Главная > Қонунгузори > Қарор дар бораи чораіои таъхирнопазир оид ба беітар намудани кори нигоідории давлатии сарватіои бойгонии миллии Їуміурии Тоїикистон

Қарор дар бораи чораіои таъхирнопазир оид ба беітар намудани кори нигоідории давлатии сарватіои бойгонии миллии Їуміурии Тоїикистон


26-09-2018, 16:42. Разместил: archive

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади такмили минбаъда, инкишофи ҳамаҷонибаи кори бойгонидорӣ ва таъмин намудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе:
оид ба таҳкими заминаи моддию техникии бойгониҳо барои таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешад;
иҷрои корҳоро оид ба такмили фонди эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоят арзишноки Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотонии муосир барои нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ чораҳо андешад;
оид ба истифодаи усулҳо, воситаҳо ва технологияҳои нави коркарди барқароркунию консерватсионии ҳуҷҷатҳо, таҷдиди матнҳои хирашудаи ҳомили қоғазӣ чораҳои зарурӣ андешад.
2. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
корҳои консерватсионњ ва ба шакли рақамӣ гузаронидани хуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷоннок намояд;
ҷихати таҳияи Каталоги Ҷумҳуриявии фондҳо дар шакли электронњ чораҳои зарурӣ андешад;
бо мақсади таъмини муносибати комплексӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳа Консепсияи рушди кори бойгонидории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.
3. Маблағгузории иҷрои қарори мазкур дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ мешаванд, амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 531
ш. Душанбешаблоны для dle 11.2
Бозгашт ба қафо