Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Бойгонии давлатии вил. Хатлон дар ш.Бохтар » Маълумотнома » Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шахри Бохтар

Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шахри Бохтар

30 января 2023, Понедельник
1 156
0


Бо фармони Совет» Вазирони РСС Тоҷикистон аз 5 апрели соли 1963 таҳти 145 дар пояи бойгонихои давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа нохияхои Куйбышев. Колхозобод, Қумсангир, Панҷ ва Ёвон дар шахри Қӯрғонтеппа филиали Бойгонии Давлатии Марказии РСС Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар натичаи таъсисёбии вилояти Қӯрғонтеппа бо фармони идораи Бойгонии назди Совета РСС Точикистон аз 21 ноябри соли 1977 таҳти № 52 аз 1 январи соли 1978 Вазирони филиали Бойгонии Давлатии Марказии РСС Точикистон ташкил шудааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон ду бойгонии давлатии вилояти дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва 25 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳиявӣ арзи вуҷуд дорад.

Аз давраи таъсис роҳбарияти Бойгониии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтарро Тимошенко Нина, Мамонтова Елена, Белякова Татяна, Кулбусинова Наталя ва Мирзоева Савринисо Раҷабалиевна ба дӯш дошта адои вазифа намудаанд. Айни замон дар мансаби директори бойгонии давлатии вилоят Гулзода Муниса Сайдаҳмад кор ва фаъолият намуда истодааст.

Дар Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ҳуҷҷатҳои ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, идоракунии давлатй, назорати халқи, адлия, корхонаҳои саноати, колхозу совхозҳо, муассисаҳои маорифи халқ, нигохдории тандурусти, фарҳанг, молия, омор ва дигар ташкилотҳои дар ҳудуди минтақаи Бохтар аз солқои 20-уми асри XX то имрӯз амалкунанда маҳфуз буда, шумораи хазинаҳои бойгонй ба 690 адад ва ҳуҷҷатҳояш ба 215260 адад расидааст. Ҳуҷҷатҳои ин хазинаҳо тараққиёти иқтисодию сиёсии вилоят, сохтмони хоҷагидорию фарҳанги, чораҷуиҳои аграриро инъикос менамоянд. Нусхаи қарори иҷлосияи Шӯроҳо, суратҷаласаҳои ҷамъомадҳои Комитетҳои Иҷроия, комиссияҳои доимий оиди тадбирҳои андешидашуда нисбати инкишофи соҳаҳои саноат, пахтакорй, чорводорӣ, аз ҷумла қароқулпарварй, сохтмони рохдову иншоотҳои ирригационӣ, бо мутахассисони миллӣ пурра намудани аппарата давлатӣ, оиди иҷрои нақшаҳои хоҷагии халқ аз тарафи корхонаҳои вилоят, оиди ҳолати муассисаҳои маорифи халқ, тандурустӣ, фарҳанг ва қонунигардонии молу мулк мавҷуд мебошанд.

Ҳуҷҷатҳо оиди муайяншавии қонуният дар ҷамъият дар хазинаи мақомотҳои суд ва прокуратура маҳфуз аст.

Бо мақсади дар маҳфузгоҳҳои бойгонии вилоят шомил гардонидани Хазинаи шахсии шахсони барӯманди вилояти Хатлон, ки баҳри сохтмону ободии диёри хеш заҳмат намуда, дар гулгулшукуфопи кишвари азизамон саҳми муносиби худро гузоштаанд, нусхаи ҳуҷчатҳо аз ҳаёту рузгори беназири онҳо таъсис ва ташкил дода шудааст. Айни хол дар бойгонӣ 92 хазинаи шахсии иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1940-1945, собиқадорони меҳнати сохаи маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ. рузноманигорон, саноат, корманди ҳифзи ҳуқуқ, рассомӣ ва сохаи варзиш ҷамоварӣ гардида нигох дошта мешавад.

Бойгонии давлатӣ дар давраи 30 соли Истиклолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо дастовардхои назаррас ноил гардидаааст. То даври истиклолият шумораи хазинаҳо ба 569 расида, шумораи парвандахо 40872 ададро ташкил медод. Дар давраи соҳибистикдолӣ бошад, шумораи хазинаҳо ба 690 ва шумораи парвандахо 215260 ададро ташкил медиҳад.

Бойгонии давлатй бо мизу курсӣ, таҷҳизот ва технологияҳои муосири ҳозиразамон таъмин мебошад.

Шумораи умумии кормандони аз 12 нафар иборат буда, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо истифода аз ҳуҷҷатҳои дар бойгонй маҳфузбуда муроҷиатҳои шахсонӣ ҳуқуқӣ ва воқеиро қонеъ гардонанд.
















 

Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо