Тамос
233 95 71
Саридораи бойгони » Асосӣ » ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН» ҲАМОИШ ДОИР ГАРДИД

ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН» ҲАМОИШ ДОИР ГАРДИД

05 марта 2022, Суббота
202
0

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.
Санаи 4 март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода, шоираи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, мушовири Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Марҳабо Латифзода, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва бонувони фаъол иштирок намуданд.
Абдураҳим Шоҳиён ҳозиринро ба Рӯзи зан-модар табрику таҳният намуда, зикр кард, ки саҳми босазои занону бонувон дар рушди устувор ва пойдории давлат назаррас аст.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён атрофи «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Меҳринисо Бобобекова тазаккур дод, ки «модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш аст, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид»,- иброз дошт М. Бобоекова.
Ҳамзамон Муҳаммад Ғоиб оид ба васфи зан-модар ҳамчун олиҳа ва гавҳари бебаҳо ибрози андеша намуда, аз эҷодиёти худ вобаста ба мақоми зан-модар баҳри ҳозирин шеърҳо қироат кард.
Дар интиҳо занону бонувони собиқадор ва фаъоли ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.


















Обсудить
Материалы по теме:
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Коргарони мо
Ҳамкориҳо

Шаблоны DleФотошоп ОнлайнБуксы для заработкаМониторинг игр с выводом денег