Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Асосӣ » ТО ЗАБОН ДОРАД, ВАТАНДОР АСТ Ӯ...

ТО ЗАБОН ДОРАД, ВАТАНДОР АСТ Ӯ...

03 октября 2022, Понедельник
866
0

ТО ЗАБОН ДОРАД, ВАТАНДОР АСТ Ӯ...

«Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад»

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон


        Забон яке аз унсур
ҳои асосии мавҷудияти ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравадҲар як халқу миллатеки аз забони модарии худ маҳрум гаштаастдер ё зуд завол меёбад. Забони тоҷикӣ яке аз шевотарин ва ширинтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта имрӯз истифодабарандагони забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ дар рӯйи замин аз як миллярд зиёд гаштааст. Он яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба ҳисоб рафта се марҳилаи инкишоф ва ташаккулро паси сар намудааст:

Марҳилаи якум ба замони бостон рост меоядки осори боқимондаи замони Ҳахоманишиён ба ин давра шомиланд.

Марҳилаи дуюм ба замони ҳукмронии Сосониён рост меоядки осори боқимондаи ин давраро фаро мегирад.

Ниҳоят марҳилаи сеюм аз замони футуҳоти арабҳо то замони имрӯз мебошад, ки ин давра бахши муҳимми адабиёти тоҷикии форсиро дар бар гирифтааст. Шоира Гулрухсор Сафиева беҳуда нагуфтаастки:

Бо шеваи ошиқон сухан мегӯям,

Бо лаҳҷаи орифон сухан мегӯям.

Аз он ки ба форсӣ сухан мегӯям,

Бо лаҳни фариштагон сухан мегӯям.

Олимон исбот намудаанд, ки бештари калимаву таркибҳои фонди забони тоҷикиро калимаву ибораҳои хосси услуби баланд ташкил медиҳанд ва онҳо фораму дилнишин мебошанд.

Забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ марҳилаҳои зиёдеро паси сар намуда ҳамчун забони шефтаи Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Ҳофизу Мавлоно дар ҳама давраҳо худро ҳифз карда тавонистааст. Дар марҳилаҳои гуногунӣ таърихӣ, ба ҳама тохтутозҳои мақдуниҳо, арабу турку муғул нигоҳ накарда, забони тоҷикӣ ҳамеша дар ҷараёну инкишоф қарор доштааст. Ҳатто ғосибоне, ки худро молики ин мулку сарзамин меҳисобиданд, онро ҳамчун забони давлатӣ ва идорӣ-коргузорӣ ва забони илму адаб қабул намудаанд.

То ин муддат маҳз забони ноби тоҷикӣ миллати тоҷикро аз ҳамаи шебу фарозҳои сиёсии давраҳои гуногуни таърихӣ наҷот додааст ва пояндагии миллати моро нигоҳ доштааст.

Шоир Бозор Собир чунин гуфтааст, ки:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Имрӯз, ки аз таъсири ҷаҳонишавӣ фарҳангҳо, маданиятҳо ва урфу одатҳои халқҳои гуногун несту нобуд шуда истодаанд, маҳз забони тоҷикӣ ва адабиёти бою пурғановат ва оламгири он дар оянда ҳамчун наҷотдиҳандаи фарҳангу маданияти тоҷикзабонҳо хидмат карда метавонад.

Мо ҳамчун барандагони ин забон бояд кӯшиш намоем, то онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. 

Моҳираи Маматхон – корманди шуъбаи иттилооти бойгонии маркази давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

















Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо