Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Асосӣ » АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14 ноября 2022, Понедельник
1 127
0

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик нақши басо муҳим дошта, ҳанӯз аз оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои таҳким бахшидани сулҳу суботи сартосарӣ хизмат намудааст.

Пешвои миллат дар соли 2012-ум перомуни ин Иҷлосияи тақдирсоз чунин ишора кардаанд, ки: “Маҳз қарорҳои тақдирсози иҷлосияи мазкур барои миллати азияткашидаи мо фазои расидан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу суботро фароҳам оварданд”.

Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи 16 ноябри соли 1992 ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаандБояд қайд намудки санаи 16-ум санаи муайянкунандаи тақдири минбаъдаи миллату давлати тоҷик буд.

Аз ин рӯ, 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул намудандки дар асоси он ҳамасола санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.

Дар воқеъ нақши ин иҷлосияи тақдирсоз бо мурури замон сол то сол боло рафта истодааст. Ин Иҷлосия иҷлосияе буд, ки ҳанӯз дар оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳи минбаъдаи сарнавишти миллатро таъйин намуд. Нақши он дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти сартосарии кишварамон беандоза калон мебошад. Маҳз дар заминаи ҳамин Иҷлосия сохти нави давлатдории муосири тоҷикон ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёддунявӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омад, ки дар моддаи якуми Конститутсия барои ҳамеша сабт гашт

Ин иҷлосияи тақдирсоз аҳамияти калони таърихӣ дошта, дар он пояҳои устувори давлатдории тоҷикон гузошта шуд. Ин Иҷлосия дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи навро боз намуд.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, дар саҳифаҳои нотакрори таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Шоири зиндаёд Бозор Собир аз матонату ҷасорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихор ва сарбаландӣ мегӯяд:

Курсиат аз партаи мактаб,

Минбарат аз дарзаи деҳқон.

Пойандозат ба маҳфилҳо

Ҳар қадам аз пардаи дилҳо.

 

Пешвои миллати Зардушт,

Мешвои миллати Маздак,

Пешвои миллати Айнӣ,

Пешвои миллати Восеъ,

Ҷонишини Оли Сомон,

Қаҳрамони Тоҷикистон.

 

Аз дами оташ гузаштӣ,

Чун Сиёвуш,

Кардӣ оташро ту хомӯш.

Аз сари сарҳад гирифтӣ

Ҳар фирориро дар оғӯш,

Ҷангро кардӣ фаромӯш...

 

Адусар ҳайкалтарошон

Ҳайкалатро метарошанд,

Ҳайкалатро мегузоранд,

Бо қарори «Қасри Ваҳдат»,

Ҳайкали волои барқад,

Сангари сангини Истиқлол,

Чун падарсолори миллат.

30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба якояки шумо муборакбод намуда, бароятон хонаи обод, осудагӣ, сиҳатмандӣ ва хотири ҷамъро таманно менамоям.
















Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо