар сомона: 1
»истифодабарандаи аъзо шуда: 0
ћеҳмон: 1