Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Асосӣ » САРДОРИ РАЁСАТИ БОЙГОНИИ ДАВЛАТИИ ТУРКИЯ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

САРДОРИ РАЁСАТИ БОЙГОНИИ ДАВЛАТИИ ТУРКИЯ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

01 декабря 2021, Среда
601
0
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Раёсати бойгонии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Туркия  Угур Унал дар роҳбаладӣ бо  сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамила Салмон Лангарӣ бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни кори бойгонӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Меҳмононро муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия пазироӣ намуд. 
Дар ибтидо ҷиҳати шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, рушду пешравиҳо ва расму оини мардуми диёр  ба меҳмонон Осорхонаи марказии шаҳр ва боғи фарҳангу фароғати шаҳр муаррифӣ гардид.  
Дар идома доир ба фаъолияти Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода,  тартиби пешниҳод ва ҳифзи асноди бойгонӣ маълумот пешниҳод гардида, бо меҳмон дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.








Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо