Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Асосӣ » ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО

ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО

20 сентября 2022, Вторник
1 421
0

 ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО

“Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем”

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

    Тайи чанд рӯзи охир дар марзи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон вазъи ногувор ҳукмфармо гардидааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳарчанд кӯшиш намуда, ки вазъро бо роҳу сулҳ ҳал намоянд, аммо ҷониби Қирғизистон чун дафъаҳои гузашта аҳдшиканона ба марзи Тоҷикистон ҳамла менамояд.

    Тибқи шартномаҳое, ки миёни ҷонибҳо вобаста ба марз ба имзо расида буд, дар солҳои 1924, 1927 ва 1947 Ворух дар ҳудуди марзи Тоҷикистон ҷойгир аст. Масъалаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бори аввал дар солҳои 50-уми асри гузашта ба миён меояд. Аз ин ба баъд Қирғизистон ба марзи Тоҷикистон чандин дафъа ҳуҷумҳои мусаллаҳона намуда, ба мардуми тоҷик зарари зиёди рӯҳию равонӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ додааст. Аз ҷумла дар санаи 31 декабри соли 1974 гурӯҳи мусаллаҳи шаҳрвандони Қирғизистон ба деҳаи Ворухи Тоҷикистон ҳамла мекунанд, ки дар натиҷа мардуми маҳаллӣ зарари калони моддиву маънавӣ мебинанд. Пас аз ин соли 1989 миёни Тоҷикистону Қирғизистон низои дигар ба амал меояд. Дар ин низоъ мардуми қирғиз нахустин шуда ба таври мусаллаҳона ба деҳаи Хоҷаи Аъло ҳуҷум мекунанд. Дар ин харитаҳо бармало дида мешвад, ки ин марзҳое, ки тайи чандин сол зери баҳс қарор гирифта Ҳукумати Қирғизистон онҳоро аз худ карданӣ мешавад, дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд.

 

 


    Дар солҳои 2000-ум миёни Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти сарҳадӣ аз нав ба миён меояд. Дар соли 2007 Тоҷикистон ба хотири дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба Қирғизитсон иҷозат медиҳад, ки барои дар ҳудудаш барои сохтани роҳ ба дарозои 272 метр ба муҳлати 49 сол иҷозат бидиҳад. 

    Пас аз ин онҳо боз барои гирифтани дигар ҳудудҳои Тоҷикистон кӯшиш намуда, чандин дафъа бо ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи худ ҷони чандин сарбозону мардуми маҳаллиро мерабоянд.

    Воқеоте, ки тайи чанд рӯзи охир ба вуҷуд омаданд, нахуст боз аз ҷониби ҳуҷумҳои неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон оғоз ёфтанд ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳимояи марзу буми хеш албатта дигар хомӯш истода наметавонист. Ҳукумати Тоҷикистон чанд дафъа кӯшиши бо роҳи сулҳу оштӣ ҳал намудани низоъҳо мешавад, аммо Ҳукумати Қирғизистон ҳар дафъа аҳдшиканона ва номардона кори худро идома медиҳанд. Бар замми ҳамаи ин, ин даъфа низ Тоҷикистон кӯшиш намуд, то масъалаи пешомадаро бо роҳи сулҳ ҳал намоянд, аммо ин бор низ онҳо ваъдахилофӣ намуда пас аз чанд соати музокирот боз кори худро идома медиҳанд.

Метавон гуфт, аз худ намудани заминҳои бегона барои онҳо як навъ одат шудааст. Мардуми қирғиз, ки тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд, аз ин низоми пешгирифтаи Ҳукумат аллакай дилбазан гаштаанд. Онҳо мегӯянд, бо миллати тоҷик ҳеҷ мушкилие надоранд. Мушкилӣ дар худи ҳукуматдорони қирғиз аст. Ин ҷо баъзе аз неруҳои манфиатҷӯе низ даст доранд, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳадафҳои муғризонаи худро ҳар лаҳза пиёда месозанд. Миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳаги бою ғанӣ буда, ҳаргиз ҷониби халқу миллати дигаре теғ накашидааст. Миллате, ки “Шоҳнома”-ву “Маснавии маънавӣ” дорад, миллате, ки аз азал фарҳанги сулҳу дӯстӣ ва меҳмоннавозиро пеша намудааст, ҳаргиз қасди ҷону марзу буми дигаре нахоҳад кард. Аммо барои ҳифзи марзу бум ва нангу номуси хеш ҷони худро дареғ намедорад. Ворух порае аз Тоҷикистон аст, он ҷудонашаванда аст.

    Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос боварӣ дорем, ки ҷониби Қирғизистон роҳи сулҳро мепазирад, зеро дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ ҳифзи оромӣ ва суботи сиёсӣ барои ҳар як миллат ва давлат аз ҳарвақта дида бештар зарур аст. 

    Ҳамчун як зани тоҷик аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан, аз занони Қирғизистон даъват ба амал меорам, то дар бартараф сохтани ин мушкилӣ бетараф набошанд. Мо занон қувваи бузургем, мо метавонем!!!

 

 

МОҲИРАИ МАМАТХОН - корманди шуъбаи иттилооти 

бойгонии маркази давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 












Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо