Тамос
233 95 71
Саридораи бойгони » Асосӣ » ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

24 августа 2022, Среда
309
0

         Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.                                                                         

                                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

     
     Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат кафолати истиқлоли миллӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва зиндагии шоистаро таъмин менамояд. Ҳар миллате, ки аз ин неъмат бебаҳра аст, монанди парранди беболу пар аст. Имрӯз дар ҷаҳон миллатҳое умр ба сар мебаранд, ки таърих ва фарҳангу тамаддуни қадима доранд, аммо истиқлоли давлатӣ надоранд. Давлатҳои онҳо ё қисман эътироф гардидаанд ё умуман эътироф нашудаанд.
 Ҳамчунин миллатҳое мавҷуданд, ки дори таърихи бою рангин буда, аммо аз неъмати давлатдории миллӣ бенасибанд. Аз ҷумла, курдҳо, баскҳо, тибетиҳо, сикҳҳо ва якчанд қавму миллатҳои дигар. Ҳамаи ин қавму миллатҳо дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун аз марзи кишварҳои худ дур афтода ё аз ҳуқуқи давлатдорӣ бенасиб монда, то имрӯз сарсону саргардон ҳастанд. Аз ҷумла, миллати курд имрӯз тақрибан дар чанд давлтаҳои дунё аз қабили Туркия, Ироқ, Эрон, Сурия, Россия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон, Афғонистон умр ба сар мебаранд. Қисми бештари курдҳо, ки дар минтақаи муайян ба сар мебаранд, марзи бурдубоши этникиашон, ки ба андешаи онҳо бояд “Курдистони Бузург” унвон бигирад, миёни мамлакатҳои Эрон, Туркия, Ироқ ва Сурия ҷойгир аст, ки онро эътироф накардаанд. Дар бораи таърихи пайдоиши ин миллат низ фарзияҳо гуногун аст. Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ “Шоҳнома” таърихи пайдоиши ин қавмро ба давраи Ажидаҳок (Заҳҳок) марбут медонад. Ба ин монанд чандин қавму миллатҳое мавҷуданд, ки бо вуҷуди доштани таърихи бою рангин, бо мурури замон аз неъмати давлатдорӣ бенасиб мондаанд.

         Таърих ин навъ сарнавиштҳои талху сангинро дар мисоли миллатҳо бисёр ёд дорад. Миллати тоҷик низ, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, пас аз таназзулу нестшавии давлати Сомониён то замони Истиқлол аз ҳуқуқи давлатдорӣ маҳрум буд. Албатта, ҳарчанд дар ин муддат тоҷикон дар сари қудрат набуданд,  аммо фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, забон ва усулу низоми давлатдории давлати Сомониёнро ҳокимони ғосиб истифода мекарданд ва метавон гуфт дар муддати ҳазор сол маҳз таърих, фарҳангу тамаддун, забон, ададбиёти пурғановати тоҷик ва иродаи мустаҳками миллати тоҷик буд, ки аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ ёфт.

         Дар оғози солҳои навадум ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ ҳифзу нигаҳдошти он барои миллати тоҷик бисёр гарон ва бо нархи ҷон афтид. Маҳз таҷрибаи бузурги давлатдорию давлатсозии миллати тоҷик буд, ки тавонист дар замони ҳассосу ноороми ҷаҳони зудтағйирёбанда ваҳдату сарҷамъии миллиро ҳифз намояд ва бо роҳи сулҳу осоиш аз як имтиҳони бузургу сарнавиштсозе бо дасти боло бигзарад.

         Барои нигоҳ доштани ваҳдату ягонагии миллӣ саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон буда, маҳз таҷрибаи сулҳофарии ӯ миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод. Миллате, ки дар тӯли таърихи дароз аз имтиҳонҳои бузургу сарнавиштсоз гузашта буд, ин дафъа хомӯширо ихтиёр накард, садо баланд кард, ки мо барои доштани давлати миллӣ ва Истиқлоли миллӣ комилан ҳақ дорем ва касе ҳақ надорад, моро аз ин неъматҳои бебаҳо маҳрум созад.

         Соли 2009 Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд намудаанд, ки: “Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки дар натиҷаи талошҳои ҳазорсола ба миллати куҳанбунёди мо насиб гаштааст”.

         Шоир Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чунин ишора дорад:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару кору надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Миллати тоҷик сарнавишти хешро ин бор воқеан ҳам ба дасти хеш

биггирифт ва садҳо қаҳрамонҳову паҳлавонони ниёгонро рӯҳбаланд сохт. Биёед, ин гавҳари ноёб-истиқлоли давлатиро эҳтиёт намуда, сарҷамъиву якдилӣ ва якпорчагии сарзамини кӯҳанбунёди худро аз даст надиҳем. 

         31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ муборак бод!!!

                                                                           

                                               Моҳираи Маматхон 

корманди шуъбаи иттилоти бойгонии 

марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                        

                                      

         

 

Обсудить
Материалы по теме:
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Коргарони мо
Ҳамкориҳо

Шаблоны DleФотошоп ОнлайнБуксы для заработкаМониторинг игр с выводом денег