Главная > Қонунгузори > Қарор дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарор дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


26-09-2018, 16:24. Разместил: archive

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгўи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 12 адад (бе ҳайати хизматрасон) мукаррар карда шавад.
3. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани 1 нафар муовини Сардор ва иборат аз 5 нафар ҳайати мушовара иҷозат дода шавад.
4. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба микдори 2 адад мукаррар карда шавад.
5. Маблағгузории хароҷот барои фаъолияти дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои системаи он, ба истиснои Бойгониҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва филиалхои онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000 № 219 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 616
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо ѕарори Іукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 616
тасдиѕ шудаастшаблоны для dle 11.2
Бозгашт ба қафо