Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Озмоишгоҳи марказӣ » Маълумотнома » ОЗМОИШГОҲИ МАРКАЗИИ БАРҚАРОРКУНӢ ВА НУСХАБАРДОРИИ ҲУҶҶАТҲО

ОЗМОИШГОҲИ МАРКАЗИИ БАРҚАРОРКУНӢ ВА НУСХАБАРДОРИИ ҲУҶҶАТҲО

10 марта 2022, Четверг
2 252
0

         Озмоишгоҳи марказии  барқароркунӣ ва  нусхабардории   ҳуҷҷатҳо  ҳамчун  сохтор аз   1  апрели  соли 1959 дар   ҳайати Бойгонии марказии  давлатии РСС Тоҷикистон  таъсис дода  шудааст.     Шӯъбаи мазкур  Озмоишгоҳи  тармимгарӣ ва   микрофилмкунии  ҳуҷҷатҳо  номида шуда,   дар  он  11 – нафар кору  фаъолият   менамуданд.

     Баъди   31- соли  фаъолият  дар ҳайати   Бойгонии марказии  давлатии РСС Тоҷикистон,  бо  фармони   Шӯрои  Вазирони РСС Тоҷикистон  аз 10-уми июли  соли   1989 таҳти рақами № 124  қарор дар бораи «Идоракунӣ дар кори бойгонии РСС Тоҷикистон»  қабул   карда  шуд.  Мувофиқи   он  аз  1-уми   январи  соли  1990   Озмоишгоҳи  марказии  микрофилмкунӣ   ва  тармими  ҳуҷҷатҳои бойгониҳои давлатии РСС Тоҷикистон  таъсис   дода  мешуд. Вале  бо сабабҳои номаълум  ин   сохтор танҳо 2-юми  марти  соли   1990   таъсис  дода   шуд.

      Аз    аввали  таъсисёбӣ   Озмоишгоҳи   марказӣ 59-соли фаъолияти   пурсамари  корӣ  дорад.

    Озмоишгоҳи марказии  барқароркунӣ ва  нусхабардории   ҳуҷҷатҳо муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.

      Озмоишгоҳи марказии  барқароркунӣ ва  нусхабардории   ҳуҷҷатҳо  дар фаъолияти худ қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кори бойгонӣ, фармоишҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.

      Озмоишгоҳи марказии  барқароркунӣ ва  нусхабардории   ҳуҷҷатҳо  дорои бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ мебошад.

      Номи расмӣ: «Озмоишгоҳи марказии  барқароркунӣ ва  нусхабардории   ҳуҷҷатҳо» мебошад.

      Озмоишгоҳи марказии  барқароркунӣ ва  нусхабардории   ҳуҷҷатҳо бо ин мақсадҳо ташкил карда шудааст:

 

- аз нав барқароркунии маводҳои қоғазии Хазинаи бойгонии миллӣ;

- супоридани ҳуҷҷатҳо барои ба шакли электронӣ гузаронидан;

- духтан ва муқовабандии ҳуҷҷатҳо;

- тармими (рестоврация) ҳуҷҷатҳо;

- ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳо;

- ҷобаҷо гузории ҳуҷҷатҳо;

- нест намудани мағор аз ширеши пешина;

- омӯзонидани донишҷӯёни таҷрибаомӯз бо кору фаъолияти Озмоишгоҳ;

- ба бойгониҳои идоравию байниидоравӣ пешниҳод намудани дастуру тавсияҳои методӣ.

Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо