Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj

БОЙГОНӢ

01 января 2020, Среда
1 202
0
БОЙГОНӢ, архив, бойгон, муассисаи мустақил ё сохтори мақомоти давлатӣ (ташкилот, муассиса, корхона), ки ҳуҷҷатҳои ба таркиби Хазинаи бойгонии миллӣ дохилкардашуда, инчунин маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ (ташкилот, муассиса, корҳона) ва шахсони алоҳида пайдошударо ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ мекунад, барои баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ тартиб медиҳад, истифодаи минбаъдаи ҳуҷҷатҳоро барои мақсадҳои имрӯзаи давлат ва ҷомеа таъмин менамояд.
Таърихи Бойгонии ватанамон аз ҳазорсолаи 1 то милод сар мешавад. Ёдгорҳои таърихие ёфт шудаанд, ки дар бораи давлатҳои Порт, Хоразм, Суғд, давлатӣ Сомониён маълумоти хатгӣ доранд. Ибни Сино дар бораи Бойгонии китобхонаи давлатӣ Сомониён маълумоти пурарзиш додааст. Аз асрҳои 8-10 сар карда, баробари Бойгонии давлатӣ Бойгониҳои шахсӣ низ пайдо шуданд (Бойгонии Деваштич ва ғайра).
Аммо дар давлатҳои Осиёи Миёна як сохтори ба кори бойгонидорӣ роҳбарикунанда набуд ва ин ҳол барои ба¬ҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Бойгонӣ таъсири манфӣ расонд. Баъди Инқилоби Октябр дар асоси декрета Шӯрои Комиссарони Халқи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия аз 1 июни 1918 «Дар бо¬раи дигаргунсозӣ ва марказонидани кори бойгонӣ» ва ди¬гар қарорҳои ҳукуматӣ ҳуҷҷатҳои ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корҳонахо ба Хазинаи ягонаи Бойгонии давлатӣ дохил карда шуданд ва дар миёнаҳои солҳои 20-ум дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан Бойгониҳои давлатӣ ҳамчун муассисаҳои мустақил таъсис ёфтанд. Со¬ли 1928 дар назди Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) Идораи марказии Бойгонӣ ва дар маҳалҳо шуъбахои вай таш¬кил ёфтанд. Солҳои минбаъд якҷо бо тадбирҳои такмили идоракунии давлатӣ ва тағйироти маъмурӣ-ҳудудии мамлакат шабакаи Бойгониҳо низ такмил ёфт. Ҳоло дар Ҷумҳурӣ 5 навъи Бойгонӣ амал мекунад.
Бойгонии давлатӣ, муассисаи мустақил, ки нигоҳдории доимии давлатии ҳуҷҷатҳои ба таркиби Хазинаи бойго¬нии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшудаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо, инчу-нин ёдгорҳои ҳуҷҷатиро таъмин менамояд. Азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии бойгонии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Бойгонии идоравӣ, сохтори мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассиса, корхона ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи фа¬ъолияти он пайдошударо ҷамъоварӣ ва муваққатан нигоҳдорӣ мекунад. Бо гузашти муҳлати ниҳоии нигоҳдо¬рии идоравӣ ҳуҷҷатҳое, ки ба таркиби Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, ба¬рои нигоҳдории доимӣ ба Бойгонии давлатии дахлдор супорида мешаванд. Дигар ҳуҷҷатҳои Бойгонӣ тибқи қоидаҳои муқарраргардида, ё барои нигоҳдории дарозмуддати идоравӣ, ё барои нобудкунӣ ҷудо карда мешаванд.
Бойгонии шуъбаи дастхатҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо ва баъзе пажухишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории ҷорӣ нигоҳдории доимии дав¬латии ҳуҷҷатҳои алоҳидаи Хазинаи Бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёдгорхои ҳуҷҷатиро созмон медиҳанд.
Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои хайати шахсӣ муассисаи мустақил буда, ҳуҷҷатҳои хайати шахсии ташкилотҳо ва корхонаҳои шаҳр (ноҳия)-ро нигаҳдорӣ меку¬над ва дар асоси ин ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандон дар бораи собиқаи кор, музди маош ё таҳсил дар мактабхои касбӣ маълумотномаи бойгонӣ омода менамояд. Муассисаи Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр (ноҳия)-и Тоҷикистон мебошад.
Бойгонии хазинаи соҳавӣ дар сохтори вазоратҳо ва идораҳои алоҳидаи Тоҷикистон таъсис ёфта, тибқи қонунгузории ҷорӣ нигоҳдории доимии давлатии ҳуҷҷатҳои алоҳидаи хазинаи Бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмон медиҳад.
Соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» қабул карда шуд, ки сохтор ва вазифаҳои соҳаи кори Бойгониро дар шароити ҳозира муайян менамояд. Кори Бойгонии имрӯза дар Тоҷикистон соҳаи алоҳидаи фаъолият буда, масъалахои ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузории ҷорӣ, батартибоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Бойгониро дар бар меги¬рад. Соҳаи кори Бойгониро Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Бахшҳои Бойгонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давла¬тии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сиёсати давлатро оид ба соҳаи кори Бойгони амалӣ гардонида, кори Бойгониро дар ҳудуди муайян идора мекунанд.
Барои Бойгониҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, ДДСТ ба номи М. Турсунзода мутахассис тайёр мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 12 Бойгонии давлатӣ, 59 Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ амал менамоянд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳои Хазинаи Бойгонии мил¬лии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёдгорҳои ҳуҷҷатӣ дар шуъбаҳои дастхатҳои осорхонаҳо, китобхонахо ва пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Бойгониҳои хазинаҳои соҳавии як катор вазоратҳо нигоҳ дошта меша¬ванд. Дар сохтори мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассисаҳо, иттиходияҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо Бойгонии идоравӣ ташкил карда шудаанд. Айни замон дар Тоҷикистон Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон, Бойгонии марказии дав¬латии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии давлатии ВМКБ, Бойгонии давлатии вилояти Суғд, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Курғонтеппа, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, филиалҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, шаҳракҳои Ғарм ва Ҳисор, филиал¬ҳои Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент фаъолият менамоянд.
Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калонтарини Бойгонии мамлакат мебошад. Дар хазинаҳои ин Бойгонии давлатӣ ҳуҷҷатҳои аз солҳои 60 асри 19 то рӯзҳои мо маҳфузанд. Дар Бойгонӣ ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамроҳ карда шудани минтақахои шимоли ғарби Тоҷикистон ба Руссия (аз соли 1867), ҳуҷҷатҳои идоракунии давлатӣ, суду нотари¬ат, ташкилотҳои ҳарбӣ, политсия, молия ва хоҷагии уездҳои Хуҷанд, Ӯротеппа (имрӯза Истравшан) ва Исфараи мақомоти мустамликавии генерал-губернатории Туркистон нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин ҳуҷҷатҳо сиёсати бераҳмонаи мустамликавии ҳокимияти мутлақи подшоҳӣ, истисмори сангдилона ва зулму ситами меҳнаткашон аз тарафи амалдорони волӣ ва мулкдорони таҳҷойӣ дида мешавад. Ҳуҷҷатҳо оид ба таърихи ҳаракатҳои халқии солҳои 70 асри 19 ба муқобили ҷавру зулм, шӯриши халқии соли 1916 дар Хуҷанд маълумот медиҳанд. Дар нусхаҳои хурди ҳуҷҷатҳои идорадории қушбегии амири Бухоро дар бораи вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии аморат, задухӯрдҳои мардум бо амалдорони амир, дар заминҳои мулкдорони калон барои иҷрои корҳои сангини коркард ва ҳосилғундорӣ ҳамчун муздур истисмор намудани аҳолӣ ва ғайра маълумотхо мавҷуданд.
Дар хазинахои Бойгонӣ ҳуҷҷатҳои мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, суду прокуратурахои Бухорои Шарқӣ, Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, маводи анҷуманҳои Шӯроҳо, сессияҳо ва Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказӣ, Шӯроӣ Олӣ, Шӯрои Вазиро¬ни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, вазоратҳо, мақомоти лоиҳакашӣ, Шӯроӣ Олии хоҷагии халқӣ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ташкилотҳо ва иттиҳо¬дияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳакашию конструкторӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, мак¬табҳои олӣ ва муассисаҳои тандурустӣ, нашриёту редаксияҳо, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, созмонҳои иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуҷҷатҳои ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олимон, арбоби санъат ва адабиёт, навоварон ва пешқадамони истеҳсолот, қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гирд оварда шудаанд. Аз рӯйи ҳуҷҷатҳои ин хазинаҳо дар бораи барпокунии ҳокимияти Шӯравӣ, муборизаҳо ба муқобили душманони ҳокимияти нав, барқароркунии хоҷагиҳои дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва ҳалли масъалаҳои иқтисодию сохтмони маданӣ дар солҳои ав¬вали ҳокимияти Шӯравӣ маълумот пайдо карда мешаванд. Дар ҳуҷҷатҳои Бойгонӣ оид ба муборизахои шадид ва пурмашаққати мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи аз Ҷумҳурии мухтор ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил додани Тоҷикистон, дар бораи ба вуҷуд омадани манбаъҳои рушди саноат, сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Варзоб, ташкили истеҳсолоти касбӣ-ҳунармандӣ, саноа¬ти мутараққии сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, тараққиёти нақлиёт, телеграф, телефон, радио, сохтмони роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе, роҳи оҳани камбари Душанбе-Ҷиликӯл-Кӯлоб, сохтмони роҳҳо, ислоҳоти обу замин, ташкил ёфтани аввалин артелҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмони наҳрҳои обӣ, азхуд намудани заминҳои водии Вахш, маҳви бесаводӣ, ташкили мактабҳо, тайёр намудани кадрҳо, инқилоби маданӣ, рушди варзиш ва ғайра дар солҳои 20-40 асри 20 маълумотҳои ғанӣ мавҷуданд. Ҳуҷҷатҳои Бойгонӣ дар бораи ба мақсадхои ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) равона намудани тамоми кори мақомоти давлатӣ ва ташкилоту хоҷагиҳо, ёрии меҳнаткашони ҷумҳурӣ ба ҷабҳа (фронт), меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ, қабул ва ҷойгиркунии гурезаҳо аз минтақахои назди майдони ҷанг, корномаҳои ҳарбии диловарони Тоҷикистон маълумот медиҳанд.
Дар ҳуҷҷатҳои солҳои 50-80 асри 20 маълумоти ғанӣ дар бораи рушди минбаъдаи саноати Тоҷикистон, сохтмони Нерӯгохи барқи обии Норак, Комплекси территориявӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон, сохтмони силсилаи обёрии Вахшу Хоҷабоқирғон, бунёди иншооти мураккаби ирригатсионии Бойғозӣ, Ёвону Обикиик, азхудкунии заминҳои нав, инкишофи хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт, пайдоиши шаҳру шаҳракҳои нав, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, нашъунамои илм, адабиёт, санъат, рушди шабакаи радио ва телевизион, дастовардҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш маълумоти фаровон пайдо карда мешаванд.
Дар Бойгонӣ ҳуҷҷатҳои фондҳои шахсӣ аз ҳуҷҷатҳо дар бо¬раи фаъолияти хидматӣ ва ҷамъиятӣ, маводди мукофотонӣ ва тасвирӣ, дастнависи асарҳо, корҳои илмӣ, мақолаҳо ва ғайра иборатанд. Дар филиалҳои Бойгонии давлатии марка¬зии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, шаҳракҳои Ғарм ва Ҳисор ҳуҷҷатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ки маълумотро аз соли 1925 то имрӯз дар бар мегиранд, маҳфузанд. Дар Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон филмҳои зиёди хроникавию ҳуҷҷатӣ, киножурналҳо, суратҳои ҳуҷҷатӣ (негативҳо ва албомҳои мавзӯӣ, фотопозитивҳо, фонотекаи бадеӣ ва фолклор) ҷамъ оварда шудаанд. Дар киноҳуҷҷатҳо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаи семент, корхонаи маслеҳи охану бетон, Комбинати бофандагии матоъҳои пахтагини Душанбе, Комбинати абрешими Хуҷанд, иншооти обёрӣ наворбардорӣ шудаанд. Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар бораи асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, рассом М. Олимов, ҳунарпешагони халқии ИҶШС М. Қосимов, Л. Зоҳидова, А. Бурҳонов, Т. Фозилова, Артисти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон С. Туйбоева, нахустин раиси колхоз дар водии Ҳисор М. Ризо, ки аз тарафи босмачиён ба қатл расонида шуда буд, Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ С. Исоев, Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Т. Эрйигитов, У. Ёқубов, С. Амиршоев, ҳодиса¬ҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, хоҷагидорӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар асри 20 нақл мекунанд.
Дар суратҳуҷҷатҳо давраҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон аксбардорӣ шудааст. Суратҳуҷҷатҳои давраи тоинқилобӣ тасвиротро дар бо¬раи истеҳсоли дастии зарфҳо, матоъ, равған, чарм, шамъ ва ғайра, дар бораи мактабҳои динии мусулмонӣ, коркарди замин бо воситаи омоч, сохтмони иншооти обёрӣ дар Сирдарё медиҳанд.
Суратҳуҷҷатҳои давраи шӯравиро метавон ба гурӯҳҳое, ки онҳо марҳалаҳои асосии ҳаёти ҷумҳуриро тасвир менамоянд, тақсим намуд: мубориза барои барқарор ва мустаҳкам намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон (аз ҷумла мубориза бар зидди ҳаракати босмачигарӣ); таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва қадамҳои нахустини он дар сохт¬мони ҳаёти нав; иштироки халқи тоҷик дар ҶБВ, чи дар ҷабҳа ва чи дар ақибгоҳ ва саҳми он дар ғалаба бар Олмони фашистӣ; болоравии хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ дар солҳои баъдиҷангӣ, сохтмони муассисаҳои саноатӣ, марказҳои маданӣ, пешрафти хоҷагии қишлоқ ва ғайра.
Таваҷҷуҳи бештарро суратҳуҷҷатҳое доранд, ки лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷумҳуриро инъикос менамоянд: ҷамъомад ба муносибати таъсиси ИҶШС Тоҷикистон (соли 1924); ҷамъомади тантанавии колхозчиён дар митинги ботантана ба муносибати омадани трактори нахустин ба Курғонтеппа (соли 1925); қатори нахустин автомобилҳо дар роҳ ба шаҳри Душанбе (соли 1926); ҷамъомади бюрои ташкилии Иттифоқи «Қӯшчӣ» (Иттифоқи батракҳо) дар шаҳри Душанбе (соли 1926); аъзои кумитаи комсомоли «Вахшстрой» (соли 1931); намояндагони халқи тоҷик бо роҳбарии Раиси Президиуми Шӯроӣ Олии Тоҷикистон М. Шогадоев дар назди ҷанговарони Ҷабҳаи Ғарбӣ (соли 1942).
Дар суратҳуҷҷатҳо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ, иншооти обёрӣ акс гардидаанд. Гурӯҳи нисбатан калонро дар байни суратҳуҷҷатҳо сурат¬ҳои арбоби намоёни давлатию ҷамъиятӣ, ходимони илму фарҳанг, пешқадамони истеҳсолот, қаҳрамонон ва дигар шахсиятҳои хидматнишондодаи ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Ҷойи махсусро дар байни онҳо расмҳои ходимони барҷастаи давлатӣ А. Раҳимбоев, Ш. Шотемур, Ч. Имомов, Я. Афзалӣ, нахустин Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа¬листӣ С. Ӯрунхоҷаев ва бисёр дигар мегиранд.
