Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Қонунгузорӣ » ҚҶТ дар бораи Бойгонии Милли » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ

10 марта 2022, Четверг
1 593
0

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар ташкил, ҳифз, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.  «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 1. Хазинаи бойгонии миллӣ
Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии осори таърихӣ ва фарҳангии ватанию ҷаҳонӣҳамчунин захираи иттилоотии ҷомеа буда, ба таркиби он, сарфи назар аз навъ, ҷойи таъсис ва шакли моликият маҷмўи ҳуҷҷатҳое дохил мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он маҳфуз мебошанд ва таърихи ҳаёти маънавию моддии халқҳоро инъикос намуда, арзиши илмӣ ва таърихию фарҳангӣ доранд. «қҷт 31.12.08 №484»
Хазинаи бойгонии миллӣ таҳти муҳофизати давлат  қарор дошта, барои  қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, илмӣ ва  эҳтиёҷоти дигари  ҷомеа, татбиқи  ҳуқуқу манфиатҳои  қонунии шаҳрвандон муқаррар гардидааст. Давлат шароит барои нигаҳдорӣ,  ҳифз,  ғанигардонӣ ва истифодабарии Хазинаи бойгонии миллиро кафолат дода,  ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи ҷаҳонӣ дар рушди кори бойгонӣ мусоидат менамояд. «қҷт 31.12.08 №484»; (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-бойгонӣ – муассисаи бойгонӣ ё воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад;
ҳуҷҷати бойгонӣ – ҳуҷҷати дорои моҳияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли маълумот, инчунин ҳуҷҷати дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, ки нигоҳдорӣ карда мешавад;
-ёдгориҳои ҳуҷҷати нодир – ҳуҷҷати нодир ё махсусан арзишдори бойгонӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурўҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ дохил карда шудааст;
-хазинаи бойгонӣ —  маҷмўи ҳуҷҷатҳои бойгонии як ташкилот ё шахси алоҳида;
-кори бойгонӣ – фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо бойгонӣ;
-нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ – нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то мўҳлати нобудкунии онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст;
-нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ – нигоҳдории бемўҳлат (доимӣ);
-молики ҳуҷҷатҳои бойгонӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд;
-муассисаҳои бойгонӣ – бойгониҳои давлатӣ, хазинаҳои бойгонии соҳавӣ, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷчатҳои бойгониро таъмин менамоянд. (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 3. Ба қайдгирии давлатии  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Ба қайдгирии давлатии  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ аз  ҷониби Мақоми ваколатдори бойгонии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он бо тартиби муқаррарнамудаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 4. Ёдгориҳои  ҳуҷҷатии нодир
Ёдгориҳои  ҳуҷҷатии нодир он санади Хазинаи бойгонии миллӣ ба  ҳисоб мераванд, ки дорои арзиши хосаи таърихию фарҳангӣ мебошанд.
Тартиби ба ёдгориҳои  ҳуҷҷатии нодир мансуб донистани  ҳуҷҷат ҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, инчунин ниго ҳдории он ҳоро  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон му қаррар менамояд.
Ёдгори ҳои  ҳуҷҷатии нодир бояд ба таври  ҳатмӣ суғурта кунонида шаванд.
Шахсоне, ки ёдгориҳои  ҳуҷҷатии нодирро нигоҳ медоранд,  ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои бойгонии давлатӣ имконияти тайёр кардан ва истифода бурдани нусхаҳои э ҳтиётии ин  ҳуҷҷат ҳоро диҳанд.
 
Моддаи 5. Ба Хазинаи бойгонии миллӣ мансуб донистани  ҳуҷҷатҳо
Ҳуҷҷат ҳои Хазинаи бойгонии миллӣ та ҳти ба ҳисобгирии  ҳатмии давлат  қарор доранд. Ворид намудани  ҳуҷҷатҳо ба Хазинаи бойгонии миллӣ ё аз он хориҷ кардани  ҳуҷатҳо дар асоси экспертизаи арзиши онҳо бо тартиби муайяннамудаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди  Ҳукумати  Ҷум ҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (қҷт. 02.08.2011 №763)
Баҳсҳои байни муассисаҳои бойгонӣ ва молики  ҳуҷҷатҳо дар бораи масъалаҳои ба Хазинаи бойгонии миллӣ ворид намудани  ҳуҷҷатҳо ё аз он хориҷ кардани  ҳуҷҷатҳо бо тартиби суди  ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 6. Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қҷт. 02.08.2011 №763)
Низоми  муассисаҳои бойгонии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд: (қҷт. 02.08.2011 №763)
Мақоми ваколатдори бойгонии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон; «қҷт 31.12.08 №484»
бойгониҳои марказии давлатӣ;
бойгониҳои соҳавии давлатӣ;
муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ;
бахшҳои бойгонии муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатӣ;
бахшҳои бойгонии мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ;
бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои  ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои  ғайридавлатӣ.
 
Моддаи 7. Мақоми ваколатдори бойгонии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақоми ваколатдори бойгонии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Мақоми ваколатдори бойгонӣ) Мақоми марказии  ҳокимияти иҷроияи давлатии махсус ваколатдоргардидаест, ки кори бойгониро дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон идора менамояд.
Ба зиммаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузорӣ ва кори бойгонӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон гузошта мешавад.
Низомномаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасди қ менамояд. (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 8. Бойгони ҳои марказии давлатӣ
Бойгониҳои марказии давлатӣ барои нигоҳдории доимии  ҳуҷҷатҳои бойгонии аҳамияти умумидавлатӣ дошта мутобиқи соҳаи худ бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Онҳо дар соҳаи кори бойгонӣ марказҳои илмию методӣ ба  ҳисоб мераванд.
Низомномаи бойгониҳои марказии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамояд. (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 9. Бойгони ҳои со ҳавии давлатӣ
Бойгониҳои соҳавии давлатӣ бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимии  ҳуҷҷатҳои геологӣ, метеорологӣ, картографӣ ва дигар навъҳои махсуси  ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки шароити хосаи нигоҳдорӣ ва истифодабариро талаб менамоянд, таъсис дода мешаванд.
Низомномаҳои бойгониҳои соҳавии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамояд. (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 10. Муассисаҳои миллии бойгонии давлат
Ба муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ шўъбаҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ки дар қаламрави дахлдор фаъолияти бойгонидориро идора менамоянд ва бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва филиалҳои онҳо, филиалҳои Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд, тааллуқ доранд. «қҷт 31.12.08 №484»
Низомномаи намунавии муассисаҳои маҳаллии бойгониҳои давлатиро Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамояд. (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 11. Бахшҳои бойгонии муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатӣ
Муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатӣ  ҳуқуқ доранд барои нигоҳдории доимии  ҳуҷҷатҳои бойгонии дар анборҳои ин муассисаҳо  ҷамъшуда шўъбаҳои дастхатҳо ва дигар бахшҳои сохторӣ таъсис диҳанд, инчунин хазина ва коллексияҳои худро бо  ҳуҷҷатҳои соҳавӣ пурра созанд.
Низомномаи бахшҳои зикргардидаи бойгониҳоро муассисаҳои илмӣ, осорхона ва китобхонаҳои давлатии дахлдор бо мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ менамоянд. (қҷт. 02.08.2011 №763)
 
Моддаи 12. Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатй барои нигохдории муваққатии  ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, истифодаи онҳо бо мақсадҳои хизматӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, инчунин барои  ҳимояи  ҳуқуқу манфиатҳои  қонунии шаҳрвандон бахшҳои бойгонӣ таъсис медиҳанд. Шахсони зикргардидаи  ҳуқуқӣ  ўҳдадоранд  ҳуҷҷатҳои  қонунгузории  ҷориро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ ба бахшҳои бойгонии худ супоранд.
Мўҳлати нигоҳдории муваққатии  ҳуҷҷатҳоро дар бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти мақомот, корхона, муассиса ё ташкилоти давлатии дахлдор муайян менамояд.
Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ  ўҳдадоранд пас аз гузаштани мўҳлати нигоҳдории соҳавии  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, аз  ҷумла аксу овоз ва синамо онҳоро барои нигоҳдории доимӣ ба муассисаҳои марказӣ, соҳавӣ ё маҳаллии бойгонии давлатӣ супоранд.
Низомномаи намунавии бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ аз  ҷониби Мақоми ваколатдори бойгонӣ тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 13. Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои  ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои  ғайридавлатӣ (қҷт. 02.08.2011 №763)
Иттиҳодияҳои  ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои  ғайридавлатӣ метавонанд барои нигоҳдории доимӣ ё муваққатии  ҳуҷҷатҳояшон бойгониҳо (бахшҳои бойгонӣ) таъсис диҳанд.
Низомномаи намунавии бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои  ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои  ғайридавлатӣ аз  ҷониби Мақоми ваколатдори бойгонӣ тартиб дода мешавад.
 
Моддаи 14. Барҳамдиҳӣ ва боздоштани фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ
Муассисаҳои бойгонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд. «қҷт 31.12.08 №484»
Фаъолияти муассисаҳои бойгоние, ки бе осеб нигоҳ доштани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро таъмин намекунанд ё талаботи бақайдгирии давлатии  ҳуҷҷатҳоро вайрон мекунанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад. «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 15.  Ҳуқуқи моликият ба  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ метавонанд моликияти давлатӣ, коллективӣ, хусусӣ ва  ғайра бошанд.  Ҳуқуқи моликият ба  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. «қҷт 31.12.08 №484»
Молик  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи  ҳамин модда соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. Молики  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ  ҳуқуқ, надорад онҳоро нобуд созад.
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, наметавонанд объекти  ғайридавлатӣ ва хусусигардонӣ, хариду фурўш ё муомилоти дигари вобаста ба додани  ҳуқуқи моликият бошанд ва танҳо барои истифода дода мешаванд.
Ҳуқуқи моликият ба  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки моликияти давлатӣ намебошанд, бо огоҳии Мақоми ваколатдори бойгонӣ ё муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он дода мешаванд. Дар сурати фурўхта шудани ин  ҳуҷҷатҳо давлат барои бо нархи фурўш харидорӣ намудани онҳо  ҳуқуқи афзалиятнок дорад. Шартҳои хариду фурўш бояд барои  ҳамаи харидорон баробар бошанд.
Ҳуҷҷатҳои бойгонии миллӣ ба хориҷиён фурўхта намешаванд.
Молики  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки ба таври зарурӣ бе осеб нигоҳ доштани онҳоро таъмин намекунад, суд метавонад бо  ҳалномаи худ ин  ҳуҷҷатҳоро бо пардохти маблағ ба фоидаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ мусодира намояд. «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 16. Таъмини беосебнигоҳдории Хазинаи бойгонии миллӣ
Моликони  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ  ўҳдадоранд бе осеб нигоҳ доштани онҳоро бо тартиби пешбининамудаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ таъмин намоянд. «қҷт 31.12.08 №484»
Ҳамаи дорандагони бойгониҳо, сарфи назар аз шакли моликият,  ҳуқуқ, надоранд  ҳуҷҷатҳоро бе мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ нобуд созанд. «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 17. Додани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ ба нигоҳдории давлатӣ
Мўҳлати ниҳоии нигоҳдории  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
Моддаи 18. Имконияти дастрас намудани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ аз лаҳзаи ворид шуданашон барои нигоҳдорӣ ба муассисаҳои бойгонӣ барои истифода дода мешаванд.
Таъсис додани бойгониҳои пинҳонӣ ё бо роҳи дигар махфӣ тайёр кардани маълумот дар бораи  ҷойҳои нигоҳдории  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки моликияти давлат мебошанд, манъ аст.
Ҳамаи шаҳрвандони  қобили амали  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ ё нусхаҳои онҳоро истифода баранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи шартҳое, ки барои шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ба истиснои  ҳолатҳое, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ истифода мебаранд. «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 19. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ дар муассисаҳои бойгонии давлатӣ
Мақоми ваколатдори бойгонӣ  ҳуқуқ дорад истифодаи  ҳуҷҷатҳои нодирро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо маҳдуд созад ва нусхаҳои ин  ҳуҷҷатҳоро барои истифода диҳад.
Ба Шахсоне, ки  ҳуҷҷати тасдиқгардидаро барои зарурати истифодаи  ҳуҷҷатҳои бойгонӣ надоранд, нусхаҳои онҳо дода мешаванд.
Ба манфиати  ҳифзи сирри давлатӣ ва сирри дигари бо  қонун  ҳифзшаванда, ки дар  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ маҳфуз мебошанд, муассисаи бойгонии давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи  қонун истифодаи ин  ҳуҷҷатҳоро маҳдуд месозад.
Иҷозати истифодаи  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки мазмуни онҳо ба  ҳуқуқу манфиатҳои  қонунии шаҳрвандон дахл дорад, бо розигии ин шаҳрвандон ё намояндагони  қонунии онҳо дода мешавад.
Дар сурати ба муассисаҳои давлатӣ додани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки пештар моликияти коллективӣ ё хусусӣ буданд, шартҳои истифодаи минбаъдаи онҳо бо моликони пештара мувофиқа кунонида мешаванд. Тартиби зикргардида метавонад  ҳамчун дар  ҳолатҳои ба нигоҳдории давлатӣ додани  ҳуҷҷатҳо бидуни тағйир додани  ҳуқуқи моликият ба онҳо муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 20. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани  ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонии миллӣ дар бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои  ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои  ғайридавлатӣ
Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои  ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои  ғайридавлатӣ  ҳуқуқ доранд имконияти дастрас намудани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо ва  ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои моликони  ҳуҷҷатҳо ё дигар шахсони манфиатдор ба  ғайр аз  ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо огоҳонии Мақоми ваколатдори бойгонӣ маҳдуд созанд. «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 21. Тартиби истифодаи  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ
Тартиби истифодаи  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки таҳти нигоҳдории давлат  қарор доранд, аз  ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Тартиби истифодаи  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ, ки дар бойгониҳои ғайридавлатӣ ва идоравӣ маҳфуз мебошанд, аз  ҷониби моликони  ҳуҷҷатҳо бо мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгонӣ муайян карда мешавад. «қҷт 31.12.08 №484»
 
