Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Асосӣ » ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12 января 2023, Четверг
1 239
0

Санаи 12 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Саридораи бойгонӣ ва муассисаҳои тобеи он бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнидинзода Шодӣ Рамазон ва Наҷмиддинзода Муҳиддин Наҷмиддин вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наҷмиддинзода Муҳиддин Наҷмиддин вобаста ба масъалаҳои “Пешгирии сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидаткунанда” сӯҳбат намуда, мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дод.

 Пас аз суҳбати пурмуҳтаво ва хотирмони намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайниддинзода Шоди Рамазон бо кормандон дар доираи масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо