Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj

Бойгонии давлатии вилояти Суғд

25 апреля 2022, Понедельник
2 126
0

        Бойгонии давлатии вилояти Суғд яке аз кӯҳантарин бойгониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

       Ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар омӯхтани ҳаёт ва таҷрибаи бои рӯзгори мардуми сарзамини тоҷикон, дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ, пешрафти маданияту иқтисодиёт ва истифодаи бисёр ҷиҳатҳои мақбули онҳо дар шароити имрӯза воситаи пурқимат мебошанд.

       Вилояти Суғд аз давраҳои қадим ба шарофати Хуҷанд, Истаравшан, Исфараю Панҷакент барин шаҳрҳои бонуфуз ва мардуми соҳибфарҳанги он чун нуқтаи муҳими ҳаёти сиёсию мадании на танҳо Осиёи Марказӣ, балки тамоми Машриқзамин шинохта шудааст. Овозаи меваҳои Хуҷанд, эъҷози дастони ҳунармандон, тарзи ҳаёти аҳолии ҳушзавқи он, эҷоди олимонаш вирди забони халқи кишварҳои дуру наздик гардидаанд. Сайёҳони машҳури Юнону Руми қадим, Арабистону Чин дар ин бора ҳуҷҷатҳои зиёде аз худ боқӣ гузоштаанд, ки онҳо таърихи халқи моро рангинтар месозад.

       Таърихи бисёрҳазорсолаи кишварамон пур аз рӯйдоду ҳодисоти сиёсию иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятист. Вале таърихи халқи тоҷик ҳанӯз пурра омӯхта ва ҳамаҷониба шарҳ дода нашудааст, ҳоло он саҳифаҳои норавшани бисёре дорад. 

       Сабаби нопуррагии саҳифаҳои китоби таърихи халқ, пеш аз ҳама, то рӯзҳои мо нарасидани ҳуҷҷату санадҳост. Қисме аз онҳо дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарӣ ва тохтутозҳои истилогарон аз байн рафта бошанд, қисми дигар дар натиҷаи муносибати саҳлангорона ё аз беэҳтиётии ашхоси беидрок тӯъмаи оташ гардидаанд батамом несту нобуд шудаанд.

       То соли 1926 дар ҳудуи вилояти Суғди ҳозира ягон идора ё шахси масъули ба кори ҷамъоварию нигаҳдории ҳуҷҷатҳо машғул набуд. Танҳо 9 августи соли 1925 бо қарори кумиҷроияи уезди Хуҷанд мансаби расмии бойгончӣ (архивариус) ҷорӣ карда, ба ӯ ҷамъ овардан ва ба нигаҳдории давлатӣ қабул намудани ҳуҷҷатҳои инъикоскунандаи фаъолияти идораҳои давлатӣ ва корхонаю муассисаҳо супорида шуд.1

       Бо қарори ҳайати калони раёсати кумиҷроияи округи Хуҷанд аз 16 декабри соли 1928 дар асоси бойгонӣ уезди дар Хуҷанд бюрои округии бойгонӣ бо штати ду нафар ташкил карда мешавад.2

       Бинобар барҳамхӯрдани округи Хуҷанд бо қарори кумиҷроияи округи Хуҷанд аз 6 октябри соли 1930 (протоколи №50) Бюрои бойгонии Хуҷанд ба бахши байниноҳиявӣ бо тобеияти бевоситаи КИМ Тоҷикистон ташкил карда мешавад.3 

       Дар соли 1938 бо ҷорӣ намудани округи маъмурию ҳудудӣ тақсимоти Бойгонии Марказии идораи РСС Тоҷикистон табдил додани Бюрои бойгонии байниноҳиявии Ленинобод дар округ, аммо баъд аз ташкил шудани вилояти Ленинобод (27 октябри 1939 с.) Бойгонии давлатии вилоятӣ ташкил карда мешавад.4 

       24 майи соли 1962 бинобар барҳам додани   вилояти Ленинобод дар заминаи бойгонии вилоят, бо фармоиши Совети Вазирони РСС Тоҷикистон №315, дар асоси бойгонии вилояти филиали Бойгонии Марказии давлатии РСС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ҳудуди хизматии он шаҳрҳои зерин дохил шуданд: Ленинобод, Қайроққум (бо Совети қишлоқи – Консой, Қуруқсой, Олтин-Топкан, Адрасмон, Чойрух-Даррон), Чкаловск, ноҳияҳои Мастчоҳ, Нов, Пролетар, Хуҷанд.5  

        Дар асоси қарори маъмурият аз 14 ноябри соли 1977 ва фармони Идораи бойгонӣ дар назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1977 №56, аз 1 январи соли 1978 дар асоси филиали Ленинободии Бойгонии давлатии марказии РСС Тоҷикистон Бойгонии давлатии вилояти Ленинобод ташкил мегардад. 

      Дар вилоят корҳои расмии ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва маҳфуздории давлатии онҳо аз нимаи дуюми асри XIX оғоз ёфта буд. Аз ин ҷост, ки имрӯз муштариёни мо дар бойгониҳо бо ҳуҷҷатҳои нодири идораи уездҳои Хуҷанду Исфонӣ, мақомоти идоракунии вулусҳо, суду қозихонаҳо шинос шуда, дар бораи сиёсати мустамликадории подшоҳии Русия, фаъолияти созмонҳои пинҳонкори сиёсӣ, сафарбаркунии аҳолии маҳаллӣ ба корҳои ақибгоҳ, пахш кардани шӯриши мардуми Хуҷанд дар соли 1916, дар бораи зовуту фабрик, саноати маҳаллӣ, кирмакпарварӣ, токдорӣ, шумораи аҳолии шаҳру деҳот, миқдори мактабҳо, шарҳи ҳаёти иқтисодии кишварамон маълумотҳо гирифта метавонанд.

      Бойгониҳои вилоят вазифаҳои ба зимаашон гузошташударо бо сарбаландӣ ба ҷо меоранд. Истифодаи пурсамари онҳоро ба манфиати пешрафти минбаъдаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда истодаанд. Дар тӯли ин солҳо корҳои илмию ахбороти ва интишори ҳуҷҷатҳо равнақ ёфт. Бо камоли қаноатмандӣ қайд кардан лозим аст, ки кормандони бойгонии давлатии вилоят ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан будаи он дар индавра маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро дар бораи анҷуманҳои Шӯроҳои уезд ва округи Хуҷанд, маълумотномаҳоро дар бораи таърихи тақсимоти маъмурию ҳудудии вилояти Суғд, ноҳияҳои Конибодом, Исфара, вилоят ва округҳои ноҳияҳои Истаравшан, роҳнамоҳои бойгониҳои давлатиро тартиб додаю нашр карданд. 

      Дар вақти ҳозира Бойгонии давлатии вилояти Суғд ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент фаъолият мебаранд, ки солҳои 1966, 1970, 1982 ташкил шудаанд.6           

 1. БДВС – х.165, р.14, п.3, с.3.

2. БДВС – х.165, р.14, п.7, с.12.

3. БДВС – х.372, р.1, п.594, с.22.

4. Бойгонии давлатии ИРСС (маълумотномаи кӯтоҳ) М – 1956 с., саҳ.455. 

5. БДМ РСС Тоҷикистон х.882, р.9, п.7, с.15.

6. БДВС – х. 891, р.1, п.183, с.2    

Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо