на правах рекламы

Таърихи Саридора

Муҳарир: archive аз 14-09-2015, 09:06
Маълумонома дар бораи таърихи Саридора, нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи он (соли таъсисёбӣ, таҷдиди сохтор, зарурат, сабаб)


Таърихи Саридора: Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Саридора) ҳамчун Идораи марказии бойгонӣ дар назди Кумитаи иҷроияи марказии (КИМ) ҶШС Тоҷикистон соли 1930 ташкил шудааст. Соли 1938 ба шӯъбаи бойгонии Комиссариати халқии корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон, соли 1960 ба Идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, соли 1980 ба Саридораи бойгонии Шӯрои назди Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 1988 ба сифати шӯъба тобеи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон шуд. Соли 1989 Шӯъбаи бойгонии Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон ба Саридораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, соли 1991 ба Саридораи бойгонии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992 ба Саридораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994 ба Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи декабри соли 2006 ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 616 «Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомнома ва Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки то имрӯз фаъолият менамояд.

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмуҳаммадов Зафар Абдулвоҳидович (солҳои 1985 – 2000), Мирзоева Ҳусноро Мирзоевна (солҳои 2000 – 2005), Неъматова Шаҳло Нӯъмоновна (солҳои 2005 – 2013) ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намудаанд. Аз 6 декабри соли 2013 Мирсаидова Дилором Амоновна сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва то ба имрӯз роҳбарии Саридораро ба ӯҳда доранд. Дар тӯли солҳои сипаришуда сохтори Саридора якчанд маротиба тағйир ёфта бошад ҳам, вале масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бойгонидории ҷумҳурӣ ба зиммаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондаанд.(Нусхаи фармону қарорҳо замима мегардад).
Нақшаи идоракунии Саридора:

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 616 «Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, иҷро менамояд ва ба ҳолат, рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Бахшҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолияти соҳаро дар маҳалҳо идора мекунанд.
Сохтори дастгоҳи марказии Саридора

Сохтори дастгоҳи марказии Саридора аз роҳбарият, шӯъбаи ташкилию методӣ, ҷамъоварӣ, ташхиси арзишнокии ҳуҷҷатҳо, бойгониҳои идоравӣ ва коргузорӣ, шӯъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва фаъолияти илмӣ – иттилоотӣ, бахши молия ва муҳосибӣ ва баҳши ҳуқуқ иборат аст.
Дар номгӯи муассисаҳои (ташкилотҳои) системаи Саридора: Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филиали Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, Филиали Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор, Филиали Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм, Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо, Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Ҳуҷанд филиалҳои онҳо,Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, Бойгонии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ шомил гардонида шудаанд.

Ҳамаги дар сомона: 9
»истифодабарандаи аъзо шуда: 0
ћеҳмон: 9