Суратҳуҷҷатҳои солҳои 1991-2006 оид ба тағйироти иҷтимоӣ ва иқтисодии дар Тоҷикистон бавуқуъпайваста мақоми хоссаро ишғол менамояд. Ин суратҳуҷҷатҳо худ гувоҳ аз қадамҳои устувори миллати тоҷик дар роҳи соҳибистиқлолию бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, баҳри соҳиб шудан ва эътибори умумиҷаҳонӣ пайдо кардани давлати мустақил мебошанд. Дар Бойгонӣ ҳамчунин ҳуҷҷатҳои хроникавӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Инҳо сабти маҷолис, ҷамъомадҳои ботантанаи санаҳои муҳим ва таърихӣ, суханрониҳо, сухбатҳои ходимони намоёни давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони машҳури илм, маориф, тандурустӣ, адабиёт ва санъат мебошанд. Дар Бойгонӣ навору пластинкаҳои мусиқию опера, хор, вокалу асарҳои симфонии оҳангсозони тоҷик, мусиқӣ ва сурудҳои халқӣ низ мавҷуданд.
Дар Бойгонии давлатии ВМКБ ҳуҷҷатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз соли 1921 то имрӯз маҳфузанд. Дар Бойгонии вилояти Суғд ва филиал¬ҳои он дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент ҳуҷҷатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз соли 1917 то имрӯз нигоҳдорӣ мешаванд. Дар Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Курғонтеппа ҳуҷҷатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Курғонтеппаи вилояти Хат¬лон аз соли 1924 то имрӯз маҳфузанд. Дар Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷатҳои мақомоти иҷро¬ияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилоя¬ти Хатлон аз соли 1925 то имрӯз мавҷуданд. Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Дар ин Бойгониҳо ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Ба таркиби ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ дохил мешаванд: фармонҳо дар бораи ба кор қабул кардан ва аз кор озод намудан, китобҳои баҳисобгирии музди маош, парвандаҳои шахсии кормандон, ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии мактабҳои таҳсилоти касбӣ (фармонҳо, суратмаҷлисҳо (протоколҳо)-и комиссияҳои имтиҳонҳои хатмкунӣ). Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ бо дархости шаҳрвандон аз рӯйи ин ҳуҷҷатҳо ба онҳо дар бораи собиқаи кор, музди маош ва таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти касбӣ маълумотномаҳо тайёр карда медиҳанд.
Бойгониҳои идоравӣ сохтори мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассиса, корхона буда, ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи фаъоли¬яти онҳо пайдошударо нигоҳ медоранд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маӣи 2000, № 203 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгониҳои идоравӣ ва супоридани онҳо» муҳлати ниҳоии нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ дар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Ҷумҳурӣ 15 сол, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти дав¬латии вилоятҳо, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи вилоятҳо 10 сол, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи шаҳру ноҳияҳо 5 сол муқаррар гар¬дидааст. Бо гузашти ин муҳдатҳо ҳуҷҷатҳои Бойгонӣ тибқи қоидаҳои муқарраргардида ба тартиб дароварда, барои нигоҳдории доимӣ ба Бойгонии давлатии дахлдор супорида мешаванд.
Адабиёт: Сборник документов. Из истории индустриализации Тад¬жикской ССР. Т. 1. 1926-1941 гг. Душанбе, 1972; Сборник докумен¬тов. Из истории развития Таджикской ССР. 1991-1958 гг. Душанбе, 1981; Сборник документов. Кооперативно-колхозное строитель¬ство в Таджикистане 1917-1929 гг. Душанбе, 1987; Сборник докумен¬тов. Из истории колхозного строительства в Таджикской ССР. Т. 1. 1938-1958 гг. Душанбе, 1985; Сборник документов. Из истории куль¬турного строительства в Таджикской ССР. Т. 1. 1941-1960 гг. Душанбе, 1972; Сборник документов. Истории культурного строительства в Таджикской ССР. Т. 2. 1917-1977 гг. Душанбе, 1983; Сборник докумен¬тов. Нормативные акты государства и Правительства Республики Таджикистан по архивному делу 1921-2005 гг. Душанбе, 2005 (Главное ар¬хивное управлении при Правительстве Республики Таджикистан); Акрамов И. А., Герцман Н. И., Раҳматназарова С. Г., Спевак М. А. Государственные архивы Таджикской ССР (справочник). Душанбе, 1982.
Ш. Неъматова,  Ҳ. Акрамов





















Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо