Тамос
233 95 71
Саридораи бойгони » Асосӣ » ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

22 ноября 2022, Вторник
80
0


“Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд”

                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикон аз қадим соҳибпарчам ва соҳибдавлат буданд. Вожаҳои парчам, дирафш ва ливо миёни мардуми ориёитабор аз вожаҳои муқаддас ба ҳисоб рафта мерафтанд. Вожаи “дирафш” дар яке аз қадимтарин осори хаттии ориёиҳо “Авесто” дар шакли “драфша” омада маънояш дурахшидан аст. Дар Шоҳнома ва дигар манобеи таърихӣ омадааст, ки вақте Кова аз дасти морони Заҳҳок ҳабдаҳ писари ҷавони худро аз даст медиҳад, бар зидди шоҳ бармехезад.

Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон, 

Аз эшон яке мондааст ин замон.

Ва чун вақте писари ҳаждаҳуми ӯро куштан мехоҳанд, ӯ пешдомани сурхи чармини худро  боло бардошта мардумро бар зидди Заҳҳок даъват менамояд. Чун бар Заҳҳок ғолиб меоянд, мардум пешдомани сурхи Коваро ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва музаффарият алайҳи душман ҳисобида онро “Дирафши Ковиёнӣ” унвон мекунанд. Шоҳ Фаридун фармон медиҳад, то онро бо сангҳои қимматбаҳо ороиш диҳанд ва вожаи дирафш низ аз ин гирифта шуда, ки маънояш дурахшидан аст. Он сангҳои қимматбаҳо лашкарро дар торикии шаб ба роҳнамоӣ ва муттаҳидӣ низ даъват мекардааст. Аз ин ба баъд ҳар шоҳе, ки бар тахт менишаст, он дирафшро бо гавҳарҳо оро медод, ки дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ чунин омадааст.


Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,

Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

 

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».

 

Аз ин пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ,

 

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

 

Зи дебои пурмояву парниён

Бар он гуна гашт ахтари ковиён,

 

Ки андар шаби тира хуршед буд,

Ҷаҳонро аз ӯ дил пуруммед буд.


Тибқи сарчашмаҳои таърихиву адабӣ маълум гардидааст, ки Фаридун пас аз марги Кова тамоми дороии ӯро ба фарзандаш медиҳад, аммо дирафшро ҳамчун фоли нек дар хизонаи давлат нигоҳ медорад ва дар ҳар набарде, ки онро бо худ мегирифта, зафар мекардааст. Аз ин рӯ, он барои ориёиҳо ҳамчун нишони умеду орзуи пояндагӣ ва рамзи ормонҳои миллӣ муқаддас будааст. Ин дирафш тибқи сарчашмаҳо то замони охирин шоҳи сосонӣ Яздигурд дар хизонаи Эрон будааст, ки пас аз он дар набарди Қодисия ё ба қавли дигар дар набарди Мадоин ба дасти мусалмонон меафтад. Арабҳо гавҳарҳои онро барчида пӯсти онро месӯзонанд.

         Перомуни ин масъала Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора намудааст: “Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд”.

Намунаи Дирафши Ковиёнӣ пас аз Фаридун


Дар парчаме, ки замони Куруши Кабир гиромӣ медоштаанд, расми уқоб будааст, ки нишона аз қудрат ва нерумандии ҳамон давлат дар он даврон ба ҳисоб мерафтааст. 

Аз ин ба баъд парчами тоҷикон чандин дафъа тағйир ёфта бо номҳои охирин 24 ноябри соли 1992 бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин санадҳои таърихӣ “Дар бораи парчами давлатӣ ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки минбаъд он ҳамчун рамзи давлатдори миллии тоҷикон дар замони муосир шинохта шуд.

Бошад, ки парчами давлатии тоҷикон ҳамеша парафшон бимонад. Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бодо!


Моҳираи Маматхон – корманди шуъбаи иттилооти бойгонии маркази давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон














 

Обсудить
Материалы по теме:

Читайте также:

ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО
20 сентября 2022, Вторник
ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО
БОЙГОНӢ
01 января 2020, Среда
БОЙГОНӢ
ТО ЗАБОН ДОРАД, ВАТАНДОР АСТ Ӯ...
03 октября 2022, Понедельник
ТО ЗАБОН ДОРАД, ВАТАНДОР АСТ Ӯ...
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Коргарони мо
Ҳамкориҳо

Шаблоны DleФотошоп ОнлайнБуксы для заработкаМониторинг игр с выводом денег