Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Эълонҳо » Озмӯни ҷойҳои холи

Озмӯни ҷойҳои холи

14 апреля 2022, Четверг
1 702
0
Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холи маъмурии хизмати 
давлатӣ озмун эълон менамояд:
  1. Мудири Шуъбаи таъминоти нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва фаъолияти илмӣ-иттилоотӣ-1 ҷойи холӣ:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

  • таҳсилоти олии касбии бойгоншинос, таърихшинос ё дигар ихтисосҳои гуманитарӣ;
  • 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои масабии мудири Шуъбаро ба танзим медароранд;
  • доштани маҳорати хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
  • доштани малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
  • донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) ва малакаи хуби кор бо компютер “Microsoft Office”, “Word”.
  • маоши мансаби 1940,60 сомонӣ.
    1. Мудири Бохши молия ва муҳосибот 1-ҷойи холи;
  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ -1 ҷойи холӣ;
  •  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё на катар аз 5 собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири Бахшро ба танзим медароранд;
  • донистани забонҳои хориҷи (русӣ ва англисӣ) ва малаки хуби кор бо компютер аз рӯйи барномаҳои “Microsoft Office”, “Word”, “Excel” ва “1 C-бухгалтерия”.
  •  маоши мансаби 1674,00 сомонӣ.
    1. Мутахассиси пешбари Шуъбаи ташкилию методӣ, ҷамъоварӣ, ташхиси арзишнокии ҳуҷҷатҳо, бойгониҳои идоравӣ ва коргузорӣ -1 ҷойи холӣ:
  • таҳсилоти олии касбии бойгоншинос, таърихшинос ё дигар ихтисосҳои гуманитарӣ;
  • 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё на камтар аз 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои масабии мутахассиси пешбари Шуъбаро ба танзим медароранд;
  • доштани маҳорати хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
  • донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) ва малакаи хуби кор бо компютер “Microsoft Office”, “Word”.
  • маоши мансаби 940,60 сомонӣ.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи Саридораи бойгонӣ шинос шаванд.

ЭЪЗОҲ: Иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи Ҷадвали ягонаи тарифӣ мегардад.

 

Барои иштирок дар озмун 

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад

 

  • ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро оадо намудаанд).

 

 Ҳуҷҷатҳо аз тарафи масъули корҳои кадрии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 21 рӯзи корӣ баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешавад.

 Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев -38/1.

 Телефонҳо 233-35-71, 233-44-32.

Почтаи электронӣ kadr@archive.tjinfo@archive.tj 

 Сомонаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

www.archive.tj 


























Обсудить

Читайте также:

Озмӯни ҷойҳои холи
10 января 2024, Среда
Озмӯни ҷойҳои холи
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо