» » Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинаи Бойгонии Милли ва Муассисаҳои Бойгони
на правах рекламы
Маълумоти дар бораи хабар
  • Дида баромад: 60
  • Муҳарир: archive
  • Вақт: 26-06-2018, 16:28
26-06-2018, 16:28

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинаи Бойгонии Милли ва Муассисаҳои Бойгони

Гуруҳ: Қонунгузори

Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоїикистон
Бо мақсади такмили минбаъда, инкишофи ҳамаҷонибаи кори бойгонидорӣ ва таъмин намудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе:
оид ба таҳкими заминаи моддию техникии бойгониҳо барои таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии ҳумҳурии Тоҳикистон чораіои таъхирнопазир андешад;
иҷрои корҳоро оид ба такмили фонди эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоят арзишноки Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотонии муосир барои нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, ҷустуҷўи Ҳуҷҷатҳои бойгонњ чораҳо андешад;
оид ба истифодаи усулҳо, воситаҳо ва технологияҳои нави коркарди барқароркунию консерватсионии ҳуҷҷатҳо, таҷдиди матнҳои хирашудаи ҳомили қоғазӣ чораҳои зарурӣ андешад.
2. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
корҳои консерватсионӣ ва ба шакли рақамӣ гузаронидани хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷоннок намояд;
Ҷихати таҳияи Каталоги Ҷумҳуриявии фондҳо дар шакли электронӣ чораҳои зарурӣ андешад;
бо мақсади таъмини муносибати комплексӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳа Консепсияи рушди кори бойгонидории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.
3. Маблаљгузории иҷрои қарори мазкур дар доираи маблғҳое, ки ҳамасола ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ мешаванд, амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 531
ш. Душанбе
шаблоны для dle 11.2
Меҳмони муҳтарам, Шумо дар сомона истифодабарандаи аъзо нашудаед.
Мо ба Шумо тавсия медиҳем Аъзо шудан ё ин,ка дар сомона бо номи худ дароед.
 

Ҳамаги дар сомона: 8
Истифодабарандаи аъзо шуда: 0
Меҳмон: 8