Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Бойгонии давлатии таърихи навтарини ҶТ » Маълумотнома » Маълумотномаи Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумотномаи Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон

01 февраля 2023, Среда
1 436
0


 

        Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2015 таҳти рақами  531- 17 дар заминаи Бойгонии собиқ Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти  ҶШС Тоҷикистон  таъсис дода шуда, дар фаъолияти худ ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. 

       Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кори бойгонӣ, фармонҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дастури амал қарор медиҳад. Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои моликият, муҳр ва бланк бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ мебошад. Номи расмӣ «Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. 

 

Фаъолияти Бойгонии давлатии таърихи навтарини                                   Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

      Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ташкил карда шудааст:

ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ:

- амалигардонии баҳисобгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ

- сохтан ва мукаммал кардани дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ ва маҳзанҳои маълумотҳо дар бораи ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгонӣ:

- иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ҷамъиятӣ дар бораи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ

- истифода ва нашри ҳуҷҷатҳои бойгонӣ-ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои бойгоншиносӣҳуҷҷатшиносӣ ва археография, ҷорӣ кардани технология ва малакаҳои пешқадам дар кори бойгонӣ.

         Барои расидан ба ин мақсадҳо Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро амалӣ менамояд; нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои дар бойгон маҳфуз бударо таъмин месозад; маҷмуи чорабиниҳоро оид ба беҳдошти ҳолати ҳуҷҷатҳо мегузаронад, онҳоро таъмир мекунад, пеши роҳи вайроншавӣ ё нестшавиашонро мегирад. Ҳуҷҷатҳои қимматноки хазинаҳоро зоҳир карда ба ҳисоб мегирад ва ба онҳо нусхаҳои эҳтиётӣ тайёр мекунад. Ташхиси илмӣ, таърихӣ ва таҷрибавии ҳуҷҷатҳои хазинаҳои бойгониро мегузаронад. Қоидаҳои бо усулҳои замонавӣ нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳуҷҷатҳоро омўхта, дар фаъолияти кории худ амалӣ месозад.

 

Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кўчаи Н. Қарабоев 54, н. Фирдавсӣ,  шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. 

 

Бойгонии мазкур бо мақсади нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои арзишноку нодири мақомотҳои олии ҳизбӣ,  бунёд карда шудааст.

        Бинои бойгонӣ аз ду ошёна ва чор маҳфузгоҳ иборат мебошад.

Дар маҳфузгоҳҳои Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон 24563- хазина мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 7459470 парванда нигоҳдорӣ карда мешавад. Дар ин маҳфузгоҳҳо парвандаҳо аз солҳои 1898 мавҷуд буда, оиди Аморати Бухоро, Шўриши шаҳрвандони Бекигарии Деҳнаву Андиҷон, оиди босмачиҳо, репрессияи шаҳрвандон, бадарѓаи Татарҳои Крим дар соли 1941ва эвакуасияи шаҳрвандон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумот медиҳанд.

         Дар сохтори бойгонии мазкур 7- нафар корманд ва як шуъба-шуъбаи Таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо фаъолият менамояд. Шуъба бо мақсади нигоҳдории ҳуҷҷатҳои дар маҳфузгоҳҳо мавҷудбуда ташкил карда шуда, дар он 4 нафар кормадон кору фаъолият доранд. 

 1. Мудири шуъба 

 2. Сарбойгоншинос

 3. Бойгоншиноси пешбар

 4. Бойгоншинос 

 

        Дар умум дар сохтори бойгонӣ 8 нафар корманд мебошад.

 1. Роҳбар

 2. Мудири Хоҷагӣ

 3. Фаррош 

 4.Посбон


















Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо