Тамос
233 95 71
Саридораи бойгони » Асосӣ » ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ САРИДОРАИ БОЙГОНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ БОЙГОНИДОРӢ ДАР СОЛИ 2022

ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ САРИДОРАИ БОЙГОНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ БОЙГОНИДОРӢ ДАР СОЛИ 2022

10 января 2023, Вторник
2 117
0

 

Санаи 10 январи соли 2023 дар толори асосии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи бойгонӣ Лангарӣ Ҷамила Салмон, ҷаласаи мушовараи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои барои минбаъда баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарон ва кормандони сохторҳои бойгониҳои давлатӣ аз ВМКД, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он иштирок доштанд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис сардори Саридораи бойгонӣ Лангарӣ Ҷамила Салмон баромад намуда чунин ибрози андеша намуд. Аҳли кормандони соҳаи бойгонидории кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус аз Паёми навбатии он кас, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, руҳу илҳоми тоза гирифта, пайваста баҳри татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ, рушди минбаъдаи он, иҷрои ҳамаҷонибаи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи бойгонӣ ба таври доимӣ кушиш ба харҷ дода, соли сипаришударо бо анҷом додани корҳои муайян ҷамъбаст намуданд.

Ҳамзамон дар музокироти масъалаи якуми рӯзнома гузоришҳои директори Бойгонии давлатии ВМКБ,   директори Бойгонии давлатии вилояти Хатлон, директори Бойгонии давлатии вилояти Суғд ва директори Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳои худро баромад намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баромад намуда ва кормандони соҳаи бойгонидориро бо сипосномаҳо қадрдони намуданд.
















Обсудить
Материалы по теме:
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Коргарони мо
Ҳамкориҳо

Шаблоны DleФотошоп ОнлайнБуксы для заработкаМониторинг игр с выводом денег