30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2021» бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.
Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.
Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.
Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» васеъ истифода баранд.
Обсудить
Материалы по теме:
Читайте также:

29 января 2022, Суббота
Дар ноҳияи Фирдавсӣ конфренсияи XXXIV ғайринавбатии ташкилотҳои ҳизбӣ баргузор гардид

26 апреля 2021, Понедельник
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "БОЙГОНӢ" ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2021

05 марта 2022, Суббота
ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН» ҲАМОИШ ДОИР ГАРДИД

22 ноября 2021, Понедельник
Дар Саридораи бойгонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Комментарии (0)