Подробнее о погоде в Душанбе на 30 дней
world-weather.ru

Тамос:
233-95-71
info@archive.tj
Саридораи бойгони » Асосӣ » ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 января 2024, Вторник
481
0

Санаи 23-уми январи соли 2024  вохӯри бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои давлатӣ баргузор гардид.

   Дар вохӯрии мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни баромади хеш дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) » ва тартиби ташкили ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳамзамон оид ба омилҳои пайдоиш ва хавфи коррупсия ибрози назар намуд. Зимни баромади худ Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ аз ҷумла қайд кард, ки Қайд карда шуд, ки коррупсия падидаи номатлуб ба ҳисоб рафта, он монеаи рушду пешрафти ҷомеа мегардад ва аз ин рӯ, мубориза бар ин падидаи номатлуб кори дастаҷамъонаро талаб менамояд. Маҳз бо кӯшиш ва талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеа метавонад ин падидаи номатлубро метавон аз байн бурд.  

Дар ҷараёни вохурӣ, пас аз баромади  Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ аз ҷониби кормандони Саридораи бойгонӣ саволҳо дода шуда, ба онҳо посуҳҳои мушаххас гирифта шуд.

 

Обсудить
Добавить комментарий
Комментарии (0)
Ҳамкориҳо