Дар Саридораи бойгонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он аз таърихи парчамдории миллати тоҷик филм ба намоиш гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар ҷамъомад Раиси ташкилоти ибтидоии «Бойгонӣ», сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Алиакбар Ҳаётзода, аъзои ҲХДТ ва ҳайати меҳнатии Саридораи бойгонӣ иштирок намуданд.
Ҷамила Лангарӣ оид ба таърихи Парчами давлатӣ ва арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ ибрози андеша намуда, гуфт, ки «парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ва ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад».
Дар идомаи маҷлис кормандони Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таърихи парчамдорӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба ин рамзи муқаддаси миллӣ ибрози андеша намуданд.
https://khovar.tj/wp-content/uploads/2021/11/op9j-300x200.jpg 300w" sizes="(max-width: 450px) 100vw, 450px" class="fr-fic fr-dii" style="width:302px;height:201.01px;">
https://khovar.tj/wp-content/uploads/2021/11/hgyuu6y-300x200.jpg 300w" sizes="(max-width: 302px) 100vw, 302px" class="fr-fic fr-dii">
АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Обсудить
Материалы по теме:
Читайте также:

29 января 2022, Суббота
Дар ноҳияи Фирдавсӣ конфренсияи XXXIV ғайринавбатии ташкилотҳои ҳизбӣ баргузор гардид

05 марта 2022, Суббота
ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН» ҲАМОИШ ДОИР ГАРДИД

26 апреля 2021, Понедельник
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "БОЙГОНӢ" ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2021
Комментарии (0)