Моддаи 22. Ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ                      
Ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 221. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Мақомоти ваколатдор, муассисаҳои бойгонӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомот ва муассисаҳои бойгонии хориҷӣ метавонанд ҳамкориҳои байналмилалиро ба роҳ монанд, агар ин ҳамкориҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд. «қҷт 31.12.08 №484»
 
 Моддаи 23. Маблағгузорӣ ва таъмнноти моддию техникии муассисаҳои бойгонӣ                                                      
Маблағгузории муассисаҳои давлатии бойгонӣ аз  ҳисоби буҷети дахлдор ва воситаҳои худӣ, муассисаҳои бойгонии дигар бошад — аз  ҳисоби маблағҳои муассисони онҳо сурат мегирад.
Таъминоти моддию техникии муассисаҳои бойгонӣ ба зиммаи моликони онҳо гузошта мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ўҳдадоранд муассисаҳои бойгониеро, ки  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро нигоҳ медоранд, бо иморат, таҷҳизоти техникӣ ва захираҳои моддии дахлдор таъмин созанд. «қҷт 31.12.08 №484»
Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ  ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои умумӣ  ўҳдадоранд барои нигоҳдории  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ иншооти ба талаботи бе осеб нигоҳ доштани  ҳуҷҷатҳо мувофиқбударо пешбинӣ намоянд.
 
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «қҷт 31.12.08 №484»
        Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе 13 ноябри соли 1998
№704

Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо